1 Нома ба Қӯринтиён 14 Боб
1 Дар пайи муҳаббат бошед ва талабгори атоҳои рӯҳонӣ, бахусус, хоҳони атои расондани паёми Худо бошед.
2 Касе ки аз тарафи Рӯҳулқудс атои бо забонҳои бегона гапзаниро дорад, ӯ на ба одамон, балки ба Худо муроҷиат мекунад. Зеро, вақте ки ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс сирру асрорро мегӯяд, ҳеҷ кас гуфтаҳояшро намефаҳмад.
3 Вале пайғамбар, ки бо забони фаҳмо паёми Худоро мерасонад, барои обод гардондан ва дастгирию дилбардории одамон ин корро мекунад.
4 Касе ки ба забони бегонае гап мезанад, фақат худашро обод мекунад. Вале пайғамбар, ки паёми Худоро мерасонад, ҷамоатҳои имондоронро обод мекунад.
5 Мехоҳам, ки ҳамаатон бо забонҳои бегона сухан ронед, лекин бештар мехоҳам, ки паёми Худоро ба дигарон расонед. Ба ғайр аз ҳолатҳое ки забонҳо тарҷума мешаванд, пайғамбар аз оне ки бо забонҳо гап мезанад, муҳимтар аст. Он гоҳ тамоми ҷамоат обод мешавад.
6 Бародарону хоҳарон, агар ман ба наздатон омада, ба забонҳо сухан ронам, шумо аз ман чӣ фоида мегиред?! Лекин агар он чиро, ки Худо ба ман нишон додааст ё донише ё паёми илоҳӣ ё таълимотро биёрам, фоиданок мешуд.
7 Бо забонҳо гап заданро ба най ё чанг, ки асбобҳои беҷон ҳастанд, монанд мекунам. Агар онҳо садоҳои равшан набароранд, пас оҳанги онҳоро чӣ гуна фаҳмем?
8 Агар карнай садои номуайян барорад, кӣ ба ҷанг омода мешавад?!
9 Ҳамин тавр, агар шумо ҳам бо суханони номаълум гап занед, одамон сухани шуморо чӣ хел мефаҳманд?! Шумо танҳо ба дару девор гап мезанеду халос!
10 Дар ин ҷаҳон забонҳои дигар бисёранд ва ҳар кадоме мазмунеро ифода мекунад.
11 Агар ман суханони каси дигарро нафаҳмам, ман ба гӯянда бегона ҳастаму ӯ ба ман бегона.
12 Модоме ки ташнаи атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, ҳамонашро бештар ба даст оред, ки боиси обод гардидани ҷамоати имондорон мешавад.
13 Аз ин рӯ касе, ки ба забонҳо сухан меронад, бояд дуо кунад, то ки гуфтаҳояшро тарҷума карда тавонад.
14 Зеро, агар ман ба забоне дуо кунам, рӯҳам дар вуҷудам дуо мекунад, лекин гуфтаҳоямро худам намефаҳмам ва ақлам фоидае намебинад.
15 Пас чӣ бояд кунам?! Ман ҳам бо рӯҳи худ ва ҳам бо суханони ба худ фаҳмо дуо мекунам, ман ҳам бо рӯҳ ва ҳам бо суханони ба худ фаҳмо суруд мехонам.
16 Агар шумо Худоро ба забоне шукр гӯед, ки фақат рӯҳи худатон мефаҳмад, чӣ тарз дигарон бо дуои шумо розӣ шуда, «Омин» мегӯянд, дар ҳоле ки дар бораи чӣ дуо карданатонро намефаҳманд?
17 Шумо Худоро ба забонҳо хеле нағз шукргузорӣ мекунед, лекин дигарон обод намешаванд.
18 Худоро шукр мегӯям, ки ман аз ҳар яки шумо зиёдтар ба забонҳо сухан меронам.
19 Лекин дар ҷамоати имондорон ба ҷойи даҳ ҳазор калимаи нофаҳмо беҳтар аст, ки бо панҷ калимаи фаҳмо сухан гӯям, то ки дигаронро таълим диҳам.
