меню

1 Нома ба Қӯринтиён 11 Боб


1 Чунон ки ман аз Масеҳ ибрат мегирам, шумо низ аз ман ибрат гиред.

2 Шуморо таъриф мекунам, ки маро ҳамеша дар ёд доред ва ба таълимоти ба шумо расондаам итоат мекунед.

3 Мехоҳам донед, ки сардори ҳар як мард Масеҳ аст. Сардори ҳар як зан шавҳари ӯст ва сардори Масеҳ Худо аст.

4 Ҳар марде, ки бо сари пӯшида дуо гӯяд ё паёми Худоро расонад, ба сардори худ беҳурматӣ мекунад.

5 Инчунин, ҳар зане, ки бо сари луч дуо гӯяд ё паёми Худоро расонад, ба сарвари худ, яъне ба шавҳараш беҳурматӣ мекунад. Чунки вай дар ин ҳолат ба монанди зани сартарошида аст.

6 Агар зан рӯймол бастан нахоҳад, бигзор мӯйи сарашро қайчӣ кунад. Вале агар ӯ аз мӯйи бурида ё аз сари тарошида шарм дорад, бигзор рӯймол бандад.

7 Мард набояд сарашро пӯшонад, зеро ӯро Худо ба Худ монанд офаридааст ва ӯ бузургии Худоро нишон медиҳад. Зан бошад, бузургии шавҳарашро нишон медиҳад.

8 Зеро мард аз зан не, балки зан аз мард офарида шудааст.

9 Мард барои зан не, балки зан барои мард офарида шудааст.

10 Бинобар ин, ба хотире ки фариштагон мебинанд, зан бояд ба сараш рӯймол бандад, то нишон диҳад, ки дар зери итоат аст.

11 Лекин дар ҳаёте, ки мо бо Худованд дорем, мард ба зан вобаста асту зан ба мард.

12 Зан аз мард офарида шуда бошад ҳам, мард аз зан таваллуд мешавад. Ҳамаи ин аз тарафи Худост.

13 Худатон фикр кунед, оё аз рӯйи одоб аст, ки зан бо сари луч ба Худо дуо гӯяд?!

14 Инчунин, худи шумо табиатан намефаҳмед, ки мӯйи дароз барои мард шармовар аст?!

15 Мӯйи дарози зан бошад, боиси ифтихори ӯст ва барои пӯшонидани сар ба ӯ дода шудааст.

16 Ба касе, ки дар ин бора баҳс кардан мехоҳад, гуфтаниам, ки мо ва дигар ҷамоатҳои Худо ба ғайр аз ин одати дигар надорем.

17 Дар мавриди дастурҳои дигар шуморо таъриф намекунам, чунки вақте ки шумо ҷамъ мешавед, шумо на фоида, балки бештар зарар меоред.

18 Аввалан, ман шунидам, ки дар ҷамъомади худ шумо байнатон ба ҷудоӣ роҳ медиҳед. То як дараҷа бовар мекунам, ки ин хабар рост аст.

19 Лекин албатта, гуногунфикрӣ бояд дар байнатон бошад, то писандидагони Худо маълум шаванд.

20 Ҳангоме ки шумо ҳама якҷоя дар сари як дастархон нишаста, таом мехӯред, онро шоми Худованд ном бурдан номумкин аст.

21 Зеро баъзеи шумо баднафсона хӯрок мехӯреду ба дигарон чизе намегузоред. Дар натиҷа яке серу маст мешаваду дигаре гурусна мемонад.

22 Чӣ, магар шумо хона надоред, ки дар он ҷо хӯреду нӯшед?! Ё шумо ҷамоати Худоро шарманда карданӣ ҳастед?! Ё мехоҳед, ки камбағалоне, ки бо худ хӯрок оварда наметавонанд, хиҷолат кашанд? Ба шумо чӣ гӯям?! Барои ин коратон шуморо таъриф кунам?! Албатта не!

23 Он чи ки Худованд Исои Масеҳ дар бораи ин шом фармудааст, чунин аст ва ман ҳам пештар онро ба шумо таълим дода будам. Худованди мо Исо дар шоме, ки Яҳудо ба Ӯ хиёнат кард, нонро гирифта,

24 ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуда гуфт: «Нонро гирифта бихӯред, чунки ин бадани Ман аст, ки бароятон қурбонӣ карда мешавад. Барои ёдоварии Ман ҳамин тавр бикунед».

25 Айнан ҳамин тарз Исо пас аз таоми шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳду паймони навест, ки Худо бо халқаш бо хуни Ман бастааст. Ҳар боре ки аз ин коса нӯшед, Маро ба ёд оваред».

26 Бо ин восита, то замони бозгашти Худованд Исо, ҳар боре ки ин нонро мехӯреду аз ин коса менӯшед, шумо хабари марги Худовандро эълон мекунед.

27 Бинобар ин ҳар касе, ки бепарвоёна аз нон бихӯрад ва аз косаи Худованд бинӯшад, бар зидди бадан ва хуни Худованд гунаҳкор мешавад.

28 Аз ин рӯ шахс бояд аввал худашро санҷида, сипас ин нонро хӯрда, аз ин коса нӯшад.

29 Агар касе нонро, ки бадани Масеҳ аст, бихӯрад ва аз коса, ки хуни Масеҳ аст, бинӯшад ва дарк накунад, ки имондорон дар Масеҳ як ҳастанд, Худо ӯро ҷазо медиҳад.

30 Барои ҳамин дар байнатон одамони касалу заиф зиёданд ва ҳатто бисёриҳо мурдаанд.

31 Агар мо худамонро месанҷидем, ҷазо намегирифтем.

32 Вале Худованд моро ҳозир ҷазо дода, тарбия мекунад, то ки дар охирзамон бо беимонон ҳукм карда нашавем.

33 Бародарону хоҳаронам, ҳангоме ки ҳамаатон дар сари як дастархон мешинед, ҳамдигарро интизор шавед.

34 Агар касе хеле гурусна бошад, бояд дар хонааш хӯрад, то ки ҷамъ шудани имондорони ҷамоат сабаби ҳукмшавӣ нагардад. Дар бораи чизҳои дигар бошад, вақте ки худам ба наздатон меоям, фармон медиҳам.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16