меню

2 Нома ба Қӯринтиён 3 Боб


1 Шояд шумо фикр мекунед, ки мо боз худро таъриф мекунем, лекин ин тавр нест. Баъзеҳо бо худ тавсияномаҳо гирифта нишон медиҳанд, лекин мо муҳтоҷи тавсиянома аз ягон кас нестем. Мо аз шумо ҳам талаб намекунем, ки тавсиянома барои мо нависед.

2 Шумо худ тавсияномаи мо ҳастед, ки он дар диламон навишта шудааст ва онро ҳамаи одамон шинохта ва хонда метавонанд.

3 Маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед ва он натиҷаи хизмати моро дар байни шумо нишон медиҳад. Он на бо қалам, балки бо Рӯҳи Худои зинда навишта шудааст. Он на дар рӯйи лавҳасангҳо, балки дар дили одамизод навишта шудааст.

4 Мо инро барои он мегӯем, ки ба воситаи Масеҳ ба Худо бовар дорем

5 ва на барои он ки бо қуввати худ кореро анҷом медиҳем, чунки қобилиятҳои мо аз Худост.

6 Ӯ ба мо қобилият додааст, ки хизматгорони аҳду паймони нав бошем. Ин аҳду паймон на шариати навишташуда, балки аз Рӯҳулқудс аст, зеро шариати навишташуда инсонро ба марг мебарад, аммо Рӯҳулқудс ҳаёт мебахшад.

7 Шариати дар лавҳасангҳо навишташуда одамонро ба марг ҳукм карда буд. Лекин Худо он шариатро бо чунон шукӯҳу бузургие дод, ки рӯйи Мусо аз он медурахшид. Он то ба дараҷае дурахшон буд, ки халқи Исроил ба чеҳраи ӯ нигоҳ карда наметавонистанд. Аммо ин нур оҳиста-оҳиста нопадид мешуд.

8 Пас магар шукӯҳу бузургие, ки ба хизмати Рӯҳулқудс дахл дорад, бузургтар нест?!

9 Агар аҳду паймони куҳна, ки ҳукм мебаровард, шукӯҳу бузургӣ дошта бошад, пас аҳду паймони нав, ки моро дар назди Худо сафед мекунад, чӣ қадар зиёд шукӯҳу бузургӣ дошта бошад?!

10 Дар ҳақиқат шукӯҳу бузургии пешина дар муқоиса бо шукӯҳу бузургии беканори аҳду паймони нав бузург набуд.

11 Агар шукӯҳи чизи гузарон ин қадар бузург буд, пас шукӯҳи чизи абадӣ боз ҳам бузургтар аст.

12 Чун умед дорем, ки бузургии аҳду паймони нав то абад мемонад, хеле далерона сухан мегӯем.

13 Ба мо лозим нест, ки мисли Мусо рӯямонро пӯшонем. Ӯ рӯяшро бо парда пӯшонида буд, то ки исроилиён анҷоми шукӯҳу бузургии гузарандаро набинанд.

14 Исроилиён якрав шудаанд ва то имрӯз ҳангоми хондани аҳду паймони қадим ин парда нокушода мемонад. Ин парда танҳо бо имон овардан ба Масеҳ бардошта мешавад.

15 Ҳатто имрӯз, ҳангоме ки онҳо шариати Мусоро мехонанд, ин парда дилашонро пӯшонидааст.

16 Лекин ҳангоме ки шахс ба Худованд рӯ меоварад, парда бардошта мешавад.

17 Худованд Рӯҳ аст ва дар он ҷое ки Рӯҳи Худованд ҳаст, он ҷо озодист.

18 Азбаски парда аз пеши назарамон бардошта шудааст, ҳамаи мо, имондорон зебоии пурнури Худовандро гӯё дар оина мебинем ва Худованд, ки Рӯҳ аст, моро бештару бештар ба Худ монанд мекунад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13