2 Нома ба Қӯринтиён 7 Боб
1 Дӯстони азиз, азбаски чунин ваъдаҳо дорем, бояд худро аз ҳар чизе, ки рӯҳу баданамонро ҳаром месозад, пок кунем ва азбаски аз Худо метарсем, худро пурра аз бадӣ ҷудо карда, ба Ӯ бахшида шавем.
2 Моро дар дилҳоятон ҷой диҳед. Мо касеро наранҷондаем, касеро гумроҳ накардаем ва аз касе сӯиистифода набурдаем.
3 Ман инро барои айбдор намудани шумо намегӯям. Ман пештар гуфта будам, ки шумо он чунон дар дилҳои мо ҷой шудаед, ки на марг метавонад шуморо аз мо ҷудо созад, на зиндагӣ.
4 Ман ба шумо боварии комил дорам ва бо шумо хеле ифтихор дорам. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилотам, ман пур аз тасаллӣ ҳастам ва шодии фаровон дорам.
5 Пас аз он ки мо ба вилояти Мақдуния омадем, ҳеҷ оромие надоштем, чунки дар ҳама ҷо мусибат, атрофамон ҷангу ҷидол ва диламон дар тарсу ҳарос буд.
6 Лекин Худое, ки рӯҳафтодагонро таскин мебахшад, бо омадани Титус моро рӯҳбаланд намуд.
7 На фақат омаданаш, балки дилбардорие, ки ӯ аз шумо дид, моро рӯҳбаланд кард. Ӯ нақл кард, ки шумо маро сахт ёд кардаеду аз кори кардаатон пушаймон ҳастед ва то чӣ андоза барои муҳофизати ман бархостаед. Ин чизҳо маро беҳад шод кард!
8 Агарчи суханони сахтам дар номаи пештара шуморо ғамгин карда бошад ҳам, ман аз навиштани он пушаймон нестам. Албатта дар аввал вақте фаҳмидам, ки он шуморо барои муддати кӯтоҳе ғамгин сохтааст, пушаймон шудам.
9 Лекин ҳозир аз навиштани он нома хурсанд ҳастам. На барои он ки шумо ғамгин шудед, балки барои он ки ин ғам сабаби тавбаи шумо гардид. Шумо бо хости Худо ғамгин шуда будед ва аз мо ягон зарар надидаед.
10 Ғаме, ки Худо медиҳад, шахсро ба тавба мебарад, ба тавбае, ки дар натиҷа наҷот мебахшаду дар он пушаймонӣ нест. Аммо ғами ин дунё шахсро ба марг мебарад.
11 Охир бинед, ки ғами Худо дода чӣ қадар чизҳои хуб, аз қабили ҷидду ҷаҳд, хоҳиши худро ҳимоя кардан, тарс аз бадӣ, хоҳиши дидани ман, ғайрат ва ташнаи адолат буданро дар вуҷуди шумо бедор кард. Дар ҳамаи ин шумо нишон додед, ки дар ин кор беайб ҳастед.
12 Мақсади ман он набуд, ки дар бораи шахси хатокарда ё ҷабрдида нависам. Балки мехоҳам, донед, ки шумо дар пеши Худо чӣ қадар ғами моро мехӯред.
13 Ин моро тасалло дод! Азбаски ҳамаи шумо Титусро тасалло додед, ӯ хурсанд шуд ва мо бошем, аз шодии ӯ бештар хурсанд шудем.
14 Ман дар назди Титус аз шумо ифтихор доштам ва шумо маро дар хиҷолат нагузоштаед. Чи хеле ки мо ҳамеша ба шумо сухани ростро мегуфтем, сухани таърифие, ки дар бораатон ба Титус гуфта будем, рост баромад.
15 Ҳозир вақте Титус ба ёд меорад, ки чи хел ҳамаи шумо ӯро бо тарсу эҳтиром қабул карда, ба ӯ итоат карда будед, дар ҳаққи шумо зиёдтар ғамхорӣ мекунад.
16 Ман бошам, бисёр хурсандам, ки дар ҳама чиз ба шумо бовар карда метавонам.