2 Нома ба Қӯринтиён 5 Боб
1 Мо медонем, ки дар ин дунё бадани мо ба мисли хаймае хонаи муваққатӣ аст, ки дар охири умрамон ҷамъ карда мешавад. Дар он вақт Худо бароямон хонаи осмонӣ, яъне бадани абадӣ медиҳад, ки онро на одамизод, балки Худи Худо сохтааст.
2 Ҳоло ки мо баданҳои заминӣ дорем, оҳ кашида, орзу мекунем, ки бадани осмониамонро ҳамчун либоси нав ба бар кунем.
3 Азбаски мо баданҳои осмонӣ мегирем, рӯҳи бебадан нахоҳем буд.
4 Хаймаҳое, ки дар онҳо ҳоло зиндагӣ мекунем, бароямон бори вазнинанду мо оҳу нола мекунем. Хоҳиши мо мурдану аз ин бадан халос шудан нест, балки он аст, ки бо бадани осмонӣ пӯшонида шавем. Ин тавр бадани мирандаи мо ба бадани абадӣ табдил меёбад.
5 Худи Худо моро барои қабул кардани баданҳои нави осмонӣ тайёр кардааст ва ҳамчун кафолате, ки ин баданҳои навро медиҳад, ба мо Рӯҳи Худашро бахшидааст.
6 Бинобар ин мо ҳамеша дилпур ҳастем ва медонем, ки то вақте, ки дар бадани заминӣ зиндагӣ мекунем, бо Худованд дар осмон нестем.
7 Мо на бо чизҳое, ки мебинем, балки бо имон зиндагӣ мекунем.
8 Бале, мо дилпур ҳастем ва мехоҳем, ки ҷисмҳои заминиамонро тарк карда, ба манзили худ, назди Худованд равем.
9 Аз ин рӯ, чи дар ин ҷо бошем, чи дар он ҷо, беш аз ҳама кӯшиш менамоем, ки ба Ӯ писанд оем.
10 Зеро ҳамаи мо бояд пеши тахти Масеҳ ҷавоб диҳем, то ки мувофиқи корҳои неку бадамон, ки бо ҷисми худ кардаем, подош гирем.
11 Пас чун пеши тахти Ӯ ҷавоб медиҳем, тарси Худовандро дорем ва кӯшиш мекунем, ки мардумро ба сӯи наҷот ҳидоят намоем. Худо чӣ гуна одам будани моро медонад ва умедворем, ки шумо низ чӣ гуна будани моро медонед.
12 Ин чунин маъно надорад, ки мо боз худамонро таъриф карда истодаем. Балки ба шумо имкон медиҳем, ки аз мо фахр кунед, то ба онҳое, ки на бо чизҳои ботинӣ, балки бо чизҳои зоҳирӣ ифтихор мекунанд, ҷавобе дошта бошед.
13 Агар ба назар чунин намояд, ки аз ақл бегона шудаем, ин ба хотири Худост! Вале агар солимфикр бошем, ин ба хотири шумост.
14 Муҳаббати Масеҳ моро ба ҳар кор водор менамояд. Боварии комил дорем, ки чун Масеҳ барои ҳама мурдааст, пас ҳама барои ҳаёти пештараашон мурдаанд.
15 Масеҳ барои ҳама мурдааст, то ки зиндагон дигар барои худ зиндагӣ накунанд, балки барои Ӯ зиндагӣ кунанд, ки ба хотири онҳо мурд ва дубора зинда шуд.
16 Дигар мо касеро аз нуқтаи назари одамӣ баҳо намедиҳем. Агар пештар Исои Масеҳро аз нуқтаи назари одамӣ баҳо медодем, пас ҳозир чунин намекунем.
17 Ин чунин маъно дорад, ки ҳар касе, ки ба Масеҳ тааллуқ дорад, аз нав офарида шудааст. Он чи ки куҳна буд, даргузашт ва акнун ҳама чиз нав шудааст.
18 Ҳамаи ин кори Худост. Ӯ ба воситаи Масеҳ моро бо Худ оштӣ додааст. Ҳоло моро вазифадор кардааст, ки паёми бо Худо оштӣ шуданро ба дигарон расонем.
19 Яъне Худо ба воситаи Масеҳ ҷаҳонро бо Худ оштӣ дода, гуноҳҳояшонро дигар ҳисоб намекунад ва ин паёми оштиро ба мо супурд.
20 Мо намояндагони Масеҳ ҳастем ва Худо ба воситаи мо ба одамон муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ мо аз номи Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунем, ки дигар ҳамчун душманони Худо зиндагӣ накарда, бо Ӯ оштӣ шавед.
21 Худо гуноҳҳои одамонро ба дӯши Масеҳ, ки комилан бегуноҳ буд, гузошт, то ки Ӯ мо гунаҳкоронро дар ягонагӣ бо Масеҳ беайбу росткор эълон кунад.