меню

1 Нома ба Қӯринтиён 15 Боб


1 Бародарону хоҳарон, хотиррасон кардан мехоҳам, ки хушхабареро, ки пештар ба шумо эълон мекардам, қабул кардед ва дар он устувор истодаед.

2 Агар шумо хушхабареро, ки эълон кардаам, маҳкам нигоҳ доред, он шуморо наҷот медиҳад, вагарна беҳуда имон овардаед.

3 Аввал ин ки ман хушхабари гирифтаамро ба шумо расондам, ки чунин аст: Масеҳ, мувофиқи навиштаҷот, барои гуноҳҳои мо мурд.

4 Ӯ гӯронида шуд ва дар рӯзи сеюм мувофиқи навиштаҷот Худо Ӯро зинда кард.

5 Аввал Ӯ ба Петрус ва баъд ба дувоздаҳ фиристодагонаш,

6 сипас дар як вақт ба зиёда аз панҷсад нафар пайравонаш зоҳир гардид. Баъзе пайравонаш аллакай вафот кардаанд, лекин бештари онҳо дар қайди ҳаётанд.

7 Сипас Ӯ ба Яъқуб ва дертар ба тамоми фиристодагонаш зоҳир шуд.

8 Аз ҳама охир ба ман зоҳир шуд, ки ман ба таври ғайриодӣ фиристода шуда будам!

9 Чунки ман дар байни дигар фиристодагон қадри камтар дорам. Азбаски пештар ҷамоати Худоро дунболагирӣ мекардам, ҳатто сазовор нестам, ки худамро фиристода биномам.

10 Аммо ба воситаи файзу меҳрубонии Худо он чи имрӯз ҳастам ва файзе, ки Ӯ бар ман додааст, беҳуда нест. Чунки аз ҳамаи фиристодагон зиёдтар меҳнат кардам ва на ман, балки Худо ба воситаи ман бо файзаш кор мекард.

11 Лекин фарқ надорад, ки шумо хушхабарро аз ман шунидед ё аз онҳо. Муҳим он аст, ки шумо ба хушхабаре имон овардед, ки ҳамаи мо онро эълон мекунем.

12 Агар мо аз мурдагон зинда шудани Масеҳро эълон мекарда бошем, чӣ гуна баъзеи шумо мегӯед, ки зиндашавии мурдагон вуҷуд надорад?

13 Агар зиндашавии мурдагон вуҷуд надошта бошад, пас Масеҳ ҳам зинда нашудааст!

14 Агар Масеҳ зинда нашуда бошад, ҳам хушхабарро эълон кардани мо беҳуда асту ҳам имони шумо беҳуда аст!

15 Агар ҳақиқатан мурдагон зинда нашаванд, пас мо ба шумо дурӯғ гуфтаем, чунки мо ба шумо дар бораи Худо шаҳодат додем, ки Ӯ Исоро зинда кардааст.

16 Охир агар мурдагон зинда нашаванд, пас Масеҳ ҳам зинда нашудааст.

17 Агар Масеҳ зинда нашуда бошад, пас имон оварданатон беҳуда аст ва шумо то ҳол бо гуноҳҳоятон зиндагӣ мекунед.

18 Дар ин ҳолат онҳое ки бо имон ба Исои Масеҳ вафот кардаанд, нобуд шудаанд.

19 Агар ба Масеҳ фақат дар ин дунё умед дошта бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарин ҳастем.

20 Аммо Масеҳ дар ҳақиқат аз байни мурдагон зинда карда шудааст ва Ӯ кафолати он аст, ки пайравонаш низ бархезонда мешаванд.

21 Чунон ки марг ба воситаи инсон ба ҷаҳон омадааст, зиндашавии мурдагон низ ба воситаи инсон ба вуҷуд омадааст.

22 Инсони аввалин – Одам гуноҳ карда, ба ҳамаи мо марг овард, лекин Масеҳ ба ҳамаи мо, ки ба Ӯ тааллуқ дорем, ҳаёт бахшид.

23 Лекин ҳар кас дар навбати худ зинда хоҳад шуд. Аввал Худо Масеҳро аз мурдагон зинда кард, сипас ҳангоми бозгашташ онҳое, ки аз они Ӯ ҳастанд, зинда мешаванд.

24 Сипас вақте ки дунё ба охир мерасад, Масеҳ тамоми қудрату қувватро шикаст дода, Подшоҳиро ба дасти Худо Падар месупорад.

25 Чунки то замоне ки Масеҳ ҳамаи душманонро зери пойҳои Худаш нагузорад, бояд ҳукм ронад.

26 Охирин душмане, ки нобуд карда мешавад, марг аст.

27 Навиштаҷот мегӯяд, ки Худо ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузоштааст. Вале маълум аст, ки Худое, ки ҳама чизро зери пойҳои Масеҳ гузоштааст, ба «ҳама чиз» дохил намешавад.

28 Вақте ки ҳама чиз таҳти фармони Масеҳ қарор мегирад, Масеҳ низ, ки Писари Худост, Худро зери фармони Худое мегузорад, ки ҳама чизро ба зери итоаташ дароварда буд. Сипас Худо дар ҳама ҷо, сарвари ҳама чиз мегардад.

