1 Нома ба Қӯринтиён 3 Боб
1 Ман ба шумо ҳамчун одамони рӯҳонӣ, яъне ҳамчун одамоне, ки Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекунад, сухан гуфта натавонистам. Баръакс ман ба шумо ҳамчун одамони ҷаҳонӣ гап задам, ки гӯё шумо кӯдакони навзод дар Масеҳ бошед.
2 Ба шумо на хӯроки сахт, яъне паёми пурраи Худо, балки танҳо шир дода тавонистам. Зеро шумо барои хӯроки сахт тайёр набудед ва то ҳол тайёр нестед.
3 Шумо то ҳол ҷаҳонӣ ҳастед. Ҳасаду ҷанҷоле, ки дар байнатон ҳаст, нишон медиҳад, ки шумо нафсонӣ ҳастед ва мисли одамони ин ҷаҳон рафтор мекунед.
4 Агар яке «Ман пайрави Павлус ҳастам», дигаре «Ман пайрави Апуллус ҳастам» гӯяд, шумо аз одамони ин дунё чӣ фарқ доред?
5 Охир худи Апуллус кист? Павлус кист? Мо фақат хизматгорони Худо ҳастем, ки шумо ба воситаамон ба Масеҳ имон овардед ва ҳар кас вазифаеро, ки Худованд ба вай супорида буд, иҷро намуд.
6 Шумо киштзори Худо ҳастед, ки ман дар он тухм коридам, Апуллус онро об дод, вале Худо онро сабзонид!
7 Бинобар ин на корандаву обдиҳанда, балки Худо муҳим аст, ки тухмро месабзонад.
8 Коранда ва обдиҳанда як мақсад доранд ва ҳар якеашон мувофиқи меҳнати худ аз Худо мукофот мегиранд.
9 Мо ҳамкорони Худо ҳастем ва шумо киштзори Ӯ ҳастед. Ҳамчунин шумо иморате ҳастед, ки Худо онро месозад.
10 Чӣ хеле ки бинокори хирадманд пеш аз сохтани иморат таҳкурсӣ мегузорад, ман низ бо файзу меҳрубонии Худо аввалин шуда, дар бораи Масеҳ хушхабарро ба шумо расонда, таҳкурсӣ гузоштам. Чӣ хеле ки бинокорони дигар дар болои таҳкурсӣ иморат месозанд, пас аз ман муаллимони дигар омада, шуморо таълим дода истодаанд. Аммо онҳо кореро, ки ман сар кардам, боэҳтиёт бояд давом диҳанд.
11 Чунки ҳеҷ кас ба ғайр аз таҳкурсии гузошташуда, ки он Исои Масеҳ аст, таҳкурсии дигаре гузошта наметавонад.
12 Шахс метавонад бар рӯйи ин таҳкурсӣ аз тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳо, чӯб ва аз хасу хошок хона созад.
13 Вале дар рӯзи қиёмат Худо кори ҳар касро бо оташ месанҷад, чунки оташ сифати кори ҳар касро нишон медиҳад.
14 Агар он чи бинокор дар болои таҳкурсӣ сохтааст, ба оташ тоб оварад, ӯ мукофот мегирад.
15 Агар дар оташ сӯхта нобуд шавад, бинокор аз мукофот маҳрум мешавад. Вале худаш мисли шахсе, ки гӯё аз даруни оташ бароварда шуда бошад, наҷот меёбад.
16 Дар гузашта Худо дар макони муқаддасаш, яъне дар маъбад ҳузур дошт. Ҳоло бошад, донед, ки шумо маъбади Худо ҳастеду Рӯҳаш дар байни шумо зиндагӣ мекунад.
17 Агар касе маъбади Худоро нобуд кунад, Худо ӯро низ нобуд месозад. Чунки маъбад танҳо ба Худо тааллуқ дорад ва ҳамон маъбад шумо ҳастед.
18 Ҳеҷ кас худашро фиреб надиҳад! Агар касе аз байни шумо худро дар ин дунё хирадманд ҳисоб кунад, бигзор дар назари ин ҷаҳон нодон тобад, то ки дар назари Худо хирадманд гардад.
19 Чунки ҳикмату дониши инсонӣ дар назари Худо нодонист. Дар навиштаҷот омадааст, ки «Худо ҳакимонро ба доми макри худашон меафтонад».
20 Ҳамчунин, навишта шудааст: «Худованд андешаҳои хирадмандонро медонад. Ӯ медонад, ки он ҳеҷу пуч аст».
21 Хулоса, аз ягон одам, ки пайраваш ҳастед, фахр накунед.
22 Ҳам Павлус, ҳам Апуллус ва ҳам Петрус аз они шумо ҳастанд. Ҳама чиз ба шумо тааллуқ дорад. Ин ҷаҳон, маргу зиндагӣ, ҳозираву оянда низ аз они шумост.
23 Шумо бошед аз они Масеҳ ҳастед ва Масеҳ аз они Худост.