1 Ин сеюм маротиба аст, ки ман ба наздатон меоям. Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд, «Ҳама гуна айбдоркунӣ бояд аз забони ду ё се шоҳид тасдиқ шавад».
2 Ҳангоми бори дуюм дар он ҷо буданам онҳоеро, ки гуноҳ мекарданд, огоҳӣ дода будам. Ҳозир аз дурӣ истода, ман ҳамаи гунаҳкорон ва дигаронро мисли пештара огоҳӣ медиҳам, ки ҳангоми ин дафъа омаданам ба касе раҳм намекунам.
3 Шумо талаб мекунед, то исбот кунам, ки Масеҳ ба воситаи ман сухан мегӯяд ва ман инро ба шумо нишон медиҳам. Масеҳ барои ислоҳ кардани шумо нотавон нест, балки Ӯ дар байнатон пурқувват аст.
4 Ҳарчанд Ӯро дар нотавониаш ба салиб мехкӯб карданд, Ӯ бо қуввати Худо зинда аст. Мо ҳам мисли Ӯ нотавон ҳастем, аммо дар муносибат бо шумо мо дар ягонагӣ бо Масеҳ зиндагӣ мекунем ва аз Худо қувват дорем.
5 Худатонро имтиҳон карда, санҷед, ки оё имоне, ки доред, ҳақиқист ё не?! Оё дақиқ медонед, ки Исои Масеҳ дар вуҷуди шумост? Агар чунин нест, шумо дар санҷиши ҳақиқии имон шикаст хӯрдаед.
6 Умедворам, мефаҳмед, ки мо дар имтиҳони имон шикаст нахӯрдаем.
7 Мо ба Худо дуо мекунем, ки шумо ягон кори бад накунед. Мо на барои он дуо мекунем, ки худро хуб нишон диҳем, балки барои он дуо мекунем, ки шумо кори хуб кунед, гарчи мо ҳамчун шикастхӯрда ба назар менамоем.
8 Аз ин рӯ, мо наметавонем бар зидди ростӣ амал кунем, балки ҳар чӣ мекунем, фақат ба хотири ростӣ мекунем.
9 Агар нотавонии мо барои боқувват шудани шумо ёрӣ расонад, аз ин хурсанд ҳастем ва дуо мекунем, ки шумо пурра ислоҳ шавед.
10 Ман аз дурӣ истода ба шумо менависам, то чун ба наздатон оям, маҷбур нашавам, ки аз рӯйи қудратам сахтгирона муносибат кунам. Худованд ин қудратро на барои вайронкорӣ, балки барои обод кардани шумо ба ман додааст.
11 Хулоса, бародарону хоҳарони азиз, шод бошед, зиндагиатонро барқарор кунед, ба насиҳатам гӯш диҳед ва бо якдигарфаҳмию сулҳ зиндагӣ кунед ва Худои сулҳу муҳаббат бо шумо хоҳад буд.
12 Якдигарро ба оғӯш гирифта салом гӯед. Тамоми имондорон ба шумо салом мерасонанд.
13 Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ, муҳаббати Худо ва ягонагии Рӯҳулқудс бо ҳамаи шумо бошад!