1 Бародарону хоҳарон, ман ба пеши шумо барои эълон кардани шаҳодат дар бораи Худо омадам. Лекин онро бе калимаҳои адабӣ ва хиради инсонӣ гуфтам,
2 чунки ман қарор додам, ки ба шумо танҳо дар бораи Исои Масеҳ ва марги Ӯ дар салиб сухан мегӯям.
3 Барои ҳамин дар наздатон суст ва дар тарсу ларзи бузурге будам.
4 Суханону паёмамро бо суханони зебо ва ҳикмату дониши инсонӣ таълим намедодам, балки бо қуввати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро ба шумо расондам.
5 То ки бо ин тарз имони шумо на ба андешаҳои одамӣ, балки ба қуввати Худо такя кунад.
6 Вале мо барои имондорони баркамол хирадро эълон мекунем, лекин мо ҳикмату дониши ин ҷаҳон ё хиради ҳукмронони ин ҷаҳонро, ки нобуд мешаванд, таълим намедиҳем.
7 Хираде, ки мо эълон мекунем, нақшаи хирадмандонаи Худост. Пеш аз офариниши олам Ӯ қарор дода буд, ки нақшааш барои манфиати мо аст, аммо онро пинҳон кард.
8 Лекин ҳукмронони ин замон ин нақшаи хирадмандонаи Худоро намедонистанд, чунки агар медонистанд, Худованди бузургро ба салиб мехкӯб карда намекуштанд.
9 Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Он чиро, ки Худо барои онҳое ки Ӯро дӯст медоранд, муҳайё кардааст, чашме надида, гӯше нашунида ва дар борааш фикре ба дили одамизод наомадааст».
10 Аммо ин хирадро Худо ба воситаи Рӯҳаш ба мо ошкор кардааст. Зеро Рӯҳи Худо аз тамоми чиз, ҳатто аз андешаҳои Худо огоҳ аст.
11 Андешаҳои шахсро ғайр аз рӯҳаш, ки дар ӯст, касе намедонад. Андешаҳои Худоро низ танҳо Рӯҳи Худо медонад.
12 Мо на рӯҳи ин ҷаҳон, балки Рӯҳи Худоро қабул кардаем, то ҳар он чиро ки Худо ба мо ато додааст, бидонем.
13 Суханонамонро на бо калимаҳое, ки ҳикмату дониши инсонӣ ба мо ёд додааст, балки бо калимаҳое, ки Рӯҳи Худо ба мо ёд додааст, мегӯем. Ҳамин тавр чизҳои рӯҳониро ба одамони рӯҳонӣ мефаҳмонем.
14 Касе ки рӯҳонӣ нест, аз Рӯҳи Худо ҳақиқатро қабул намекунад. Ин барояш беақлӣ аст, чунки ӯ қобилияти фаҳмидани онро надорад. Онро фақат бо ёрии Рӯҳ фаҳмидан мумкин аст.
15 Аммо шахсе ки Рӯҳулқудс дорад, рӯҳонӣ аст ва ба ҳама чиз баҳо дода метавонад, лекин дигарон ба ӯ баҳо дода наметавонанд.
16 Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Ҳеҷ кас андешаҳои Худовандро фаҳмида наметавонад ва ҳам ба Ӯ маслиҳат дода наметавонад». Азбаски мо бо Масеҳ ҳамфикр шудем, андешаҳояшро мефаҳмем.