меню

1 Нома ба Қӯринтиён 4 Боб


1 Моро ҳамчун хизматгорони Масеҳ, ки вазифаи эълон кардани сирҳои Худо ба мо супурда шудааст, ҳисоб кунед.

2 Аз мо, хизматгорон, талаб карда мешавад, ки вафодор бошем.

3 Ман парво надорам, ки шумо ё одамони дигар маро чӣ гуна баҳо медиҳед. Худи ман ҳам худро баҳо намедиҳам.

4 Виҷдонам пок бошад ҳам, ин маънои он надорад, ки Худованд маро бегуноҳ меҳисобад. Чунки ман ба Ӯ бояд ҷавоб диҳам.

5 Аз ин рӯ, то вақти муайяншуда, яъне то бозгашти Худованд Исо касеро ҳукм накунед. Ӯ чизҳоеро, ки дар торикӣ пинҳон шудаанд, аён мекунад ва нияти дилҳоро ошкор месозад. Он гоҳ ҳар шахс аз ҷониби Худо сазовори таъриф мешавад.

6 Ин гапҳоро ман дар бораи худаму Апуллус барои фоидаи шумо бародарону хоҳарон, мегӯям, то аз мо ёд гиред, ки «Аз он чи навишта шудааст, набояд берун баромад». Он гоҳ якеро аз дигаре болотар намегузоред.

7 Дар ҳақиқат, кӣ шуморо аз дигарон боло гузоштааст? Шумо чӣ доред, ки онро аз Худо нагирифтаед? Агар аз Худо гирифта бошед, барои чӣ фахр мекунед, ки гӯё нагирифта бошед?!

8 Шумо аллакай сер шудаед, сарватманд шудаед, бе мо ҳукмронӣ мекунед. О кошки шумо дар ҳақиқат подшоҳӣ мекардеду мо ҳам ҳамроҳатон ҳукмронӣ мекардем.

9 Фикр мекунам, ки Худо мо фиристодагонро мисли шахсони ба марг ҳукмшуда дар қатори охир ҷой кардааст. Мо барои тамоми ҷаҳон, ба одамону фариштаҳо саҳнаи тамошо шудаем.

10 Мо дар назари шумо ба хотири Масеҳ беақл, вале шумо ҳамчун пайравони Масеҳ оқил ҳастед. Мо нотавон, аммо шумо тавоно ҳастед, шумо обрӯманд, вале мо беобрӯ ҳастем.

11 Мо то ҳол гушнаву ташна ва ҷандапӯш мегардем. Моро лату кӯб мекунанд, хонаву дар надорем.

12 Арақи ҷабин рехта бо дастони худ нони хӯрданӣ меёбем. Моро дашном медиҳанд, вале мо онҳоро дуои нек медиҳем. Моро азоб медиҳанд, вале мо тоқат мекунем.

13 Моро туҳмат мекунанд, вале мо бо некӣ ҷавоб медиҳем. Ба мо то имрӯз ба мисли партови ҷаҳон, яъне партови одамон муносибат мекунанд.

14 Ман на барои шарм дорондани шумо, балки барои ислоҳ кардани шумо – фарзандони азизам менависам.

15 Дар Масеҳ ҳазорҳо роҳнамо шуморо таълим диҳанд ҳам, танҳо як падар доред. Аз он ки ман ба шумо хушхабарро овардам, ман бароятон дар Исои Масеҳ падар шудам.

16 Илтимос мекунам, аз ман ибрат гиред!

17 Аз он ки ман дар шаҳри шумо нестам, ман писархонди дӯстдоштаам Тимотиюсро ба наздатон фиристодам. Ӯ ба Худованд вафодор асту ба шумо хотиррасон мекунад, ки ман мувофиқи таълимоте, ки дар ҳар ҷамоати имондорон медиҳам, чӣ гуна Масеҳро пайравӣ мекунам.

18 Баъзеҳо бо гумони он ки ман ба наздатон намеоям, ҳавобаланд шудаанд.

19 Лекин агар Худованд хоҳад, ба наздикӣ ба пешатон омада мебинам, ки оё одамони ҳавобаланд дар ҳақиқат қуввати Худоро доранд ё фахри онҳо танҳо дар гап аст.

20 Зеро Подшоҳии Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.

21 Кадомаш ба шумо маъқул аст? Оё мехоҳед, ки ба наздатон омада, шуморо барои тағйир надодани рафторатон бо химча ҷазо диҳам? Ё ба шумо барои иҷро кардани гуфтаҳоям ба шумо муҳаббату нармдилӣ нишон диҳам?

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16