меню

Нома ба Румиён 12 Боб

гузариш зуд:

1 Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, ба хотири меҳрубонии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки баданҳои худро ба мисли қурбонии зинда, пок ва писандида ба Худо бахшед. Зеро парастиши ҳақиқии шумо чунин аст.

2 Ба мисли одамони ин ҷаҳон зиндагӣ накунед, балки гузоред, ки Худо ба воситаи тағйир додани фикррониатон аз шумо одами нав созад. Он гоҳ шумо фаҳмида метавонед, ки хости нек ва писандидаву комили Худо чӣ будааст.

3 Аз рӯйи ҳуқуқи фиристодаи Масеҳ буданам ба ҳар яки шумо мегӯям, ки худро аз он, чӣ ҳастед, болотар наҳисобед. Лекин дар бораи худ мувофиқи имоне, ки Худо ба ҳар яки мо додааст, хоксорона фикр кунед.

4 Чунон ки мо дар як бадан узвҳои гуногун дорем ва ҳар яки онҳо вазифаи худро дорад,

5 ҳамон тавр ҳамаи мо низ, ки бисёр ҳастем, дар ягонагӣ бо Масеҳ як баданро ташкил медиҳем ва нисбат ба якдигар узви як бадан ҳастем.

6 Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба мо атоҳои гуногун додааст. Барои ҳамин, агар касе атои расондани паёми Худоро дошта бошад, ба андозаи имонаш паём расонад.

7 Агар атои хизматгорӣ бошад, бигзор хизмат кунад. Агар атои таълимдиҳӣ бошад, таълим диҳад.

8 Агар атои дилбардорӣ бошад, бигзор дигаронро дилбардорӣ кунад. Агар атои хайру саховатмандӣ бошад, бо дасти кушод хайр кунад. Касе атои роҳбарӣ дошта бошад, бо ҷидду ҷаҳд роҳбарӣ кунад. Агар касе атои ба дигарон раҳму шафқат нишон додан дошта бошад, онро бо хурсандӣ нишон диҳад.

9 Бигзор муҳаббати шумо самимӣ бошад. Аз бадӣ нафрат кунед ва ба некӣ бичаспед.

10 Якдигарро бо муҳаббати бародарона дӯст доред. Дигаронро аз худ зиёдтар ҳурмат кунед.

11 Танбал набошед, балки кӯшишу ғайрат намоед ва бо рӯҳи гарму ҷӯшон ба Худованд хизмат кунед.

12 Дар умед шодӣ кунед, дар азобҳо пуртоқат бошед ва дуогӯйиро давом диҳед.

13 Агар имондорон муҳтоҷ бошанд, ёрӣ диҳед ва дар меҳмоннавозӣ боғайрат бошед.

14 Озордиҳандагони худро дуои нек кунед. На лаънат, балки дуои нек!

15 Бо онҳое, ки хушҳол ҳастанд, хурсандӣ кунед ва бо онҳое, ки гиря мекунанд, гиря кунед.

16 Бо якдигар дар ҳамфикрӣ зиндагӣ кунед. Ҳавобаланд набошед, балки бо одамони одию фурӯтан низ рафтуомад кунед. Худро аз дигарон донотар нагиред!

17 Ба ивази бадӣ бадӣ накунед, балки кӯшиш кунед, ки ҳамаи корҳоятон дар назари тамоми мардум нек бошанд.

18 Ба қадри имкон, бо ҳамаи одамон сулҳу салоҳ дошта бошед.

19 Эй азизон, ҳеҷ вақт аз касе қасос нагиред, балки онро ба Худо ва ғазаби Ӯ супоред. Чунон ки Худованд мегӯяд ва навишта шудааст: «Қасосгирӣ аз они Ман аст ва Ман ҷазо медиҳам».

20 Баръакс: «Агар душманат гурусна бошад, ба вай хӯрок деҳ ва агар ташна бошад, об деҳ, чунки бо ин корат ба сараш оташпора мерезӣ» ва ӯ шармандаву пушаймон мешавад.

21 Нагузоред, ки бадӣ бар шумо ғолиб ояд, балки бадиро бо некӣ мағлуб созед.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16