1 Пас, оё яҳудиён ягон бартарӣ доранд? Ё хатна ягон фоидае дорад?
2 Ҳа! Онҳо ҳаматарафа бартарӣ доранд! Аввалан Худо каломашро ба яҳудиён додааст.
3 Вале, агар касе аз онҳо ба Худо бевафоӣ карда бошад, магар ин бевафоии онҳо вафодории Худоро бекор мекунад?
4 Албатта, не! Ҳатто агар ҳамаи одамон дурӯғгӯ бошанд ҳам, Худо ростгӯ аст, чунон ки дар навиштаҷот дар бораи Худо гуфта шудааст: «Ҳамаи суханҳоят рост мебароянд ва агар ба ҳукм дучор шавӣ, сафед хоҳӣ шуд».
5 Мехоҳам, аз нуқтаи назари одамӣ савол диҳам. Фарз кардем, бадкории мо росткории Худоро боз ҳам аёнтар мекунад. Пас чӣ гӯем, вақте ки Худо моро гирифтори ғазаби Худ менамояд, беадолатӣ мекунад?
6 Албатта, не! Агар Худо, дар ҳақиқат, беадолат мебуд, чӣ тарз Ӯ дунёро доварӣ карда метавонист?
7 Вале, агар ба воситаи дурӯғи ман ҳақиқати Худо боз ҳам зиёдтар гардад ва ҳамин тавр шаъну шарафи Худо бузургтар шавад, пас, оё маро ҳамчун гунаҳкор доварӣ кардан мумкин аст?
8 Баъзеи туҳматгарон моро айбдор карда мегӯянд, ки гӯё чунин таълим медода бошем: «Барои пайдо шудани некӣ, мо бояд бадӣ кунем». Чунин туҳматгарон сазовори ҷазоянд!
9 Инак, боз мепурсам, оё ҳолати мо – яҳудиён, аз дигарон беҳтар аст? Не! Ман аллакай нишон додам, ки ҳам яҳудиён ва ҳам дигар халқҳо зери қудрати гуноҳ ҳастанд,
10 чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ягон росткоре нест, ҳатто як кас ҳам нест!
11 Касе нест, ки сарфаҳм равад ва касе Худоро намеҷӯяд!
12 Ҳама аз Худо рӯй гардондаанд, ҳама нобакор шудаанд! Ягон нафари некукор нест, ҳатто як кас ҳам нест!
13 Гулуи онҳо қабри кушода аст, забонашон фиреб медиҳад ва лабҳояшон заҳри мор доранд!
14 Даҳонашон пур аз лаънату суханони талх аст.
15 Пойҳояшон барои рехтани хуни дигарон зуд медаванд.
16 Ҳар ҷое раванд, вайронию бадбахтӣ меоваранд,
17 ва роҳи сулҳу оштиро онҳо намедонанд.
18 Онҳо аз Худо тамоман наметарсанд».
19 Акнун мо медонем, ҳар он чизе, ки шариат мегӯяд, барои одамонест, ки зери қудрати шариат ҳастанд. Мақсади шариат ин аст, ки касе даҳон кушода натавонад ва тамоми дунё дар пеши Худо ҷавоб диҳад!
20 Зеро бо иҷрои шариат ягон одам дар пеши Худо сафед шуда наметавонад! Одам ба воситаи шариат фақат чӣ будани гуноҳро фаҳмида метавонаду халос!
21 Вале акнун росткории Худо, чунон ки дар Тавроту навиштаҳои пайғамбарон нишон дода шудааст, берун аз шариат ошкор шудааст.
22 Росткории Худо ба ҳамаи имондорон ба воситаи имон ба Исои Масеҳ дода мешавад, чунки дар байни одамон фарқе нест.
23 Зеро ҳама гуноҳ кардаанд ва аз нури шукӯҳу бузургии Худо маҳрум шудаанд.
24 Ҳамчунин Худо мо – имондоронро аз рӯйи файзу меҳрубониаш ройгон росткор эълон мекунад. Ӯ моро ба воситаи Исои Масеҳ аз ҷазои гуноҳҳоямон озод кардааст.
25 Худо ба воситаи қурбоншавии Исои Масеҳ ва рехтани хуни Ӯ бахшидани гуноҳҳоро нишон дод. Ин бахшиши гуноҳҳо ба воситаи имон ба даст оварда мешавад. Ӯ гуноҳҳои пештараи одамонро ба назар нагирифт, то ки ба воситаи Исои Масеҳ росткории Худашро нишон диҳад.
26 Дар он замонҳо Худо пуртоқатиашро ба онҳо маълум гардонд, то ки ҳоло росткориашро нишон диҳад. Пас, мебинем, ки росткор аст ва сафедкунандаи ҳамаи онҳоест, ки ба Исо бовар мекунанд.
27 Пас, оё мо фахр карда метавонем, ки ба воситаи амаламон писанди Худо гаштаем? Не! Зеро сафедшавии мо на аз рӯйи иҷро кардани фармонҳои шариат, балки ба воситаи имон омадааст!
28 Зеро мо медонем, ки одам бе иҷрои фармонҳои шариат бо имон росткор ҳисобида мешавад.
29 Оё Худо танҳо Худои яҳудиён аст ё Ӯ Худои ғайрияҳудиён низ аст? Албатта, ҳаст!
30 Азбаски Худо ягона аст, Ӯ шахси хатнашуда ва ҳам хатнанашударо аз рӯйи имон росткор меҳисобад.
31 Оё аз ин бармеояд, ки мо бо имони худ шариатро бекор месозем? Албатта, не! Баръакс, мо бо имони худ фармонҳои шариатро иҷро менамоем!