1 Шумо медонед, ки ман ҳамчун марди озод ҳаққу ҳуқуқ дораму фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ман Худованд Исоро бо чашмони худ дидаам. Натиҷаи меҳнати ман буд, ки шумо ба Худованд имон овардед.
2 Шояд дигарон маро фиристодаи Масеҳ ҳисоб накунанд, лекин ман барои шумо фиристода ҳастам! Имон оварданатон аниқ нишон медиҳад, ки ман фиристода ҳастам.
3 Ин аст ҷавоби ман ба онҳое, ки маро танқид мекунанд.
4 Мо ҳамчун фиристодагони Масеҳ ҳақ дорем, ки аз ҳисоби ҷамоати имондорон зиндагӣ кунем.
5 Мо низ ба монанди Петрус ва дигар фиристодагону бародарони Худованд ҳақ дорем, ки зани имондор гирифта, ҳамроҳамон ба сафар барем.
6 Ё фақат ману Барнаббо бояд барои нони хӯрданӣ кор кунем?
7 Кадом сарбоз аз ҳисоби худаш хизмат мекунад? Кадом деҳқон ток шинонда, ангурашро намехӯрад? Ё кадом подабонро дидед, ки аз шири рамааш намехӯрда бошад?!
8 Ин суханон на фақат аз нуқтаи назари одамист, балки шариат низ онро тасдиқ мекунад,
9 зеро дар шариати Мусо чунин навишта шудааст: «Вақте ки барзагов хирманро мекӯбад, даҳонашро набанд». Магар Худо танҳо дар бораи барзагов ғамхорӣ мекунад?
10 Албатта не, Ӯ дар бораи мо гап мезанад. Ин суханон дар навиштаҷот барои он омадааст, ки ҳам касе, ки шудгор мекунаду ҳам касе, ки хирман мекӯбад, барои гирифтани ҳиссаи худ аз ҳосил умед доранд.
11 Мо ба шумо хушхабарро расонда, дар байнатон тухми рӯҳонӣ коштем. Оё ҳақ надорем, ки аз шумо ҳосил, яъне кумаки моддӣ гирем?
12 Агар дигарон ба ёрии шумо ҳақ дошта бошанд, пас мо нисбат ба онҳо бисёртар ҳақ дорем! Лекин мо ин ҳаққамонро истифода набурдаем. Баръакс, ба ҳама чиз тоқат мекунем, то ки ба паҳн шудани хушхабари Масеҳ халал нарасонем.
13 Магар намедонед, онҳое, ки дар маъбади Худо хизмат мекунанд, аз он ҷо хӯрок мехӯранд ва онҳое ки дар назди қурбонгоҳ хизмат мекунанд, ҳаққи худро аз қурбониҳо мегиранд?
14 Инчунин Худованд фармудааст, онҳое, ки хушхабарро эълон мекунанд, бо ҳамин роҳ зиндагиашонро таъмин мекунанд.
15 Вале ман ягон бор аз ин ҳаққи худ истифода набурдаам ва ин мактубро ҳам на барои он менависам, ки аз шумо ягон кумаки моддӣ гирам. Мурдан беҳтар аст аз он, ки касе маро аз фахрам маҳрум созад. Фахри ман ин аст, ки хушхабарро ба шумо бепул эълон кардам.
16 Лекин ба ҳар ҳол, ман аз паҳн кардани хушхабар фахр намекунам, зеро бояд онро паҳн кунам. Вой бар ҳоли ман, агар хушхабарро эълон накунам!
17 Агар ин корро ба ихтиёри худам мекардам, шояд музд мегирифтам. Аммо ин корам ғайриихтиёрӣ аст, зеро ман танҳо вазифаеро иҷро мекунам, ки Худо онро ба ман фармудааст.
18 Ин тавр ки бошад, музди ман аз чӣ иборат аст? Музди ман аз он иборат аст, ки хушхабарро бемузд эълон кунам ва аз ҳаққе, ки дорам, истифода набарам.
19 Ман озод ҳастаму хӯҷаин надорам, лекин худамро ғуломи ҳама кардам, то ки бисёртар одамонро ба назди Масеҳ орам.
20 Бо яҳудиён мисли яҳудӣ зиндагӣ кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Яъне бо иҷрокунандагони шариат, ҳарчанд дар зери ҳукми шариат набошам ҳам, чун иҷрокунандаи шариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам.
21 Бо одамоне, ки шариати Мусоро надоранд, ба мисли одами бешариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Вале бо вуҷуди ин шариати Худоро рад накардаам, балки ба шариати Масеҳ итоат кардам.
22 Ман барои онҳое, ки сустимонанд, худро сустимон гирифтам, то ки онҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. Хулоса, ман бо ҳар роҳ кӯшиш кардам, ки ба мисли яке аз онҳо шавам, то ки баъзеҳоро ба назди Исои Масеҳ орам.
23 Ҳамаи инро ман ба хотири хушхабар иҷро мекунам, то ки дар қатори дигарон баракати хушхабарро ба даст оварам.
24 Магар шумо намедонед, ки дар варзишгоҳ тамоми иштирокчиёни мусобиқа медаванд, вале фақат як нафар мукофот мегирад. Шумо ҳам давед, то ки мукофотро ба даст оред.
25 Ҳамаи варзишгарон барои гирифтани тоҷе, ки зуд пажмурда мешавад, бо тамоми ҳастияшон машқ мекунанд. Мо бошем, барои аз Худованд гирифтани тоҷе, ки пажмурда намешавад, машқ мекунем.
26 Аз ин сабаб ман бемақсад намедавам ва беҳуда мушт ба ҳаво намезанам.
27 Ман чун варзишгар идора кардани баданро сахт машқ карда, онро ғуломи худ мегардонам, то ки хушхабарро ба дигарон эълон карда, худам бе мукофот намонам.