1 Ман Павлус, ки хизматгори Исои Масеҳ ҳастам, ба шумо нома менависам. Худо маро даъват кардааст, ки фиристодаи Ӯ бошам ва маро интихоб намудааст, ки хушхабари Ӯро эълон кунам.
2 Худо пештар ба воситаи пайғамбаронаш дар навиштаҷоти муқаддас ваъда дода буд, ки ин хушхабарро эълон мекунад.
3 Ин хушхабар дар бораи Писари Ӯст, ки ҷисман аз насли шоҳ Довуд таваллуд ёфтааст
4 ва ҳам дар бораи Писари Худост, ки Ӯ Исои Масеҳро ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худ аз мурдагон зинда кард. Инчунин, Худо Ӯро бо қудраташ Писари Худо эълон кардааст. Ин Худовандамон Исои Масеҳ аст.
5 Худо ба воситаи Ӯ ба мо файзу меҳрубонӣ бахшидааст, ки фиристода бошем. Мо бояд барои шуҳрат ёфтани номи Ӯ ба ҳамаи халқҳо хушхабарро эълон намоем, то ки онҳо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд.
6 Шумо ҳам ба шумораи онҳое дохил мешавед, ки Худо барои аз они Исои Масеҳ шудан даъват намудааст.
7 Ман ин номаро ба ҳамаи шумо – имондорони шаҳри Рум, менависам, ки Худо шуморо дӯст доштааст ва даъват намудааст, ки халқи поки Ӯ бошед. Ман аз ҷониби Падарамон Худо ва аз Худованд Исои Масеҳ ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонам!
8 Аввалан, Худоро ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукргузорӣ менамоям, чунки имонатон дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст.
9 Худое, ки ман бо тамоми ҳастиям барояш хизмат карда, дар бораи Писараш хушхабарро эълон менамоям, шоҳид аст, ки ман доимо шуморо дар дуоҳоям ёд мекунам.
10 Ман аз Худо илтиҷо мекунам, ки агар хости Ӯ бошад, ба дидани шумо равам.
11 Зеро ташнаи дидоратон ҳастам, то ки шумо ҳам атову баракатҳои рӯҳониро аз ман қабул намуда, устувор гардед.
12 Мақсади ман ин аст, ки аз имони якдигарамон рӯҳан қувват гирем.
13 Бародарону хоҳарон, мехоҳам, шумо ҳам донед, ки ман чандин бор ба назди шумо омаданӣ будам, вале ҳар вақт чизе монеа мешуду омада наметавонистам. Чунон ки дар байни дигар халқҳо хизмат карда, меваҳои рӯҳонӣ ба даст овардаам, хеле мехостам, ки дар байни шумо низ чунин кунам.
14 Ман уҳдадор ҳастам, ки ба юнониёни пешрафта ва халқҳои бемаданият ва ба одамони босаводу бесавод хушхабарро эълон намоям.
15 Ҳоло бошад, тайёрам, ки ба шумо – румиён, низ хушхабарро эълон намоям.
16 Ман аз эълон кардани хушхабар шарм намедорам, чунки хушхабар – қувваи Худост барои наҷоти ҳар касе, ки ба он имон овард, яъне аввал яҳудиён ва баъд дигар халқҳо.
17 Зеро хушхабар ошкор мекунад, ки Худо одамонро аз рӯйи имон ва танҳо имон росткор меҳисобад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Шахси росткор ба воситаи имон зиндагӣ мекунад».
18 Аммо Худо ба он одамоне, ки ҳар хел гуноҳу бадкорӣ мекунанд ва ҳақиқатро бо бадкориҳояшон поймол менамоянд, ғазабашро аз осмон нишон медиҳад.
19 Зеро онҳо ҳар чиро, ки дар бораи Худо маълум аст, медонанд, чунки Ӯ Худро ба онҳо маълум кардааст.
20 Аз офариниши олам одамон ба воситаи аз назар гузарондани чизҳои офаридаи Худо сифатҳои нонамоёни Худоро фаҳмида метавонанд. Яъне қувваи абадӣ ва табиати илоҳии Худо ба онҳо маълум аст. Бинобар ин одамон баҳонае надоранд.
21 Онҳо Худоро шинохта, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд. Ба ҷойи ин дар фикрҳои холию бемаънӣ ғӯтиданд ва дили бефаҳми онҳоро торикӣ фаро гирифт.
22 Худро боақл ҳисобиданд, лекин беақл шуданд.
23 Ба ҷойи он ки Худои бузургу ҷовидонро парастиш намоянд, онҳо ба бутҳое, ки шакли одами дурӯза ва паранда, чорпову хазанда доранд, саҷда карданд.
24 Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои бади дилашон супорид ва онҳо ҷисми худро бо расвоии ҷинсӣ ҳаром сохтанд.
25 Онҳо ҳақиқати Худоро ба дурӯғ иваз намуданд ва ба ҷойи он ки Худи Офаридгорро парастиш намоянд, ба чизҳои офаридаи Ӯ саҷдаву хизмат карданд. Танҳо Офаридгор то абад сазовори ситоиш аст! Омин!
26 Бинобар ин Худо онҳоро ба доми ҳавасҳои баду расвои худашон супорид: занҳояшон алоқаи ҷинсии табииро иваз карда, бо занҳо ҳамхоба шуданд.
27 Ҳамчунон, мардҳо алоқаи ҷинсии табииро бо занҳо рад карда, ҳаваси бо мардҳо ҳамхоба шудан карданд ва мард бо мард кори расвою шармовар кард. Аз ин сабаб онҳо мувофиқи корҳои расвояшон дар худ ҷазо гирифтанд.
28 Азбаски онҳо бо ақлашон Худоро шинохтан нахостанд, Худо онҳоро гирифтори ақли расвояшон намуд, то ки корҳои шармовар кунанд.
29 Онҳо аз ҳар хел бадкорӣ, хасисӣ, маккорӣ пур ҳастанд. Ҳасад мебаранду дигаронро мекушанд, ҷанг мекунанд, фиреб медиҳанду бадфеълӣ мекунанд. Ғайбатчию
30 туҳматгаранд, Худоро бад мебинанд, озордиҳанда ва ҳавобаланду мағруранд. Ҳамеша ҷӯёи бадкориҳои нав ҳастанд ва ба волидайнашон итоат намекунанд.
31 Бефаҳм, бевафо, бадкинаву бераҳманд.
32 Онҳо медонанд, ки аз рӯйи фармонҳои одилонаи Худо одамоне, ки чунин рафтор мекунанд, сазовори марганд, вале на танҳо худашон чунин корҳоро мекунанд, балки мисли худашон гунаҳкоронро низ дастгирӣ менамоянд.