29 Баъзе имондорон ба ҷойи одамони беимони вафоткарда дар об таъмид гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд, ки гузаштагонро пайравони Масеҳ гардонанд. Вале агар онҳо тамоман зинда нашаванд, чаро одамон ба ҷойи онҳо таъмид мегиранд?

30 Мо барои чӣ беист худро ба хатар меандозем?

31 Бо фахре, ки аз шумо дар Худованди мо Исои Масеҳ дорам, қасам мехӯрам, ки ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам.

32 Агар ман аз рӯйи фикри одамӣ бо эфесусиён, ки мисли ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, меҷангидам, чӣ фоида мегирифтам? Агар мурдагон зинда нашаванд, пас биёед «бихӯрему бинӯшем, зеро фардо мемирем».

33 Фирефта нашавед, чунки ёрони бад шуморо аз роҳ мезананд.

34 Ҳушёр шавед ва дигар гуноҳ накунед. Ман ин суханонро барои шарм дорондани шумо мегӯям, зеро баъзеҳо Худоро намешиносанд.

35 Шояд ягон кас пурсад: «Мурдагон чӣ гуна зинда мешаванд? Бадани зиндашудаашон чӣ гуна шакл мегирад?»

36 Ин саволҳо бемаънианд! Тухмие, ки ба замин мекоред, то намирад, зинда намешавад.

37 Шумо на растаниро, балки як тухмиро, хоҳ донаи гандум хоҳ донаи дигар мекоред, ки ҳанӯз шакл нагирифтааст.

38 Вале Худо ба ҳар навъи тухмӣ мувофиқи хости Худ ҷисм медиҳад.

39 Ҷисмҳо гуногун мешаванд. Ҷисми одам аз ҷисми ҳайвон ва ҷисми паррандагон аз ҷисми моҳиён фарқ дорад.

40 Ҷисмҳои осмонӣ ва заминӣ вуҷуд доранд, вале зебоии онҳо аз ҳам фарқ мекунад.

41 Зебоии офтоб дигар асту зебоии моҳу ситораҳо ва дар навбати худ ситораҳо низ бо зебоӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

42 Ҳангоми зиндашавии мурдагон низ чунин хоҳад буд. Он чи ки нобудшаванда аст, ба хок рафта, дар ҳолати абадӣ бармехезад.

43 Баднамуд ба хок рафта, дар ҳолати хушнамуд бармехезад. Дар ҳолати нотавонӣ гузошта шуда, дар ҳолати қудратмандӣ бармехезад.

44 Бо бадани ҷисмонӣ ба хок супурда мешавад ва бо бадани рӯҳонӣ бармехезад. Чунон ки бадани ҷисмонӣ ҳаст, бадани рӯҳонӣ низ вуҷуд дорад.

45 Дар навиштаҷот чунин омадааст, ки «Аввалин инсон, яъне Одам ҷони зинда гашт». Вале Масеҳ, ки «Одами охирин» аст, ба дигарон рӯҳи ҳаётбахш гардид.

46 Чизҳои рӯҳонӣ аввал намеоянд. Аввал ҷисмонӣ, баъд рӯҳонӣ меояд.

47 Одами якум аз хоки замин офарида шуд ва одами дуюм Масеҳ аз осмон аст.

48 Одамони хокӣ ба инсони хокии аввалин монанданд. Дар осмон бошад, ҳар як кас ба мисли Масеҳ, ки аз осмон аст, монанд мешавад.

49 Ҳар яки мо дар замин ба мисли Одами аввалин бадан дорем. Дар осмон бошад, ҳар якеамон ба Масеҳ, ки аз осмон аст, монанд мешавем.

50 Бародарону хоҳарон, ҳаминро ба шумо мегӯям, ки бадани ҷисмонии мо дар Подшоҳии Худо мерос гирифта наметавонад. Чизҳои нобудшаванда чизҳоеро, ки нобуд намешаванд, ба даст оварда наметавонад.

51 Гӯш кунед, ба шумо як сирро мекушоям, ки ҳамаамон намемирем, лекин ҳамаамон тағйир меёбем.

52 Ногаҳон, дар як мижа задан бо садои карнайи охирин дигаргун мешавем. Карнай садо мебарорад, сипас мурдагон ба таври абадӣ зинда карда мешаванд ва мо тағйир меёбем.

53 Зеро он чи нобудшаванда аст, бояд ба абадӣ табдил ёбад ва он чи миранда аст, бояд ба намиранда табдил ёбад.

54 Ҳангоме ки нобудшаванда ба абадӣ ва миранда ба намиранда мубаддал мешавад, суханони навиштаҷот ба амал меояд: «Марг мағлуб шуд! Ғалаба!»

55 «Эй марг! Ғалабаи ту куҷост?! Эй марг! Неши ту куҷост?!»

56 Аз он ки мо гуноҳ мекунем, мемирем ва аз он ки шариати Худоро дорем, гуноҳҳоямонро мефаҳмем.

57 Лекин шукри Худо, ки Ӯ ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ ба мо ғалаба медиҳад.

58 Барои ҳамин, бародарону хоҳарони азизи ман, устувору матин бошед. Ба Худованд ҳамеша аз таҳти дил хизмат кунед, зеро медонед, ки меҳнати шумо дар пеши Худованд беҳуда нест.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16