20 Бародарону хоҳарон! Дар фаҳмидани ин чизҳо монанди кӯдакон набошед, вале дар фикрронӣ баркамол бошед. Нисбат ба бадӣ бошад, ба мисли тифли навзод рафтор кунед.
21 Зеро Худованд дар навиштаҷот гуфтааст: «Ман ба забони халқҳои дигару ба воситаи одамони бегона сухан меронам, лекин бо вуҷуди ин халқи Худам Маро гӯш намекунад».
22 Ҳамин тавр, забонҳо нишон медиҳанд, ки на имондорон, балки беимонон дар зери ҳукми Худо ҳастанд. Аммо атои расондани паёми Худо на барои беимонон, балки барои манфиати имондорон аст.
23 Агар шумо имондорон дар ҷамоат ҷамъ шаведу ҳамаатон ба забонҳо гап занед ва беимон ё одамони бегона ба он ҷо даромада монад, оё ӯ фикр намекунад, ки шумо девона шудаед?!
24 Вале агар ҳама каломи Худоро эълон кунанд, шахси беимон ё каси бегона ба ҷамоат даромада, аз шунидани каломи Худо гуноҳҳояшро мефаҳмад, ки ӯ дар зери ҳукм аст.
25 Ба ин восита сирру асрори дилаш ошкор мешавад. Ӯ рӯ ба замин афтода, Худоро парастиш мекунад ва эътироф менамояд, ки ба ростӣ, Худо дар байни шумо аст.
26 Пас дӯстон, чӣ бояд кард? Ҳангоме ки ҷамъ мешавед, бигзор яке аз шумо суруд бихонад, дигаре аз каломи Худо таълим диҳад, дигаре ҳақиқатеро, ки Худо ба вай кушодааст, баён созад, касе ба забоне гап задан ва дигаре тарҷума кардани забонро ба уҳда гирад. Ҳамаи инро барои ободии ҷамоати имондорон бикунед.
27 Агар дар байнатон шахсоне бошанд, ки бо забон гап мезананд, бигзор ду нафар ё бисёраш се нафар бо навбат гап зананд. Сипас як нафар сухани онҳоро тарҷума кунад.
28 Вале агар тарҷумон набошад, бигзор донандаи забон дар ҷамоат бо овози баланд сухан нагӯяд ва хомӯшона танҳо ба худ ва ба Худо гап занад.
29 Аз байни пайғамбарон бигзор ду ё се нафарашон паёми Худоро гӯянд ва дигарон суханони онҳоро тафтиш кунанд.
30 Аммо агар Худо ба касе аз нишастагон паёме диҳад, бигзор гӯяндаи аввал хомӯш шавад.
31 Бо ин тартиб шумо метавонед, бонавбат ҳамаатон паёми Худоро расонед, то ки ҳама таълим гиранд ва рӯҳбаланд шаванд.
32 Пайғамбарон бояд атои худро идора кунанд.
33 Зеро Худо мехоҳад, ки ба монанди тамоми ҷамоатҳои халқаш ҳама чиз дар осоиштагӣ бошад, на дар бетартибӣ.
34 Занон бояд ҳангоми маҷлиси ҷамоат хомӯш бошанд. Ба онҳо сухан гуфтан иҷозат дода нашудааст. Аз рӯйи шариати Мусо онҳо бояд фармонбардор бошанд.
35 Агар савол дошта бошанд, бигзор дар хона аз шавҳарони худ пурсанд. Зеро сухан гуфтани занон ҳангоми маҷлиси ҷамоат аз рӯйи одоб нест.
36 Ё шумо қуринтиён, фикр мекунед, ки каломи Худо аз шумо баромадааст ё танҳо ба шумо омада расидааст?
37 Агар касе худро пайғамбар ё шахси рӯҳонӣ шуморад, бояд эътироф кунад, ки навиштаи ман фармони Худованд мебошанд.
38 Агар ӯ ба ин навиштаи ман аҳамият надиҳад, ба вай низ аҳамият надиҳед.
39 Ҳамин тавр, дӯстон, талабгори атои расондани паёми Худо бошед, вале ба забонҳо гап заданро манъ накунед.
40 Лекин ҳама чиз бояд дар доираи тартибу интизом ба амал ояд.