меню

Нома ба Румиён 14 Боб

гузариш зуд:

1 Дар бораи фикру ақидаҳои шахси сустимон баҳс накарда, ӯро қабул намоед.

2 Масалан, бародаре бовар мекунад, ки хӯрдани ҳама чиз мумкин аст, лекин бародари сустимон танҳо сабзавот мехӯрад.

3 Шахсе, ки хӯрдани ҳама чизро раво медонад, набояд шахсеро, ки парҳез мекунад, паст шуморад. Инчунин, шахси парҳезкунанда набояд шахсеро, ки ҳама чизро мехӯрад, айбдор намояд, чунки Худо ӯро қабул намудааст.

4 Ту кистӣ, ки хизматгори шахси дигарро айбдор мекунӣ? Хӯҷаини вай худаш ҳал мекунад, ки хизматгораш аз уҳдаи кораш баромад ё не. Лекин бо ёрии Худованд он хизматгор албатта аз уҳдаи кораш мебарояд.

5 Яке фикр мекунад, ки як рӯз аз рӯзҳои дигар муҳимтар аст, лекин барои шахси дигар ҳама рӯзҳо баробаранд. Бигзор ҳар одам дар ин масъала дар фикру ақидаи худаш устувор бошад.

6 Касе ки як рӯзи муайянро муҳим мешуморад, инро ба хотири Худованд мекунад. Инчунин, касе ки ҳама чизро мехӯрад, ба хотири Худованд мехӯрад, чунки Худоро барои хӯрок шукр мегӯяд. Ҳамчунин, шахсе, ки чизеро намехӯрад, инро ба хотири Худованд мекунад ва Худоро шукр мекунад.

7 Касе аз мо барои худ зиндагӣ намекунад ва ҳеҷ кас барои худ намемирад.

8 Агар зиндагӣ кунем, ба хотири Худованд зиндагӣ мекунем ва агар бимирем, ба хотири Худованд мемирем. Барои ҳамин, хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда, мо аз они Худованд ҳастем.

9 Барои он ки Масеҳ ҳукмрони мурдагону зиндагон шавад, Ӯ мурд ва зинда шуд.

10 Пас, чаро ту бародари худро айбдор мекунӣ? Ё барои чӣ ту бародаратро паст мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо дар пеши тахти Худо ҷавоб хоҳем дод.

11 Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Худованд чунин мегӯяд: Ба ҳаёти Худ қасам, ки ҳамаи одамон дар пеши Ман зону мезананд ва бо забони худ Худоро эътироф намуда, ситоиш мекунанд!»

12 Бинобар ин ҳар яки мо дар пеши Худо барои худ ҷавоб хоҳем дод!

13 Аз ин рӯ, биёед, якдигарро дигар айбдор накунем. Беҳтараш кӯшиш намоем чунон зиндагӣ кунем, ки сабаби дар имон пешпо хӯрда афтодани имондори дигар нашавем.

14 Ман медонам ва дар ягонагӣ бо Худованд Исо боварии комил дорам, ки ягон хӯрок худ аз худ ҳаром нест. Лекин, агар шахсе ягон хӯрокро ҳаром ҳисобад, он хӯрок барояш ҳаром мешавад.

15 Агар бародар ё хоҳари имондорат ба сабаби хӯроке, ки ту мехӯрӣ, хафа шавад, пас ту дигар аз рӯйи муҳаббат зиндагӣ намекунӣ. Бо хӯрокат касеро, ки барояш Масеҳ мурдааст, нобуд накун.

16 Нагузоред, чизҳое, ки шумо барои худ дурусту раво меҳисобед, аз тарафи дигарон бадгӯйӣ карда шаванд.

17 Зеро Подшоҳии Худо на аз хӯрдану нӯшидан, балки аз росткорӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хурсандие, ки Рӯҳулқудс медиҳад, иборат аст!

18 Шахсе, ки ҳамин тавр ба Масеҳ хизмат мекунад, ҳам ба Худо писанд аст ва ҳам дигарон ӯро эҳтиром мекунанд.

19 Пас, биёед, саъю кӯшиш намоем, ки дар байни мо сулҳ бошад ва якдигарро дар имон устувор гардонем.

20 Ба хотири хӯрок кори Худоро вайрон накун. Хӯрдани ҳамаи хӯрокҳо равост, лекин, агар бо хӯроки хӯрдаат ту сабаби дар имон афтодани каси дигар шавӣ, кори бад мекунӣ.

21 Беҳтараш аз хӯрдани гӯшт ва нӯшидани шароб ва ё ягон кори дигаре, ки сабаби дар имон пешпо хӯрдани бародару хоҳарат мешавад, даст кашӣ.

22 Бигзор фикру ақидаҳои шахсии ту дар бораи ин масъала дар байни ту ва Худо бимонанд. Хушбахт аст касе, ки барои интихоби кардааш худро айбдор намекунад.

23 Лекин, агар шахсе шубҳа кунад, ки хӯрдани чизе равост ё раво нест ва онро хӯрад, айбдор мешавад, чунки мувофиқи имони худ рафтор намекунад. Зеро ҳар коре, ки аз рӯйи имон карда намешавад, гуноҳ аст.

24 Биёед, Худоро ҳамду сано хонем! Ӯ метавонад, шуморо дар имон мустаҳкам намояд, чунон ки хушхабари эълонкардаам мегӯяд. Ин хабар дар бораи Исои Масеҳ аст, чунон ки ба мо ҳақиқате мекушояд, ки асрҳои зиёд ҳамчун сир ниҳон буд.

25 Лекин ҳоло ин ҳақиқати ниҳонӣ ба воситаи навиштаҳои пайғамбарон ва ба фармони Худои абадӣ ба ҳамаи халқҳо кушода шудааст, то ки ҳама ба Худо имон оваранд ва ба Худо итоат кунанд.

26 Тамоми шаъну шараф ба воситаи Исои Масеҳ ба ягона Худои хирад то абад бод! Омин.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16