меню

2 Нома ба Қӯринтиён 2 Боб


1 Ман қарор додам, ки агар омаданам сабаби ранҷишу андӯҳи шумо шавад, дигар ба пешатон наоям.

2 Чунки агар шуморо ранҷонам, ғайр аз шумо, дигар кӣ маро хурсанд мекунад?

3 Барои ҳамин он мактубро навиштам, то ки вақти омадан касоне, ки бояд маро шод кунанд, сабаби ғамгин гаштани ман нашаванд. Зеро аниқ медонам, ки хурсандии ман ҳамаи шуморо шод месозад.

4 Ман он мактубро бо андӯҳи бузургу гиряи бисёр ва дили дардманд навишта будам. Ман намехостам шуморо ғамгин кунам, балки хостам донед, ки чӣ қадар шуморо дӯст медорам.

5 Дар бораи он бародар аз байнатон, ки пештар маро ранҷонида буд, инро мегӯям: ӯ на фақат маро, балки қисман (намехоҳам воҳима кунам) ҳамаи шуморо низ ранҷонидааст.

6 Бисёре аз шумо аллакай ӯро ҷазо додед ва ин барои ӯ басанда аст.

7 Акнун вақти он расидааст, ки ӯро бахшед ва дилбардорӣ кунед, то ки ӯ аз ғаму ғуссаи аз ҳад зиёд аз по наафтад.

8 Бинобар ин ман аз шумо илтимос мекунам, ки муҳаббати худро ба ӯ нишон диҳед.

9 Инчунин ба воситаи он мактуб санҷидан мехостам, ки оё шумо ба фармонҳои ман пурра итоат мекунед ё не.

10 Агар шумо касеро бахшед, ман низ ӯро мебахшам. Касеро, ки бахшидаам (агар дар асл бахшидан лозим бошад), ба хотири шумо дар ҳузури Масеҳ бахшидаам,

11 то ки шайтон моро фирефта накунад, зеро мо аз нақшаҳои ӯ бохабарем.

12 Вақте ки ман барои эълон кардани хушхабари Масеҳ ба шаҳри Трӯос омадам, пай бурдам, ки барои дар он ҷо хизмат карданам Худованд тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

13 Аммо азбаски дар он ҷо бародарам Титусро наёфтам, парешон шудам. Сипас ман бо имондорони он ҷо хайрухуш карда, барои ҷустуҷӯи ӯ ба вилояти Мақдуния омадам.

14 Ман Худоро шукр мегӯям, ки Ӯ моро дар ягонагӣ бо Масеҳ дар қатори ғолибшудагон қарор дода, ҳидоят мекунад. Ӯ ба воситаи мо донишеро, ки дар бораи Масеҳ аст, дар ҳама ҷо мисли бӯйи хуше паҳн мекунад.

15 Зеро мо ба мисли бӯйи хуш ҳастем, ки Масеҳ онро ба Худо тақдим мекунад ва он ҳам дар байни онҳое, ки наҷот меёбанд ва ҳам дар байни онҳое, ки ҳалок мешаванд, паҳн мешавад.

16 Барои онҳое, ки дар роҳи ҳалокат ҳастанд, мо бӯйи бади марг ҳастем ва барои онҳое, ки дар роҳи наҷот ҳастанд, мо бӯйи ҳаётбахш ҳастем. Ҳеҷ кас аз пеши худаш гуфта наметавонад, ки қобилияти расондани чунин паёмро дорад.

17 Бисёриҳо паёми Худоро барои фоидаи шахсии худ эълон мекунанд, лекин мо чунин нестем. Баръакс ҳамчун хизматгорони Масеҳ мо медонем, ки Худо ба мо нигоҳ карда истодааст. Аз ин рӯ паёми Худоро аз самими дил эълон мекунем, зеро Худо моро барои ин кор фиристодааст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13