1 Ҳар одам бояд ба ҳукумати давлатӣ итоат намояд. Зеро ҳар ҳукумат аз тарафи Худост ва он ҳукуматеро, ки ҳоло дар сари қудрат мебошад, Худо гузоштааст.
2 Барои ҳамин ҳар шахсе, ки зидди ҳукумат мебарояд, бар зидди амри Худо мебарояд ва барои ин кораш маҳкум карда мешавад.
3 Зеро на некукорон, балки бадкорон аз ҳокимон метарсанд. Агар хоҳӣ, ки аз ҳукумат натарсӣ, корҳои нек кун ва он туро таъриф мекунад.
4 Ҳокимон хизматгорони Худоянд ва ба фоидаи ту амал мекунанд. Аммо, агар ту бадкор бошӣ, пас битарс, чунки қудрату тавоноиашон беҳуда нест ва онҳо туро ҷазо медиҳанд. Хизмати онҳо ба Худо аз он иборат аст, ки бадкоронро ба ҷавобгарӣ кашанду онҳоро ҷазо диҳанд.
5 Бинобар ин шумо бояд на танҳо ба сабаби тарси ҷазо, балки аз рӯйи виҷдон низ ба ҳукумат итоат намоед.
6 Барои ҳамин ҳам шумо андоз месупоред, зеро, вақте ки ҳукумат вазифаи худро иҷро мекунад, ба Худо хизмат менамояд.
7 Ҳар қарзеро, ки дар пеши ҳукумат доред, иҷро намоед: боҷу андозро ба андозгирон супоред ва инчунин ҳукуматдоронро ҳурмату иззат намоед.
8 Ба ғайр аз қарзи муҳаббат аз касе чизе қарздор набошед. Зеро, ҳар кӣ каси дигарро дӯст дорад, фармонҳои шариатро аллакай иҷро кардааст.
9 Зеро фармонҳои шариат ба мисли «зино накун», «қатл накун», «дуздӣ накун», «моли шахси дигарро ҳавас накун» ва монанди инҳо дар як фармон «дигаронро мисли худат дӯст бидор» хулоса ва ифода шудаанд.
10 Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад. Барои ҳамин муҳаббат иҷрои тамоми фармонҳои шариат аст.
11 Илова бар ин, шумо медонед, ки ҳоло чӣ гуна замон аст ва вақти он расидааст, ки мо аз хоб бедор шавем. Зеро акнун наҷотамон нисбат ба он вақте, ки мо имон оварда будем, боз ҳам наздиктар шудааст.
12 Шаб ба охир расида истодааст ва рӯз равшан мешавад. Барои ҳамин мо бояд корҳои торикиро чун либоси куҳна кашида партоем ва аслиҳаи нуронӣ пӯшем.
13 Биёед, мувофиқи он чи дар равшании рӯз шоиста аст, бе айшу ишрат, бе мастигарӣ, бе расвоию бадахлоқӣ ва бе ҷанҷолу ҳасадхӯрӣ зиндагӣ кунем.
14 Шумо бояд Худованд Исои Масеҳро ҳамчун либос бипӯшед ва дигар ба табиати гунаҳкоратон ва ҳавасҳои бади он тан надиҳед.