2 Нома ба Қӯринтиён 8 Боб
1 Бародарону хоҳарони азиз, мехоҳем, аз файзу меҳрубоние, ки Худо ба ҷамоатҳои вилояти Мақдуния додааст, огоҳ шавед.
2 Дар вақти азобҳои зиёд шодию хурсандӣ ва камбағалии сахт онҳоро дасткушод карда буд.
3 Ман шаҳодат медиҳам, ки онҳо на танҳо аз рӯйи имконияташон, балки зиёдтар аз он, ихтиёран пул ҷамъ карда доданд.
4 Онҳо моро сахт илтиҷо намуданд, ки дар чунин хизмати боифтихор, яъне кумак расондан ба имондорони шаҳри Уршалим саҳмгузор бошанд.
5 Коре, ки онҳо карданд, аз он чи ки мо интизор будем, бештар буд. Онҳо аввал худро ба хизмати Худованд бахшида, сипас аз рӯйи хоҳиши Худо худро ба ихтиёри мо гузоштанд.
6 Аз ин рӯ, мо аз Титус хоҳиш намудем, ки кори хайри дар байни шумо сар кардаашро ба охир расонад.
7 Азбаски аз ҳама чиз, яъне имон, сухандонӣ, дониш ва ғайрат сарватманд ҳастед ва мо низ нисбат ба шумо муҳаббати зиёд дорем, дар ин кори хайр низ дасткушод бошед.
8 Ман ба шумо фармон намедиҳам, ки кумакпулӣ диҳед. Имондорони ҷамоатҳои дигар мехоҳанд ҳадя кунанд ва ман мехоҳам санҷам, ки муҳаббати шумо ҳам нисбати имондорони Яҳудия самимӣ ҳаст ё не.
9 Шумо файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳро медонед. Ӯ сарватманд буд, лекин ба хотири шумо камбағал шуд, то ки бо камбағалиаш шуморо сарватманд гардонад.
10 Маслиҳати ман ба шумо ин аст, ки агар кори хайреро, ки соли гузашта сар карда будед, ба анҷом расонед, бароятон хуб мешавад. Соли гузашта шумо аввалин касоне будед, ки ба кори хайр даст задед ва ҳатто кори хайр карданро орзу кардед.
11 Он кореро, ки аз аввал бо ғайрати калон сар карда будед, акнун мувофиқи имкониятҳоятон ба анҷом расонед.
12 Агар кумак кардан хоҳед, Худо онро аз рӯйи имкониятатон қабул мекунад ва на аз рӯйи он чи ки надоред.
13 Ман намехоҳам, ки кумаки шумо ба дигарон осон ва барои худатон гарон афтад. Ман фақат мехоҳам, ки баробарӣ бошад.
14 Шумо ҳозир метавонед, аз сарвати худ ба шахсони муҳтоҷ ёрӣ расонед. Дертар, ҳангоме ки онҳо доро мешаванд, дар муҳтоҷиатон ба шумо онҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳамин тавр баробарӣ ба миён меояд.
15 Охир дар навиштаҷот омадааст: «Касе ки бисёр чида буд, зиёдатӣ надошт ва касе ки кам чида буд, камӣ надошт».
16 Шукри Худо дилсӯзие, ки ман нисбати шумо дорам, ба Титус ҳам дода шудааст.
17 Ӯ на танҳо дархости моро барои омадан қабул кард, балки хеле боғайратона, ихтиёрӣ боз ба назди шумо омадан мехост.
18 Ҳамроҳи Титус бародареро мефиристем, ки барои эълон кардани хушхабар дар ҳамаи ҷамоатҳои имондорон сазовори таъриф гардидааст.
19 Инчунин, он бародарро ҷамоатҳо таъйин намуданд, ки ба мо дар ин кори хайр ҳамсафар бошад. Мо ин корро барои бузургии Худованд ва барои нишон додани некхоҳиамон анҷом медиҳем.
20 Мо ин тавр кардем, то касе моро дар нодуруст истифода бурдани ҳадяҳое, ки саховатмандона дода шудаанд, айбдор накунад.
21 Мо кӯшиш мекунем, ки на танҳо дар назари Худованд, балки дар назари одамон низ ростқавл бошем.
22 Инчунин, ҳамроҳи онҳо боз як бародарро низ мефиристем, ки кӯшишу ғайрати ӯро чандин маротиба дар бисёр чизҳо санҷидаем. Азбаски ба шумо боварии зиёд дорад, кӯшишу ғайрати ӯ зиёдтар шудааст.
23 Рафиқам Титус бошад, бо ман барои манфиати шумо кор мекунад. Бародарони дигари мо намояндагони ҷамоатҳо ҳастанд, ки одамон Масеҳро барои кори онҳо ситоиш мекунанд.
24 Барои ҳамин ба онҳо меҳру муҳаббати худ ва сабаби аз шумо фахр карданамонро нишон диҳед, то ки ҷамоатҳои имондорон инро дида тавонанд.