меню

2 Нома ба Қӯринтиён 12 Боб

гузариш зуд:

1 Ҳарчанд фахр кардан фоида надорад, лекин бояд фахр кунам. Ман ҳозир дар бораи чизҳое, ки Худованд ошкору аён намудааст, нақл мекунам.

2 Ман марди масеҳиеро мешиносам, ки чордаҳ сол пеш ба арши аъло рабуда шуду баргашт. Ҷисман буд ё рӯҳан, ман намедонам, Худо медонад.

3 Ман ин шахсро мешиносам (фақат ҷисман буд ё рӯҳан, ман намедонам, Худо медонад),

4 ки ӯ ногаҳон гирифта, ба биҳишт бурда шуд. Дар он ҷо ӯ чизҳое шунид, ки ба сухан ифода карда намешавад ва ба одамизод нақл кардани он ҳам мумкин нест.

5 Бо чунин шахс фахр мекунам, вале аз худам фахр намекунам, танҳо чизе, ки бо он фахр мекунам, нотавониҳоям аст.

6 Агар ман фахр кардан хоҳам, ба назар аблаҳ наметобам, чунки ҳақиқатро мегӯям. Лекин ман фахр намекунам. Зеро намехоҳам, ки одамон аз он чизе, ки дар ман мебинанду мешунаванд, зиёдтар дар бораам гумон кунанд.

7 Худо ба ман он қадар чизҳои аҷоибро кушод, ки барои аз худ нарафтанам Ӯ бар ман неши дардовар дод. Худо иҷозат дод, ки ин неш ҳамчун фиристодаи шайтон маро азоб диҳад, то ки ман худамро баланд нагирам.

8 Се маротиба ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки онро аз ман дур кунад.

9 Лекин Ӯ гуфт: «Файзу меҳрубонии Ман барои ту басанда аст, зеро қудрати Ман дар нотавонӣ комил мешавад». Аз ин рӯ, бештар аз нотавониам бо ҷону дил фахр мекунам, то ки қуввати Масеҳ дар вуҷудам бошад.

10 Аз ин рӯ дар нотавониҳо, дар таҳқирҳо, дар мусибатҳо, дар дунболагирӣ ва мушкилиҳое, ки ба хотири Масеҳ дорам, шод ҳастам. Зеро, ҳангоме ки нотавон ҳастам, ҳамон вақт боқувватам!

11 Бинед, ки шумо маро ба чи коре оварда расондед, ки ман худро аблаҳона таъриф кардам. Бояд шумо маро таъриф карда ҳимоя мекардед. Охир ман ҳеҷ кас набошам ҳам, қадри ман аз ҳамон «фиристодагони олӣ» камтар нест.

12 Ҳангоми дар байнатон буданам ман босаброна муъҷизаву аломатҳо ва корҳои бузург нишон дода, исбот намудам, ки фиристода ҳастам.

13 Ягона камбудие, ки шумо нисбат ба дигар ҷамоатҳо доштед, он буд, ки ман аз шумо ёрии молӣ талаб накардам. Бубахшед, ки чунин кори бадро дар ҳаққи шумо раво донистам.

14 Ҳоло ман тайёрам, ки бори сеюм ба наздатон биёям. Ин дафъа ҳам ба гардани шумо бор намешавам, чунки ба ман чизи шумо даркор нест, балки худи шумо даркоред. Чунки на фарзандон барои падару модарашон, балки падару модар бояд барои фарзандонашон моликият ҷамъ кунанд.

15 Ман бо ҷону дил барои шумо тамоми дороиямро ва ҳатто ҷонамро медиҳам. Ман шуморо ин қадар зиёд дӯст медорам, лекин наход ки меҳри шумо нисбати ман камтару камтар шавад?

16 Шумо медонед, ки ман ба гардани шумо бор набудам. Лекин баъзеҳо ҳанӯз ҳам фикр мекунанд, ки ман ҳилагаре ҳастам, ки аз шумо бо фиреб манфиат гирифтам.

17 Аммо чӣ тавр? Оё ман ба воситаи касоне, ки ба наздатон фиристодам, аз шумо фоидае гирифтам?

18 Ман аз Титус илтиҷо кардам, ки ба наздатон биёяд ва он бародари дигарро ҳамроҳи ӯ фиристодам. Оё Титус аз шумо фоидае гирифтааст? Магар ману Титус дар ин масъала як хел рафтор накардаем?

19 Шояд шумо кайҳо боз фикр мекунед, ки мо худро дар назди шумо ҳимоя карда истодаем. Не, мо инро дар ҳузури Худо ва дар ягонагӣ бо Масеҳ ба шумо мегӯем ва ҳамаи ин, азизон, барои ободии шумост.

20 Метарсам, ки ба наздатон меояму шуморо он чунон ки дидан мехостам, дарнамеёбам ва шумо низ маро он чунон ки дидан мехостед, дарнамеёбед. Метарсам, ки дар байнатон ҷанҷол, бахилӣ, хашм, худпарастӣ, туҳмат, ғайбат, ҳавобаландӣ ва рафтори бетартибонаро мебинам.

21 Метарсам, ки ҳангоми бори дигар ба наздатон омаданам аз он ки бисёре аз шумо аз гуноҳҳои пештараатон даст накашидаед, Худои ман обрӯямро дар ҳузури шумо мерезонад. Ман сахт ғамгин мешавам, ки шумо аз нопокии худ, аз гуноҳи ҷинсӣ ва ҳавою ҳаваси шаҳвонӣ тавба накардаед.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13