1 Нома ба Қӯринтиён 7 Боб
1 Шумо қуринтиён ба ман дар мактуби пешинаатон навишта будед, ки зан нагирифтани мард беҳтар аст.
2 Лекин барои пешгирӣ кардани гуноҳи ҷинсӣ беҳтар аст, ки ҳар мард зани худ ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.
3 Бигзор шавҳар нисбат ба занаш ва зан нисбат ба шавҳараш вазифаҳои заношӯйиро иҷро кунад.
4 Зан бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они шавҳар аст. Шавҳар низ бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они зан аст.
5 Ба ғайр аз он ки бо ризогии тарафайн барои дуову рӯза вақт сарф мекунед, дар ҳолатҳои дигар аз якдигар дурӣ наҷӯед. Сипас аз нав якҷоя шавед, вагарна шайтон ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон шуморо ба гуноҳи ҷинсӣ мебарад.
6 Дар ин бора ман на фармон, балки маслиҳат медиҳам.
7 Мехостам, ки ҳамаи одамон ба мисли ман дар ҳаёт атои муҷаррад мондан дошта бошанд. Лекин Худо ба ҳар кас қобилият ва атоҳои гуногун додааст.
8 Ман ба шахсони муҷаррад ва бевазанон маслиҳат медиҳам, ки беҳтар аст издивоҷ накунанд ва мисли ман бимонанд.
9 Вале агар тоқат карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд. Зан гирифтан беҳтар аст аз он ки ба ҳавасҳои алоқаи ҷинсӣ гирифтор шаванд.
10 Ба одамони оиладор на ман, балки Худованд фармон медиҳад, ки зан аз шавҳараш набояд ҷудо шавад.
11 Агар зан аз шавҳараш ҷудо шавад, бигзор дигар издивоҷ накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад. Мард ҳам набояд аз занаш ҷудо шавад.
12 Ба дигарон бошад, на Худованд, балки ман мегӯям, ки агар марди имондоршуда зани беимон дошта бошаду он зан ба зиндагӣ бо шавҳараш розӣ бошад, мард набояд занашро талоқ диҳад.
13 Ҳамчунин, агар зани имондоршуда шавҳари беимон дошта бошаду он мард ба зиндагӣ бо занаш розӣ бошад, зан набояд шавҳарашро тарк кунад.
14 Зеро шавҳари беимон ба воситаи зани имондораш ва зани беимон ба воситаи шавҳари имондораш пок мегардад. Дар чунин ҳолат кӯдаконатон пок ҳастанд, вагарна онҳо нопок мебуданд.
15 Вале агар ҳамсари беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад. Дар чунин вазъият ҳамсари имондор маҷбур нест, ки бо ҳамсари беимон зиндагиро давом диҳад. Худо моро ба осоиштагӣ даъват кардааст.
16 Эй зани имондор! Эй марди имондор! Кӣ медонад, ки агар ҳамроҳи ҳамсари беимон зиндагӣ кардан гиред, ӯро наҷот дода метавонед.
17 Ба ҳар ҳол ҳар якеатон мувофиқи ҳаёте, ки Худованд додааст, зиндагӣ кунед ва дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват кардааст, бимонед. Ман ба ҳама ҷамоатҳои имондорон чунин фармон медиҳам.
18 Агар касе хатнашуда бошад, хатнашуда боқӣ монад ва агар хатнанашуда бошад, хатна накунад.
19 Байни хатнашуда ва хатнанашуда фарқ нест. Муҳим он аст, ки шахс фармонҳои Худоро риоя кунад.
20 Бигзор ҳар кас дар ҳамон ҳолате, ки Худо ӯро даъват карда буд, боқӣ монад.
21 Агар ҳангоми ғулом буданатон Худо шуморо даъват карда бошад, ки ба Масеҳ имон биёред, андӯҳгин нашавед. Лекин агар имконияти озод шудан бошад, онро истифода баред.
22 Зеро ғуломе, ки Худованд ӯро даъват кардааст, барои Худованд озод аст. Инчунин, шахси озоди даъватшуда ғуломи Масеҳ аст.
23 Худо шуморо бо нархи гарон харидааст, барои ҳамин ғуломи одамон нашавед.
24 Бародарону хоҳарон, дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват карда буд, боқӣ монед.
25 Дар бораи духтарон аз Худованд ягон фармон надорам. Лекин мехоҳам, ки андешаи худамро гӯям. Аз он ки Худованд ба ман раҳм карда, маро фиристода таъйин кард, ба ман бовар кардан мумкин аст.
26 Фикр мекунам, ки дар ин замони душвор беҳтар аст ҳар кас дар ҳамон ҳолаташ бимонад.
27 Яъне агар оиладор бошед, ҷудо нашавед. Агар безан бошед, зан нагиред.
28 Лекин агар зан гиред ҳам, гуноҳ намекунед. Инчунин, агар духтаре ба шавҳар барояд, гуноҳ намекунад. Азбаски дар ҳаёти занушавҳарӣ азобҳо зиёданд, ман раҳми шуморо мехӯрам.
29 Бародарону хоҳарон, ман гуфтаниам, охирзамон наздик асту вақт кам мондааст, барои ҳамин фарқ надорад, ки шахс оиладор ҳаст ё не.
30 Инчунин, фарқ надорад, ки шахс гиря мекунад ё хушҳолӣ мекунад, харид мекунад ё хариде намекунад.
31 Касе, ки бо корҳои дунявӣ машғул аст, набояд саргарми кор шавад, балки ба корҳои Худованд аҳамияти калон диҳад, зеро ин дунё гузарон аст.
32 Ман мехоҳам, ки шумо аз ташвишҳо озод бошед. Марди безан ба корҳои Худованд банд аст, то ки ба Ӯ писанд ояд.
33 Вале марди оиладор барои ба занаш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст ва
34 ба ду тараф тақсим шудааст. Духтар ё бевазан саргарми корҳои Худованд аст, то ки ҳам рӯҳану ҳам ҷисман ба Худованд бахшида шуда бошад. Зани шавҳардор барои ба шавҳараш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст.
35 Ман инро барои фоидаи шумо мегӯям ва на барои он ки шуморо аз ягон чиз маҳрум кунам, то ки шумо ба корҳои дигар банд нашуда, парҳезгорона ва пайваста дар хизмати Худованд бошед.
36 Агар марде фикр кунад, ки нисбат ба номзади худ нодуруст рафтор мекунад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда натавонаду фикр кунад, ки бояд зан гирад, бигзор бо ҳамон духтар оиладор шавад.
37 Лекин агар мард қарор диҳад, ки зан намегирад, ба оиладоршавӣ эҳтиёҷ надорад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда метавонад, хуб аст, ки зан нагирад.
38 Ҳар касе, ки зан мегирад, рафтори хуб мекунад ва ҳар касе, ки зан намегирад, боз ҳам хубтар рафтор мекунад.
39 Зан ҳангоми зинда будани шавҳараш ба ӯ тааллуқ дорад. Пас аз вафоти шавҳараш ӯ ба шахси дилхоҳаш ба шавҳар баромада метавонад. Муҳимаш он аст, ки он мард ба Худованд имон дошта бошад.
40 Маслиҳат медиҳам, ки агар зан дуюмбора шавҳар накунад, хушбахттар мешавад. Ба фикрам, маслиҳати додаам аз ҷониби Рӯҳи Худост, ки Ӯ дар вуҷуди ман аст.