1 Дар бораи хизмате, ки барои кӯмак расондан ба халқи Худо аст, ба шумо навиштанам зарур нест.
2 Ман кӯшишу ғайрататонро медонам ва аз шумо дар назди имондорони вилояти Мақдуния ифтихор мекунам, ки ҳанӯз як сол пеш шумо дар вилояти Охоия барои ёрӣ додан тайёр будед. Ин кӯшишу ғайрати шумо бисёриҳоро ба ёрӣ расондан шавқманд кардааст.
3 Ҳоло бошад азбаски ман ба бародарон гуфта будам, ки шумо ҳадяи худро тайёр кардаед, онҳоро ба пешатон мефиристам. Онҳо рафта мебинанд, ки суханони таърифие, ки дар бораатон гуфта будам рост будааст.
4 Агар имондорони Мақдуния ҳамроҳи ман омада бинанд, ки баъд аз он ҳама таъриф ҳадяҳои шумо ҳанӯз тайёр нест, он гоҳ ҳам мо шарманда мешавем, ҳам шумо!
5 Барои ҳамин лозим донистам, аз бародарон илтимос кунам, то ки онҳо пеш аз ман ба назди шумо рафта, он ҳадяҳое, ки ваъда карда будед, пешакӣ тайёр кунанд, то ки он на маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.
6 Хуллас, касе ки хасисона мекорад, кам дарав мекунад ва касе ки саховатмандона мекорад, фаровон дарав мекунад.
7 Ҳар кас бояд дар дилаш ба қароре ояд, ки чӣ қадар медиҳад ва на бо дили нохоҳам ва на ба таври маҷбурӣ. Зеро Худо онҳоеро, ки бо хурсандӣ хайр мекунанд, дӯст медорад.
8 Худо метавонад бо ҳар гуна баракат шуморо сарватманд гардонад, то ки ҳама вақт ҳама муҳтоҷиҳои худро бартараф намоед ва ба дигарон низ ба таври фаровон хайр кунед.
9 Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд: «Ӯ бо саховатмандӣ ба камбағалон додааст. Росткории Ӯ то абад пойдор мемонад».
10 Худо ки барои коранда тухмӣ ва барои хӯрдан нон медиҳад, ба кишти шумо афзунӣ мебахшад ва самараи корҳои некатонро зиёд мегардонад.
11 Ӯ шуморо ба ҳар восита баракат медиҳад, то ки аз ҳар ҷиҳат дасткушод бошед. Ҳангоме ки мо ҳадяҳои шуморо ба шахсони эҳтиёҷманд мерасонем, онҳо ба Худо шукр мегӯянд.
12 Зеро бо ин ҳадяҳо на фақат муҳтоҷиҳои халқи Худо бартараф мешавад, балки инчунин ба Худо шукргузории зиёд рафта мерасад.
13 Барои ин хизмати шумо шахсони эҳтиёҷманд ва ҳама Худоро ситоиш мекунанд, чунки он имони шуморо исбот мекунад. Шумо ба хушхабари Масеҳ итоат мекунед ва ба халқи Худо саховатмандона хайр менамоед.
14 Имондорони Уршалим ба хотири файзу меҳрубонии беандозае, ки Худо ба шумо додааст, бо муҳаббати зиёд барои шумо дуо мекунанд.
15 Биёед, Худоро барои ин туҳфааш, ки онро бо сухан ифода карда намешавад, шукр гӯем!