меню

1 Нома ба Қӯринтиён 10 Боб

гузариш зуд:

1 Бародарону хоҳарон, ман мехоҳам, ки шумо дар бораи аҷдодонамон бидонед. Ҳамаи онҳо дар зери ҳимояи абри Худо буданд ва аз баҳр ба хушкӣ гузаштанд.

2 Ҳамин тавр онҳоро абру баҳр фаро гирифт ва онҳо таъмид гирифтанд. Аз ин таъмид ҳамаашон пайравони Мусо шуданд.

3-4 Ҳамаи онҳо як ғизоеро муъҷиза ва оберо менӯшиданд, ки Худо ба онҳо бо роҳи мӯъҷиза дода буд. Об аз ҳамон харсанге меомад, ки аз пасашон мерафт ва он харсанг Масеҳ буд.

5 Вале бо вуҷуди ин аксарияти онҳо ба Худо писанд наомаданд ва дар натиҷа дар биёбон ба ҳалокат расиданд.

6 Ҳамаи ин воқеаҳо барои мо ҳамчун огоҳие буд, то ки мо мисли онҳо орзуи чизҳои бад накунем ва

7 ба монанди баъзеи онҳо бутпараст нашавем. Охир, дар навиштаҷот дар бораи онҳо омадааст: «Мардум нишаста, хӯрданду нӯшиданд ва сипас ба рақсу бозӣ даромаданд».

8 Вале мо набояд ба монанди баъзеи онҳо гуноҳи ҷинсӣ кунем. Онҳо гуноҳи ҷинсӣ карданд ва оқибат дар як рӯз бисту се ҳазор нафар ҳалок шуд.

9 Мо набояд ба монанди баъзе аҷдодонамон дар биёбон Масеҳро озмоиш кунем. Онҳо Масеҳро озмуданд ва оқибат аз заҳри морон мурданд.

10 Инчунин, ба монанди баъзеи онҳо шикоят накунем. Онҳо шикоят карданду аз дасти нобудкунанда нобуд шуданд.

11 Ҳамаи ин ба он хотир рӯй дод, ки барои мо намуна бошад. Ин барои ҳамаи мо ҳамчун огоҳӣ навишта шудааст, зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки рӯзи қиёмат наздик аст.

12 Барои ҳамин ҳар кӣ гумон мекунад, ки дар имон устувор истодааст, эҳтиёт шавад, то ки наафтад.

13 Озмоишҳое, ки шумо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавед, ба сари ҳар инсон меоянд. Аммо Худо вафодор аст ва намегузорад, ки шумо беш аз тавоноии худ санҷида шавед. Балки дар баробари озмоишҳо роҳи халосиро низ нишон медиҳад, то ки шумо онро паси сар карда тавонед.

14 Барои ҳамин, азизонам, шумо бояд аз бутпарастӣ гурезед.

15 Ман ба шумо ҳамчун ба одамони боақл мегӯям, ки дар бораи суханонам худатон андеша ронед.

16 Мо имондорон ҳангоми таоми шоми Худованд ҷамъ шуда, аз як коса менӯшем ва барои он Худоро шукр мегӯем. Ин коса нишон медиҳад, ки хуни Масеҳ барои мо рехта шудааст. Мо ҳам нонро шикаста мехӯрем, ки ин нишонаи бадани Масеҳ аст. Бо ин роҳ нишон медиҳем, ки бо Ӯ ва бо ҳам як ҳастем.

17 Ҳарчанд мо бисёрем, як тан ҳастем, зеро як нонро мехӯрем.

18 Ба халқи Исроил нигоҳ кунед. Онҳое ки дар макони муқаддас аз хӯроки дар қурбонгоҳ ба Худо тақдимшударо мехӯранд, дар ибодати Худо иштирок мекунанд.

19 Ман гуфтанӣ нестам, ки бут ё хӯроки ба бут қурбонишуда ягон маъно дорад.

20 Ман гуфтаниам, ки бутпарастон қурбониҳояшонро на ба Худо, балки ба ҷинҳо пешкаш мекунанд. Барои ҳамин ман намехоҳам, ки шумо бо ҷин муносибат дошта бошед.

21 Шумо наметавонед ҳам аз косаи Худованд нӯшеду ҳам аз косаи ҷин! Инчунин, наметавонед ҳам дар сари дастархони Худованд бишинеду ҳам дар сари дастархони ҷин!

22 Ё ғазаби Худовандро овардан мехоҳед?! Магар мо аз Худованд зӯртар ҳастем?!

23 Шумо мегӯед: «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз фоиданок аст! Боз мегӯед, ки «Ҳама кор барои ман равост!» Лекин на ҳама чиз барои обод кардан аст.

24 Шахс набояд дар фикри худ, балки дар фикри дигарон бошад.

25 Барои нороҳат нашудани виҷдонатон ҳар гӯштеро, ки дар бозор мефурӯшанд, харида, бихӯреду напурсед, ки ин гӯшт ба бутҳо қурбон шудааст ё не.

26 Чунки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Замин ва ҳар чизе, ки дар он ҳаст, аз они Худованд аст».

27 Агар шахси беимон шуморо ба меҳмонӣ даъват кунаду шумо рафтанӣ шавед, ҳар чизеро, ки ба дастархон гузорад, барои осудагии виҷдонатон онро бе пурсуҷӯ хӯред.

28 Вале агар касе гӯяд, ки ин гӯшти қурбонӣ барои бутҳост, ба хотири касе, ки шуморо огоҳ кард ва ба хотири нороҳат нашудани виҷдон онро нахӯред.

29 Ман на виҷдони шуморо, балки виҷдони каси дигарро дар назар дорам. Ман озод ҳастаму он хӯрокро хӯрда метавонам. Дар ин ҳолат чаро виҷдони каси дигар маро аз озодӣ маҳрум созад?

30 Агар ман барои хӯрок Худоро шукр гӯям ва онро бихӯрам, чаро касе ба хотири ин корам маро танқид кунад?

31 Аз ин рӯ мехӯред ё менӯшед ва ҳар кори дигаре, ки мекунед, ҳамаи инро барои бузургии номи Худо кунед.

32 Шумо бояд тарзе зиндагӣ кунед, ки ягон яҳудӣ ё юнонӣ ё имондорони ҷамоати Худо ҳаёти шуморо дида ба гуноҳ наафтад.

33 Ба мисли ман кӯшиш намоед, ки дар ҳар бобат ба ҳама писанд оед. Ман дар фикри худ нестам, балки дар фикри дигарон ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16