меню

2 Нома ба Қӯринтиён 10 Боб

гузариш зуд:

1 Шумо дар бораам нодуруст гумон мекунед, вақте мегӯед, ки ман дар мактубҳоям боҷуръат менависаму дар наздатон бошад хоксор ҳастам. Дар асл ман ин тавр нестам. Ҳоло ман – Павлус бо хоксорию меҳрубонии Исои Масеҳ аз шумо илтиҷо мекунам, ки

2 маро маҷбур накунед, ки ба наздатон омада, бо онҳое, ки рафтори моро нафсонӣ меноманд, боҷуръат рафтор кунам.

3 Мо дар ин дунё ҷисмонӣ зиндагӣ кунем ҳам, ҷанги мо ҷисмонӣ нест.

4 Мо бо аслиҳаи ин дунё намеҷангем, балки бо қуввати Худо меҷангем, ки он қалъаҳоро хароб мекунад ва бар фикрҳои дурӯғин ғолиб мебарояд.

5 Мо ҳар фахреро, ки муқобили шинохтани Худо аст, нест мекунем ва ҳар андешаро барои итоати Масеҳ асир мегирем.

6 Пас аз он ки шумо пурра ба Масеҳ итоат намудед, мо ҳар касеро, ки беитоатӣ мекунад, ҷазо медиҳем.

7 Ба як далели дақиқ эътибор диҳед. Касе ки дилпурона «ман ба Масеҳ тааллуқ дорам», мегӯяд, бояд донад, ки мо ҳам мисли вай ба Масеҳ тааллуқ дорем.

8 Ҳатто агарчи ман аз қудратамон каме фахр кунам ҳам, аз ин шарм намедорам. Чунки ин қудратро Худованд ба мо на барои хароб кардан, балки барои обод кардани шумо додааст.

9 Гумон накунед, ки ман шуморо бо номаҳоям тарсондан мехоҳам.

10 Касе мегӯяд, ки ман дар номаҳоям сахтгир ва пурқувват, вале дар наздашон нотавон ҳастам ва суханонам таъсирбахш нестанд.

11 Чунин шахс бояд донад, ки чи хеле ки дар мактубҳоямон бошем, дар ҳузури шахсию дар корҳоямон низ ҳамон тавр ҳастем.

12 Мо ҷуръат намекунем, ки худамонро бо касоне, ки худро бузург меҳисобанд, баробар ё муқоиса кунем. Онҳо бехирадона худро бо якдигар муқоиса мекунанд.

13 Лекин мо аз чизҳое, ки ба он ҳақ надорем, фахр намекунем, балки фақат аз корҳое фахр мекунем, ки Худо моро барои иҷрояш фиристод ва шумо бошед, қисми ҳамон кор ҳастед.

14 Азбаски шумо ба он ҳад дохил мешавед, мо аз он нагузашта, якум шуда, ба наздатон омадем ва хушхабари Масеҳро эълон намудем.

15 Аз меҳнати дигарон, ки гӯё онро мо карда бошем, фахр намекунем, балки умедвор мешавем, ки бо зиёд шудани имонатон барои мо имконияти кор кардан дар байни шумо зиёд мешавад.

16 Дар ин ҳолат мо хушхабарро дар ҷойҳои дуртар эълон мекунем ва бо он корҳое, ки қаблан дар ҷойи одамони дигар анҷом дода шудааст, фахр намекунем.

17 Чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд: «Агар фахр кардан хоҳанд, аз Худованд фахр кунанд».

18 Зеро на касоне, ки худро арзанда меҳисобанд, балки касоне, ки Худованд онҳоро арзанда меҳисобад, фиристодаи ҳақиқӣ ҳастанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13