2 Нома ба Қӯринтиён 11 Боб
1 Бояд монанди каси аблаҳ худро каме таъриф кунам. Илтимос, инро тоқат кунед.
2 Ман ба мисли Худо барои шумо кӯшишу ғайрат мекунам, чунки шуморо ба никоҳи як мард, яъне ба никоҳи Масеҳ даровардам, то ки ба Ӯ духтари покдоманро тақдим намоям.
3 Лекин метарсам, он чунон ки мор бо макраш Ҳаворо фирефта карда буд, муаллимони дурӯғин шуморо низ ҳамон тавр фирефта карда, фикрҳоятонро вайрон месозанд, то аз дилбастагии поку самимие, ки ба Масеҳ доред, рӯ гардонед.
4 Шумо одамонеро, ки шуморо фиреб медиҳанд, хуб қабул мекунед. Шумо Исои Масеҳи эълонкардаамонро қабул кардаед, лекин онҳо Исои дигарро эълон мекунанд, шумо Рӯҳи Худоро қабул кардаед лекин онҳо рӯҳи дигареро эълон мекунанд. Шумо хушхабарро қабул кардаед лекин онҳо хушхабари дигарро эълон мекунанд.
5 Гумон намекунам, ки ман аз он муаллимоне, ки худро «фиристодагони олӣ» мегиранд, камтар бошам.
6 Шояд ман сухандони хуб набошам, лекин дар бораи чӣ гап заданамро медонам. Ин аллакай ба шумо, бо ҳар роҳе ки бошад, маълум гаштааст.
7 Ман худро хоксор гирифта ба шумо бе ҳаққи хизмат хушхабари Худоро эълон намудам, то ки шумо сарафроз гардед. Магар ин гуноҳ буд?
8 Ман аз дигар ҷамоатҳои имондорон кӯмакпулӣ гирифтам, яъне сабаби харҷи онҳо шудам, то ки ба шумо бемузд хизмат карда тавонам.
9 Ҳатто, вақте ки ман ҳамроҳи шумо будаму барои зиндагиам маблағи кофӣ надоштам, ба гардани шумо бор нашудам. Бародароне, ки аз вилояти Мақдуния омаданд, эҳтиёҷоти маро пурра таъмин намуданд. Ман ба гардани шумо аз ҳеҷ ҷиҳат бор нашудаму дар оянда низ намешавам.
10 Ман фахр мекунам, ки бе музди меҳнат кор мекунам ва чун ростии Масеҳ дар вуҷуди ман аст, ман ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ кас дар тамоми ноҳияҳои Охоия ин фахри маро кашида гирифта наметавонад.
11 Барои чӣ ман аз шумо ёрии моддӣ талаб намекардам?! Барои он ки шуморо дӯст намедорам? Не, Худо медонад, ки ман шуморо дӯст медорам!
12 Ман кори худро давом додан мегирам, то онҳое, ки гӯё ба мисли мо кор мекунанд, фахр карда натавонанд.
13 Онҳо фиристодагони бардурӯғ ва коргарони фиребгаранд, ки худро фиристодагони Масеҳ вонамуд мекунанд.
14 Ҷойи тааҷҷуб нест, чунки шайтон ҳам худро фариштаи нур вонамуд мекунад.
15 Пас агар хизматгорони шайтон низ шакли хизматгорони росткориро ба худ гиранд, ҷойи тааҷҷуб нест! Лекин дар охир онҳо мувофиқи корҳояшон ҷазо мегиранд.
16 Боз мегӯям, фикр накунед, ки ман аблаҳ ҳастам. Лекин агар дар бораи ман чунин фикр кунед, пас маро мисли аблаҳ қабул кунед, то ки андаке манманӣ кунам.
17 Чунин худситоӣ албатта аз ҷониби Худованд нест. Лекин дар ин масъалаи манманӣ кардан ман ба мисли аблаҳ сухан мегӯям.
18 Чӣ хеле ки бисёр касон ба таври дунявӣ аз корҳои худ фахр мекунанд, ман ҳам андаке фахр мекунам.
19 Охир шумо ки худатонро ин қадар доно мегиред, беақлонро бо ҷону дил тоқат мекунед-ку!
20 Ҳангоме ки ба шумо фармонравоӣ мекунанд, сӯиистифода мебаранд, ҷабр мекунанд, худро аз шумо калон мегиранд ва ба рӯятон торсакӣ мезананд, шумо тоқат мекунед!
21 Э, сад афсӯс, ки мо чунон нотавон будем, ки қуввати мо барои ин корҳо нарасид. Агар касе ҷуръат кунад, ки бо чизе манманӣ кунад, боз ҳам аблаҳона сухан мегӯям, ки ман низ аз ӯ камтар нестам.
22 Онҳо худро ибрӣ меноманд? Ман ҳам ибриам. Онҳо худро исроилӣ меноманд? Ман ҳам исроилиам. Онҳо худро аз насли Иброҳим меноманд? Ман низ аз насли Иброҳим ҳастам!
23 Онҳо даъво мекунанд, ки хизматгорони Масеҳ ҳастанд? Шояд ин суханони ман ба мисли суханони одами девона садо диҳанд, лекин бештар ман ба Ӯ хизмат кардаам! Ман бештар меҳнат кардаам, бисёр вақт дар зиндонҳо будам, беҳисоб шаллоқ хӯрда, бо марг бисёр рӯ ба рӯ шудаам.
24 Панҷ бор сиюнуҳтогӣ аз яҳудиён тозиёна хӯрдам.
25 Се маротиба румиён маро калтаккорӣ карданд ва як маротиба гурӯҳи калони одамон маро сангсор намуданд. Се маротиба киштиам ба шикаст дучор шуд ва ман як шабонарӯзро дар баҳр гузаронидам.
26 Ман бисёр сафарҳо карда, ба хатари дарёҳо ва роҳзанон дучор шудам. Аз ҷониби ҳамватанони худам ва ғайрияҳудиён низ ба хатар рӯ ба рӯ шудам. Дар шаҳрҳо, дар биёбонҳо ва баҳрҳо ба хатар дучор гардидам. Инчунин аз дасти имондорони дурӯғин ба хатар рӯ ба рӯ шудам.
27 Меҳнату заҳмат, бисёр шабҳои бедорӣ, гушнагию ташнагӣ, нимгуруснагӣ ва аз бараҳнагӣ азоби хунукиро аз сар гузарондам.
28 Ғайр аз ҳамаи ин ва чизҳои дигар, ғамхории тамоми ҷамоатҳои имондорон мисли борест, ки шабу рӯз бар дӯши ман аст.
29 Агар касе беҳол шавад, магар ман беҳол намешавам? Агар касе шуморо ба гуноҳ тела диҳад, магар ман намесӯзам?
30 Агар фахр кардан лозим бошад, пас ман бо нотавон буданам фахр мекунам.
31 Худо ки Падари Худованди мо Исои Масеҳ асту то абад сазовори ситоиш аст, медонад, ки ман дурӯғ намегӯям.
32 Ҳангоми дар шаҳри Димишқ буданам волии шоҳ Ҳорис барои дастгир кардани ман дар назди дарвозаҳои шаҳр посбононро гузошта буд. Лекин маро ба воситаи сӯрохии девори шаҳр бо сабад ба поён фароварданд ва ҳамин тавр ман аз ӯ халос шудам.