меню

1 Нома ба Қӯринтиён 12 Боб


1 Бародарону хоҳарон, ман мехоҳам, ки шумо дар бораи қобилиятҳое, ки аз тарафи Худо меоянд, яъне дар бораи атоҳои рӯҳонӣ донед.

2 Шумо медонед, пеш аз пайрави Исо шуданатон дигарон шуморо ба роҳҳои бад бурда, ба парастиши бутҳои безабон меоварданд.

3 Барои ҳамин мехоҳам донед, ки агар шахс дар вуҷудаш Рӯҳулқудс дошта бошад, ӯ «Лаънат ба Исо!» намегӯяд. Инчунин, агар шахс дар вуҷудаш Рӯҳулқудсро надошта бошад, «Исо Худованд аст» гуфта наметавонад.

4 Атоҳои рӯҳонӣ гуногунанд, лекин ҳамаашон аз як тараф, яъне аз тарафи Рӯҳулқудс меоянд.

5 Хизматҳо гуногунанд, лекин ҳама ба як Худованд хизмат мекунанд.

6 Фаъолиятҳо низ гуногунанд, аммо як Худост, ки дар ҳама амал мекунад.

7 Ба ҳар яки мо атои рӯҳонӣ дода мешавад, то ки мо ба ҳамдигар ёрӣ расонда тавонем.

8 Масалан, Рӯҳулқудс ба касе атое медиҳад, ки ӯ суханони хирадмандона гӯяд. Ҳамон Рӯҳ ба каси дигар атои донишманд будан,

9 ба касе имони боқувват ва ба дигаре атои шифо бахшиданро медиҳад.

10 Рӯҳулқудс ба яке қувваи муъҷизакорӣ, ба дигаре атои расондани паёми Худо медиҳад. Ба каси дигар қобилияти фаҳмидани он ки оё паёми шунидааш ҳақиқатан аз тарафи Худо аст ё не, дода мешавад. Ба касе атои бо забонҳои гуногун гап задан ва ба дигаре қобилияти тарҷума кардани онҳо дода мешавад.

11 Лекин ҳамаи инро айнан ҳамон Рӯҳ ба амал меорад, ки мувофиқи хости Худ ба ҳар кас ҳар аторо медиҳад.

12 Бадани одам узвҳои бисёр дорад, вале ҳамаи узвҳо як баданро ташкил медиҳанд. Бадани Масеҳ низ ҳамин гуна аст.

13 Рӯҳулқудс моро фаро гирифта, таъмид дод, то ки аз мо як гурӯҳи имондорон ташкил диҳад. Баъзеи мо яҳудӣ ва баъзеамон юнонӣ ҳастем. Баъзеамон ғулом ва баъзеамон озод ҳастем. Вале Рӯҳулқудс ҳар якеамонро қисми як бадан, яъне бадани Масеҳ гардондааст ва ҳамон Рӯҳулқудс дар вуҷуди ҳар яке аз мо зиндагӣ мекунад.

14 Бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисёр иборат аст.

15 Агар пой гӯяд: «Ман ба ин бадан тааллуқ надорам, чунки даст нестам», наход ки он, ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надошта бошад?!

16 Ё агар гӯш гӯяд: «Ман ба ин бадан тааллуқ надорам, чунки чашм нестам», наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надошта бошад?

17 Агар тамоми бадан чашм мебуд, чӣ гуна бадан гӯш карда метавонист? Ё агар тамоми бадан гӯш мебуд, чӣ гуна бадан бӯйида метавонист?

18 Лекин Худо ҳар як узвро мувофиқи хости Худ дар бадан ҷойгир кардааст.

19 Агар бадан аз як узв иборат мешуд, чӣ тарз он вуҷуд дошта метавонист?!

20 Аммо дар асл аъзо бисёр, вале бадан яктост.

21 Чашм наметавонад ба даст гӯяд: «Ман ба ту эҳтиёҷ надорам». Ё сар наметавонад ба пойҳо гӯяд: «Ман ба шумо эҳтиёҷ надорам».

22 Баръакс, он узвҳое, ки ба назарамон аз ҳама сустанд, дар асл аз ҳама заруртаранд.

23 Узвҳоеро, ки паст мешуморему намоён шуданашон шармовар аст, бо диққати бештар ва оқилона мепӯшонем,

24 вале узвҳои зебои мо ба пӯшондан ҳеҷ эҳтиёҷе надоранд. Худи Худо баданро тарзе офаридааст, ки узвҳои сусттарро бештар қадр кунем,

25 то ки дар байни узвҳо на ҷудоӣ, балки ғамхории якдигар бошад.

26 Агар як узви бадан ба дард ояд, ҳамаи узвҳо ба дард меоянд. Агар яке аз узвҳо сазовори таъриф шавад, ҳамаи узвҳои бадан шодӣ мекунанд.

27 Ҳамаи шумо дар якҷоягӣ бадани Масеҳро ташкил мекунед ва ҳар яке аз шумо узви бадани Ӯ мебошед.

28 Худо дар ҷамоати имондорон аввал фиристодагон, дуюм пайғамбаре, ки паёми Худоро мерасонад ва сеюм муаллимонро таъин намуд. Инчунин, Худо ба баъзеҳо атои муъҷизакорӣ, атои шифодиҳӣ, атои ёрирасонӣ, атои роҳбарӣ ва қобилияти ба забонҳо гап заданро додааст.

29 Бинед, на ҳама фиристодаи Худованд мебошанд! На ҳама пайғамбар ва муаллим мебошанд. На ҳама муъҷиза нишон медиҳанд.

30 На ҳар кас атои шифодиҳӣ дорад. На ҳама бо забонҳо сухан меронанд. На ҳама забонҳоро тарҷума мекунанд.

31 Лекин шумо атоҳои рӯҳонии бузургтарро хоҳон бошед. Ман ба шумо роҳи беҳтаринро нишон медиҳам.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16