меню

1 Нома ба Қӯринтиён 5 Боб


1 Овозае ба гӯшам расид, ки аз байни шумо як шахс бо зани падараш хуфтухоб мекардааст. Ҳатто онҳое ки Худоро тамоман намешиносанд, чунин гуноҳ намекунанд!

2 Шумо гуноҳи ӯро медонед, вале манманӣ мекунед. Беҳтар нест, ки ба ҷойи ин андӯҳгин шуда, ҳамон одамро аз ҷамоататон пеш кунед?!

3 Ман аз шумо ҷисман дур бошам ҳам, рӯҳан ҳамроҳатон ҳастам. Ман гӯё бо шумо ҳузур дошта бошам, аллакай ин шахсро ҳукм намудам.

4 Вақте ки ба номи Худовандамон Исо ҷамъ мешавед ва ман рӯҳан бо қудрати Худованди мо Исо бо шумо мебошам,

5 он шахсро аз ҳимояи ҷамоат маҳрум намуда, ба ихтиёри шайтон супоред. Аз азобе, ки ӯ дар дасти шайтон мебинад, ӯ гуноҳҳои ҷисмашро тарк карда, дар рӯзи бозгашти Худованд наҷот меёбад.

6 Дар ин маврид манманӣ карданатон хуб нест! Наход надонед, ки ин гуноҳ ба монанди хамиртуруши каме аст, ки тамоми хамирро турш мекунад?!

7 Пас ин хамиртурушро аз миёни худ берун кунед, то ки хамири нав бошед. Шумо дар асл ҳамон нони бехамиртуруш ҳастед! Зеро барраи иди Наҷот, яъне Масеҳ аллакай ба қурбонӣ оварда шудааст.

8 Биёед иди Наҷотро на бо хамиртуруши куҳнаи кина ва бадӣ, балки бо фатири самимияту ростӣ пешвоз мегирем.

9 Ман дар мактубам навишта будам, ки бо гунаҳкорони ҷинсӣ муносибат накунед, лекин шумо онро нодуруст фаҳмидед.

10 Шумо фикр кардед, ки ман тамоми гунаҳкорони ҷинсиро дар назар доштам. Лекин ман беимонони ин ҷаҳонро, ки гунаҳкори ҷинсию чашмгурусна ва ғоратгару бутпараст ҳастанд, дар назар надоштам. Вагарна бояд ин ҷаҳонро тарк мекардед.

11 Ман гуфтанӣ будам, ки бо касе ки худро имондор мегираду лекин дар асл ё гунаҳкори ҷинсӣ ё чашмгурусна ё бутпараст аст ё туҳматгар ва ё майпараст ё ғоратгар аст, муносибат накунед. Бо чунин шахс ҳатто ҳамтабақ нашавед.

12 Беимононро ҳукм кардан вазифаи ман нест! Лекин имондорони ҷамоатро, ки гуноҳ мекунанд, ҳукм кардан вазифаи шумост.

13 Худо дар навиштаҷот мегӯяд: «Бадкорро аз байнатон ронед!» Ба одамони аз ҷамоат берун бошад, Худо ҳукм мекунад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16