меню

Нома ба Румиён 15 Боб

гузариш зуд:

1 Мо ки дар имон устувор ҳастем, бояд ба сустимонон дар душвориҳояшон кӯмак кунем ва на танҳо дар бораи фоидаи худ фикр кунем.

2 Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки ба бародарону хоҳарон писанд оем ва барои фоидаву дар имон боқувват шудани онҳо кӯмак расонем.

3 Масеҳ низ дар бораи фоидаи Худ фикр намекард, лекин, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ҳақоратҳои бадгӯёни Ту бар сари Ман афтодаанд».

4 Зеро ҳар он чизе, ки дар навиштаҷот аз замони пеш омадааст, барои таълим додани мо мебошад, то ки ба воситаи тоқату дилбардорие, ки навиштаҷот ба мо мебахшад, умед дошта бошем.

5 Бигзор Худо, ки сарчашмаи тоқату дилбардорист, ба шумо қувват диҳад, ки аз пайи Исои Масеҳ рафта, бо якдигар ҳамфикр бошед.

6 Он гоҳ ҳамаи шумо бо як дилу як забон Худоро, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст, ситоиш мекунед.

7 Бинобар ин, чунон ки Масеҳ шуморо қабул намудааст, шумо низ барои шаъну шарафи Худо якдигарро қабул намоед.

8 Зеро ба шумо мегӯям, ки Масеҳ хизматгори яҳудиён шуд, то ки вафодории Худоро нишон диҳад ва тасдиқ намояд, ки Худо нисбати аҷдодони яҳудиён ваъдаҳояшро иҷро кардааст.

9 Инчунин, Масеҳ барои он омадааст, ки ғайрияҳудиён Худоро барои раҳму шафқаташ ситоиш кунанд, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Барои ҳамин Туро дар байни дигар халқҳо ситоиш мекунам ва дар васфи номи Ту ҳамду сано мехонам».

10 Инчунин, дар навиштаҷот омадааст: «Эй ғайрияҳудиён, якҷоя бо халқи Худо шодӣ кунед!»

11 Ҳамчунин: «Эй ҳамаи ғайрияҳудиён, Худовандро ситоиш кунед! Эй тамоми халқҳо, Ӯро ҳамду сано хонед!»

12 Пайғамбар Ишаъё низ чунин мегӯяд: «Решаи Ишой, яъне вориси шоҳ Довуд омада, подшоҳ мешавад ва бар ғайрияҳудиён ҳукмронӣ мекунад. Тамоми халқҳо ба Ӯ умед мебанданд».

13 Бигзор Худо, ки сарчашмаи умед аст, ба воситаи имонатон шуморо пур аз сулҳу осоиштагӣ ва шодӣ гардонад, то ки шумо ба воситаи қувваи Рӯҳулқудс умеди фаровон дошта бошед.

14 Бародарону хоҳарон, ман боварии комил дорам, ки шумо пур аз некӣ ҳастед ва барои насиҳат кардани якдигар дониши пурра доред.

15 Лекин ман ҷуръат намудам, ки дар ин нома ба шумо баъзе чизҳоро хотиррасон намоям. Зеро Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба ман ато намудааст, ки

16 дар байни ғайрияҳудиён хизматгори Исои Масеҳ бошам. Ман чун коҳин хизмат карда хушхабари Худоро ба ғайрияҳудиён эълон менамоям, то ки онҳоро ҳамчун қурбонии писандидае, ки Рӯҳулқудс пок намудааст, ба Худо тақдим намоям.

17 Ҳамин тавр ман метавонам, аз корҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ барои Худо кардаам, фахр кунам.

18 Зеро ҷуръат намекунам, ки ба ғайр аз он чизе, ки Масеҳ барои итоаткори Худо гардонидани ғайрияҳудиён ба воситаи ман кардааст, гап занам. Масеҳ инро ба воситаи сухану амал,

19 қувваи аломатҳову муъҷизаҳо ва бо қувваи Рӯҳи Худо кардааст. Ҳамин тавр ман хушхабарро дар бораи Масеҳ аз Уршалим то ба вилояти Илурикӯн пурра эълон кардаам.

20 Ман ҳамеша кӯшиш менамоям, хушхабарро дар ҷое эълон кунам, ки то ҳол дар бораи Масеҳ нашунидаанд, то ки бар болои таҳкурсии дигарон бино накунам.

21 Аммо, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Онҳое, ки аз Ӯ хабар надоштаанд, хоҳанд дид ва онҳое, ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид».

22 Ин ҳама сабаб шуд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдам ба наздатон омада натавонистам.

23 Ҳоло бошад, дар ҳамаи ин минтақаҳо корҳоямро анҷом додаам. Акнун ки солҳои зиёд дар интизори дидани шумо будам,

24 нақша дорам, ки ҳангоми сафарам ба Испания ба назди шумо биёям. Умедворам, ки аз дидоратон сер мешавам ва шумо барои сафари ояндаам ба ман кумак мекунед.

25 Худи ҳозир бошад, ман ба шаҳри Уршалим рафта истодаам, то ки ба имондорони он ҷо хизмат намоям.

26 Зеро ҷамоатҳои имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия хоҳиш пайдо карданд, ки барои камбағалони ҷамоати имондорони Уршалим кумакпулӣ ҷамъ карда фиристанд.

27 Онҳо ин корро бо хурсандӣ анҷом додаанд ва дар ҳақиқат ҳам аз имондорони Уршалим қарздоранд. Чунон ки ғайрияҳудиён дар баракатҳои рӯҳонии имондорони яҳудӣ ҳамроҳ шуданд, ҳамон тавр низ бояд ба онҳо дар муҳтоҷиҳои зиндагиашон кумак кунанд.

28 Аз ин рӯ, вақте ки ин корро анҷом медиҳам, яъне пули ҷамъкардаро ба дасташон месупорам, ба Испания раҳсипор шуда, шуморо хабар мегирам.

29 Ман боварӣ дорам, ки ҳангоми омаданам, Масеҳ ба ҳамаи мо баракатҳои фаровон медиҳад.

30 Бародарону хоҳарони азиз, аз шумо ба хотири Худовандамон Исои Масеҳ ва муҳаббати Рӯҳулқудс илтимос мекунам, ки ҳамроҳам бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо кунед.

31 Яъне дуо кунед, ки ман ба дасти беимонони сарзамини Яҳудия наафтам. Ҳамчунин, дуо кунед, ки имондорони Уршалим кӯмакпулиеро, ки ба онҳо бурда истодаам, бо хурсандӣ қабул намоянд.

32 Ҳамин тавр, агар хости Худо бошад, ман хурсандона ба назди шумо омада, аз диданатон қуввати нав мегирам.

33 Худо, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, бо ҳамаи шумо бод! Омин.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16