1 Агар ман бо забонҳои одамӣ ва фариштагон гап занаму муҳаббат надошта бошам, ман ба мисли миси пурсадо ё лаъличаи ҷарангосӣ ҳастам.
2 Агар атои расондани паёми Худоро дошта бошам ва аз тамоми сирру асрор бохабар бошам, ҳар гуна дониш дошта бошам ё агар имоне дошта бошам, ки кӯҳро аз ҷояш ҷунбонаму муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ касам.
3 Агар тамоми сарватамро ба камбағалон тақсим кунам ва ҳатто баданамро барои сӯзонидан қурбон кунаму муҳаббат надошта бошам, ягон фоида намебинам.
4 Муҳаббат пуртоқату меҳрубон аст. Муҳаббат ҳасад намебарад, ҳавобаланд нест ва ғурур надорад.
5 Муҳаббат дағалӣ намекунад, худписанд ва зудранҷ нест ва кина ба дил намегирад.
6 Муҳаббат аз беинсофӣ шодӣ намекунад, балки аз ростӣ хушҳол мешавад.
7 Муҳаббат ҳамеша сабр мекунад ва бовар менамояд, ба ҳама чиз умед мебандад ва ба ҳама чиз тоб меорад.
8 Атои расондани паёми Худо аз байн меравад, забонҳо хомӯш мешаванд ва дониш мегузарад, лекин муҳаббат то абад мемонад.
9 Мо ҳама чизро намедонем ва паёми Худоро расонданамон комил нест.
10 Аммо, вақте ки пуррагӣ меояд, ҳама чизи нопурра аз байн меравад.
11 Масалан, вақте ки ман кӯдак будам, ҳамчун кӯдак гап мезадаму фикру муҳокима мерондам. Лекин вақте ки калон шудам, ҳар чизи кӯдакиро фаромӯш кардам.
12 Ҳозир мо Худоро ба мисли сурати хира дар оинаи чанголуд дида метавонем. Дар он дунё Ӯро рӯ ба рӯ хоҳем дид. Ҳозир мо ҳама чизро намедонем, лекин дертар чи хеле ки Худо моро ба таври пурра мефаҳмад, мо низ ҳамон тавр ба таври комил мефаҳмем.
13 Хулоса, ин се чиз боқӣ мемонад, ки инҳо имон, умед ва муҳаббат мебошанд. Вале муҳаббат бузургтарини онҳо аст.