1 Пас чӣ гӯем? Оё мисли пештара гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем, то ки файзу меҳрубонии Худо зиёд гардад?
2 Албатта, не! Мо ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ тавр метавонем, гунаҳкорона зиндагӣ карданро давом диҳем?
3 Магар шумо намедонед, ки ҳамаи мо ҳангоми таъмид бо Исои Масеҳ пайваст шудаем ва дар маргаш ба Ӯ ҳамроҳ шудаем.
4 Барои ҳамин ҳангоми таъмид гирифтан мо бо Масеҳ гӯронида шудаем, то ҳамон тавре ки Масеҳ ба воситаи бузургии Худо Падар аз мурдагон зинда шудааст, мо низ зиндагии нав дошта бошем.
5 Зеро агар мо дар марги Исо бо Ӯ пайваст шуда бошем, пас ба монанди Ӯ зинда мешавем.
6 Мо медонем, ки шахсияти гунаҳкори пештараамон бо Масеҳ ба салиб мехкӯб шудааст, то ки гуноҳ дар ҳаётамон ҳукмронӣ накунад ва мо дигар ғуломони гуноҳ набошем.
7 Зеро шахсе, ки мурдааст, аз гуноҳ озод шудааст.
8 Мо бовар мекунем, ки агар ҳамроҳи Масеҳ мурда бошем, пас ҳамроҳи Ӯ низ зиндагӣ мекунем.
9 Мо медонем, ки Масеҳ дигар намемирад, чунки Ӯ аз мурдагон бархест ва марг дигар бар Ӯ қудрате надорад.
10 Вақте ки Масеҳ мурд, Ӯ як бор ва барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд. Лекин ҳоло Ӯ зинда шуда, барои Худо зиндагӣ мекунад.
11 Ҳамчунин, шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда ҳисоб кунед, вале дар пайвастагӣ бо Исои Масеҳ худро барои Худо зинда шуморед.
12 Аз ин рӯ, ба гуноҳ роҳ надиҳед, ки дар баданҳои шумо ҳукмронӣ кунад. Шумо набояд ба ҳавасҳои бади гуноҳ итоат кунед.
13 Ягон узви бадани худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред. Ба ҷойи ин, ҳамчун одамони аз мурдагон зиндашуда, худро ба Худо бидиҳед ва тамоми узвҳои баданатонро ҳамчун асбоби росткорӣ ба Худо бубахшед.
14 Гуноҳ дигар бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки шумо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо ҳастед.
15 Пас чӣ кор кунем? Агар мо на дар зери ҳукмронии шариат, балки дар зери ҳукмронии файзу меҳрубонии Худо бошем, оё гуноҳ карданро давом диҳем?! Ҳеҷ гоҳ!
16 Магар шумо намедонед, ки ҳамон чизе, ки ба он итоат карданро интихоб кардед, ғуломи ҳамон чиз мешавед?! Ҳамчунин, оё намедонед, ки шумо ё ғуломи гуноҳ ҳастед, ки ба марг мебарад, ё ғуломи итоате, ки ба зиндагии росткорона ҳидоят мекунад?
17 Лекин Худоро шукр, ки агарчи шумо дар гузашта ғуломони гуноҳ будед, акнун аз сидқи дил қарор додед, ки таълимоти ёдгирифтаро иҷро намоед.
18 Инчунин, шумо аз ғуломии гуноҳ озод шудед ва ғуломони росткорӣ гаштед.
19 Ман ба хотири сустии инсонии шумо мисоли одиро истифода мебарам. Шумо пештар узвҳои баданатонро ба ғуломии нопокӣ ва қонуншиканӣ барои бадкорӣ бахшида будед. Акнун ҳамон тавр низ барои пок шуданатон худро ғуломи росткорӣ созед.
20 Вақте ки ғуломи гуноҳ будед, шумо маҷбур набудед, ки ба росткорӣ итоат кунед.
21 Пас шумо аз чунин зиндагӣ чӣ фоида ба даст овардаед? Шумо акнун аз он корҳое, ки пеш мекардед, шарм медоред, чунки оқибаташон марг аст.
22 Ҳоло бошад, шумо аз гуноҳ озод шудаед ва ғуломи Худо гашта, покиро ба даст меоваред ва дар натиҷа соҳиби ҳаёти абадӣ мешавед.
23 Зеро оқибати гуноҳ марг аст, лекин туҳфаи Худо – ҳаёти абадӣ аст, ки ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ дода мешавад.