1 Бинобар ин, азбаски Худо аз рӯйи раҳму шафқаташ ба мо чунин хизматро додааст, мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем.
2 Мо ҳама амалҳои пинҳони шармоварро рад мекунем. Мо касеро фиреб намедиҳем ё паёми Худоро нодуруст маънидод намекунем. Баръакс, дар ҳузури Худо ҳақиқатро ошкоро мегӯем ва ҳамин тавр одамони боваринок буданамонро ба ҳама нишон медиҳем.
3 Ҳатто агар хушхабаре, ки мо эълон мекунем, барои ягон кас пинҳон бошад, он фақат барои ҳалокшавандагон пинҳон аст.
4 Шайтон, ки худои ин ҷаҳон аст, зеҳни беимононро тира кардааст. Бинобар ин зеҳни онҳо бо нури хушхабар дар бораи Исои Масеҳи пурнур, ки аз ҳар ҷиҳат мисли Худост, равшан намешавад.
5 Мо на худро, балки Исои Масеҳро эълон мекунем, ки Ӯ Худованд аст ва мо ба хотири Исо ба шумо хизмат мекунем.
6 Зеро Худое, ки дар вақти офаридани дунё дар торикӣ «Рӯшноӣ шавад», гуфтааст, бо нураш фикрҳои моро низ равшан кардааст, то ки мо шукӯҳу бузургии Ӯро, ки дар рӯйи Исои Масеҳ аст, бифаҳмем.
7 Мо ки фақат ба монанди кӯзаҳои лойин ҳастем, ин дониши илоҳиро ҳамчун ганҷ дар худ нигоҳ медорем. Аз ин маълум мешавад, ки қуввати бузург на аз тарафи мо, балки аз тарафи Худо меояд.
8 Ба мо аз ҳар тараф фишор меоранд, лекин мо мағлуб нашудаем. Илоҷе надорем, лекин рӯҳафтода ҳам намешавем.
9 Моро дунболагирӣ мекунанд, лекин Худо моро тарк намекунад. Моро аз пой афтондаанд, лекин нобуд нашудаем.
10 Мо ҳамеша дар баданамон марги Исоро бардошта мегардем, то ки ҳаёти Ӯ дар баданамон низ зоҳир шавад.
11 Мо зиндагон ҳамеша ба хотири Исои Масеҳ зери хатари марг ҳастем, то ки зинда будани Исо дар бадани мирандаи мо маълум гардад.
12 Аз ин рӯ, мо бо маргу азоб рӯ ба рӯ мешавем, то ки шумо ҳаёт ёбед.
13 Дар навиштаҷот омадааст: «Азбаски имон доштам, сухан гуфтам». Азбаски мо ҳам ҳамин гуна имон дорем, мо низ паёми Худоро нақл кардан мегирем.
14 Зеро медонем ҳамон Худое, ки Худованд Исоро зинда кард, моро низ ҳамроҳи Исо зинда намуда, бо шумо ба ҳузураш мебарад.
15 Ҳамаи ин барои манфиати шумо аст, то ки файзу меҳрубонии Худо барои одамон бештару бештар гардад ва барои шукӯҳу бузургии Худо шукргузорӣ низ зиёд шавад.
16 Барои ҳамин мо ҳаргиз рӯҳафтода намешавем. Ҳарчанд намуди зоҳирии мо, яъне баданҳоямон фарсуда шудан гирад ҳам, олами дарунии мо рӯз ба рӯз нав мешавад.
17 Зеро ранҷу азоби ҳозираи мо ночиз ва зудгузар аст. Аммо он барои мо чунон шукӯҳу бузургие меорад, ки аз ранҷу азоб беҳад бузургтар аст ва абадӣ мемонад.
18 Мо на ба чизҳое, ки мебинем, балки ба чизҳое, ки намебинем, чашм дӯхтаем. Зеро чизҳои заминӣ, ки дида мешаванд, муваққатӣ ҳастанд, вале чизҳои осмонӣ, ки дида намешаванд, абадианд.