меню

1 Нома ба Қӯринтиён 6 Боб

гузариш зуд:

1 Ҳар гоҳ ки яке аз шумо ба дигаре даъво дорад, чӣ гуна барои ҳалли масъала на ба назди халқи Худо, балки ба назди беимонон меравад?!

2 Ё шумо намедонед, ки рӯзе халқи Худо ҷаҳонро доварӣ мекунад?! Агар шумо ҷаҳонро доварӣ кунед, наход масъалаҳои хурдро ҳал карда натавонед?!

3 Магар шумо намедонед, ки мо ҳатто корҳои фариштаҳоро доварӣ хоҳем кард?! Ин тавр ки бошад, магар мо мушкилиҳои хурдро худамон ҳал карда наметавонем?!

4 Агар масъалаҳои одӣ пайдо шаванд, чаро онро назди одамоне меоред, ки ба ҷамоати имондорон тааллуқ надоранд?!

5 Ман инро барои шарманда шудани шумо мегӯям. Наход дар байни шумо як хирадманд ёфт нашавад, ки баҳси байни имондоронро бартараф кунад?!

6 Лекин баръакс, имондор бо имондор баҳс мекунаду шахси беимон онро бартараф менамояд!

7 Ҳамин дар байни худ даъво доштан аллакай як шикаст аст. Беҳтар аст, ки ранҷида ё ғоратшуда бошед.

8 Вале худи шумо бародару хоҳаронатонро меранҷонед ва онҳоро ғорат мекунед!

9 Худо ба бадкорон ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳад, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ кунанд. Худро фирефта накунед! Ба гунаҳкорони ҷинсию бутпарастон, занону шавҳарони зинокор ва ҳамҷинсгароёну бачабозон,

10 дуздону чашмгуруснагон, майпарастону туҳматгарон ва ё фиребгарон Подшоҳии Худо насиб намегардад.

11 Баъзеи шумо низ дар гузашта чунин гунаҳкор будед. Лекин акнун шумо аз гуноҳатон шуста шудед ва ба Худо бахшида шудед. Инчунин, бо номи Худованд Исои Масеҳ ва қуввати Рӯҳи Худоямон сафед шудед.

12 Шумо мегӯед: «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз фоиданок аст! Боз мегӯед: «Ҳама кор барои ман мумкин аст!» Аммо ман ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ чиз набояд моро ғулом гардонад!

13 Шумо мегӯед, ки «Ғизо барои шикам аст ва шикам барои ғизо аст!» Аммо Худо ҳар дуяшро нобуд мекунад. Бадан набояд барои гуноҳҳои ҷинсӣ, балки барои ба Худованд хизмат кардан истифода бурда шавад ва Худованд баданро нигоҳ мекунад.

14 Худо, чи хеле ки Худованд Исои Масеҳро бо қуввати Худ зинда кард, моро ҳам зинда хоҳад кард.

15 Магар шумо намедонед, ки бадани шумо ба Масеҳ тааллуқ дорад?! Оё мумкин аст, ки ман он чи ки аз они Масеҳ аст, гирифта, бо бадани фоҳиша якҷоя созам?! Ҳаргиз!

16 Оё шумо намедонед, ки агар касе бо фоҳиша якҷоя шавад, бо ӯ як ҷону тан мешавад? Дар ин бора дар навиштаҷоти Худо омадааст: «Ду кас як тан мешаванд».

17 Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, рӯҳан бо Ӯ як мешавад.

18 Аз гуноҳи ҷинсӣ гурезед! Ҳар гуноҳи дигаре ки одам мекунад, бар зидди баданаш нест. Лекин гунаҳкорони ҷинсӣ бар зидди бадани худ гуноҳ мекунанд.

19 Магар намедонед, ки бадани шумо макони муқаддас, яъне маъбади Рӯҳулқудс аст, ки дар вуҷудатон зиндагӣ мекунад?! Магар намедонед, ки Рӯҳулқудсро ба шумо Худо ато кардааст? Шумо ба худ тааллуқ надоред,

20 чунки Ӯ шуморо бо нархи гарон харидааст. Барои ҳамин бадани худро барои бузург доштани номи Худо истифода баред.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16