меню

2 Нома ба Қӯринтиён 6 Боб


1 Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш шуморо наҷот додааст. Ҳоло ҳамчун ҳамкорони Худо мо аз шумо илтиҷо мекунем, ки ин наҷотро зери по карда бефоида накунед.

2 Зеро Худо мегӯяд: «Дар вақти мувофиқ туро шунидам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад расондам». Инак он вақти мувофиқ расидаасту имрӯз рӯзи наҷот аст.

3 Мо ягон касро ба васваса намеандозем, то ки ҳеҷ кас хизмати моро бадном накунад.

4 Баръакс, бо сабру тоқат дар ҳама чиз, дар азобу уқубат, дар муҳтоҷӣ ва дар ҳар гуна душворӣ худро ҳамчун хизматгорони бовафои Худо нишон медиҳем.

5 Мо шӯришҳову меҳнати сахт, лату кӯбу шабҳои бехобӣ ва гуруснагиро аз сар гузаронидем.

6 Ҳамчунин мо хизматгорони Худо буданамонро дар дили соф, дониш, сабр, меҳрубонӣ, муҳаббати самимона ва ба воситаи Рӯҳулқудс, ки дар вуҷудамон ҳаст, нишон медиҳем.

7 Мо ҳақиқатро таълим медиҳем ва қудрати Худо дар вуҷудамон амал мекунад. Ҳам барои дасти чап ва ҳам барои дасти рости мо ҳаёти покамон ҳамчун аслиҳаи ҷангӣ аст.

8 Новобаста ба он ки одамон моро ҳурмат мекунанд ё намекунанд, ифтихор мекунанд ё бадгӯйӣ мекунанд, мо ба Худо хизмат мекунем. Мо ростқавл ҳастем, лекин одамон моро фиребгар меноманд.

9 Моро хуб намешиносанд, вале мо машҳур ҳастем. Бо марг рӯ ба рӯ бошем ҳам, ҳанӯз зинда ҳастем. Азобу шиканҷа кашем ҳам, кушта нашудаем.

10 Моро ғамгин мекунанд, мо бошем, ҳамеша шодӣ мекунем. Камбағал ҳастем, лекин дигаронро сарватманд мегардонем. Мо ҳеҷ чиз надорем, вале дорои ҳама чиз ҳастем.

11 Эй мардуми шаҳри Қуринтус! Мо ба шумо кушоду равшан гап задем ва аз таҳти дил шуморо дӯст доштем.

12 Мо муҳаббати худро аз шумо дареғ намедорем. Ин шумоед, ки муҳаббати худро аз мо дареғ медоред.

13 Ман ба шумо ҳамчун ба фарзандони худам мегӯям, ки шумо низ дилҳои худро ба мо кушоед.

14 Бо онҳое, ки беимонанд, якҷо нашавед. Охир росткорӣ бо бадкорӣ чӣ алоқа дорад? Ё нур бо торикӣ чӣ чизи умумӣ доранд?

15 Магар дар байни Масеҳ ва шайтон ягонагие ҳаст? Охир имондор чӣ гуна шарики шахси беимон шуда метавонад?

16 Оё бутҳо ба макони муқаддаси Худо, яъне ба маъбадаш тааллуқ доранд? Албатта не! Мо маъбади Худои зинда ҳастем. Чунон ки Худо гуфтааст: «Ман андаруни онҳо сокин шуда, дар байнашон мегардам. Ман Худои онҳо мешавам ва онҳо халқи Ман мешаванд».

17 «Барои ҳамин аз миёни беимонон берун омада, аз онҳо ҷудо шавед. Ба чизҳои нопоки онҳо нарасед ва Ман шуморо қабул хоҳам кард.

18 Ман Падари шумо мешавам ва шумо писарону духтарони Ман мешавед», мегӯяд Худованди Тавоно.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13