1 Нома ба Қӯринтиён 1 Боб
1-2 Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Қуринтус, яъне ба шумо, ки бо Исои Масеҳ муттаҳид гардида, пок шудаед! Худо шумо ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ҳама ҷо ба Исои Масеҳ дуо мекунанд, ҳамчун халқи Худ интихоб кардааст. Исои Масеҳ Худованди мову онҳо мебошад. Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо Сӯстинис
3 файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем.
4 Ман ҳамеша Худоямро барои шумо, ки ба воситаи Исои Масеҳ бароятон файзу меҳрубонӣ додааст, шукр мегӯям.
5 Чунки Худо шуморо дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳаматарафа, ҳам дар ҳар сухану ҳам дар ҳар дониш сарватманд гардондааст,
6 то ки шаҳодати мо дар бораи Масеҳ дар байни шумо мустаҳкам шавад.
7 Ва дар ҳоле ки шумо бозгашти Худовандамон Исои Масеҳро интизор ҳастед, ба шумо аз тарафи Рӯҳи Худо ҳар намуди қобилият ато шудааст.
8 Худо шуморо то охир устувор нигоҳ медорад, то ки дар рӯзи бозгашти Худовандамон Исои Масеҳ беайб бошед.
9 Вафодор аст Худое, ки шуморо барои муносибат доштан бо Писари Худ Худованди мо Исои Масеҳ даъват намудааст.
10 Бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо мекунам, ки ҳамаатон ба номи Худовандамон Исои Масеҳ бо якдигар якдил ва ҳамфикр ва дар як мақсад муттаҳид бошед. Дар байнатон ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳед.
11 Инро барои он ба шумо мегӯям, ки ман аз хонаводаи хоҳар Хлӯӣ огоҳ шудам, ки шумо дар байни худ ҷанҷолу муноқиша мекунед.
12 Ман дар назар дорам, ки шумо худро ба гурӯҳҳо тақсим карда, аз пайи роҳбарони гуногун меравед. Яке «Ман пайрави Павлус», дигаре «Ман пайрави Апуллус», нафаре «Ман пайрави Петрус» ва касе «Ман пайрави Масеҳ ҳастам» мегуфтааст.
13 Ба ҷойи он ки ҳамаатон аз пайи Масеҳ равед, худро ба гурӯҳҳо тақсим карда байни худ баҳс мекунед. Оё ман ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шудам?! Не, Масеҳ ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шуд. Ё шумо ба номи ман таъмид гирифтед?! Албатта не! Ҳамаи шумо ба номи Исои Масеҳ таъмид гирифта, пайрави Ӯ шудед!
14 Шукри Худо, ки ман ғайр аз Криспус ва Ғоюс ягон нафари шуморо таъмид надодаам.
15 Барои ҳамин касе гуфта наметавонад, ки ман ӯро ба номи худам таъмид дода, пайрави худ гардондам.
16 Ҳа, ман боз Истефанусро бо аҳли оилааш таъмид дода будам. Дар ёд надорам, ки дигар касеро таъмид дода бошам.
17 Кори асосии ман таъмид додан нест, Масеҳ маро барои хушхабарро эълон кардан фиристодааст. Аммо хушхабарро набояд бо ҳикмату дониши инсонӣ эълон кард, вагарна марги Исои Масеҳ дар салиб қудраташро гум мекунад.
18 Барои нобудшавандагон паёми ба салиб мехкӯб шудани Масеҳ беақлӣ менамояд. Вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, ин хабар қуввати Худост.
19 Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Хиради хирадмандонро нобуд ва дониши донишмандонро рад мекунам».
20 Куҷост хирадманд?! Куҷост устоди шариат?! Куҷост баҳскунандаи ин замона? Магар Худо беақлӣ будани ҳикмату дониши ин ҷаҳонро нишон надодааст?!
21 Худо хирадмандона қарор кард, ки ҷаҳон бо хиради худ ҳаргиз Ӯро нахоҳад шинохт. Ӯ чунин писандид, ки ба воситаи эълон кардани хушхабаре, ки ҷаҳон онро аблаҳӣ мешуморад, имондоронро наҷот диҳад.
22 Зеро ҳангоме ки яҳудиён барои исбот муъҷиза меҷӯянду юнониён хирад,
23 мо Таъиншудаи Худо, яъне Масеҳро, ки ба салиб мехкӯб шуда буд, эълон мекунем. Ин барои яҳудиён васваса ва барои ғайрияҳудиён бехирадӣ аст.
24 Вале барои касоне, ки Худо онҳоро даъват кардааст, чи яҳудию чи юнонӣ, Масеҳ қувват ва ҳикмати Худо аст.
25 Зеро бехирадии Худо аз ҳикмату дониши одамизод болотар аст ва сустии Худо аз қуввати одамизод боқувватар аст!
26 Бародарону хоҳарон, ба ёд оред, ки ҳангоме ки Худо шуморо даъват кард, чӣ гуна будед. Оё аз нигоҳи ин ҷаҳон дар байнатон хирадмандону боқудратон ва ашрофзодагон бисёр буданд?!
27 Лекин Худо бехирадони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки хирадмандонро беобрӯ кунад ва нотавонони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки боқувватонро шарманда кунад.
28 Ӯ одамони беқудрату назарногирро интихоб намуд, то ки ҳеҷ чиз будани одамони боқудратро нишон диҳад.
29 Барои ҳамин ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр карда наметавонад.
30 Худо шуморо бо Исои Масеҳ муттаҳид намуда, ба воситаи Ӯ ба мо хиради Худро дод. Инчунин, ба воситаи Масеҳ Худо моро росткор гардонда, халқи Худ кард ва аз гуноҳ озод намуд.
31 Бинобар ин, чи хеле ки навиштаҷот мегӯяд, агар фахр кардан хоҳед, аз Худованд фахр кунед.