меню

Нома ба Румиён 10 Боб

гузариш зуд:

1 Эй бародарону хоҳарон, дар дил орзу дорам ва дар пеши Худо дуо мекунам, ки халқи Исроил наҷот ёбад.

2 Ман шоҳиди он ҳастам, ки исроилиён дар дил нисбат ба Худо рашку ташнагӣ доранд, вале фаҳмишашон нодуруст аст.

3 Онҳо росткориеро, ки Худо медиҳад, нафаҳмиданд. Инчунин, ба росткории Худо итоат накарда, хостанд, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шаванд.

4 Зеро Масеҳ анҷомдиҳандаи шариат аст ва акнун, ҳар кӣ ба Масеҳ имон оварад, росткор ҳисобида мешавад.

5 Мусо дар бораи росткор шудан ба воситаи шариат чунин менависад: «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад».

6 Аммо навиштаҷот дар бораи росткорие, ки ба воситаи имон дода мешавад, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: Кӣ ба осмон мебарояд?», то ки Масеҳро ба замин биёрад.

7 Ё: «Кӣ ба олами мурдагон мефарояд?», то ки Масеҳро аз мурдагон зинда кунад.

8 Аммо навиштаҷот чунин мегӯяд: «Каломи Худо ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дар дили туст». Мо ана ҳамин каломи имонро эълон мекунем.

9 Агар ту бо даҳонат эътироф намоӣ, ки Исо Худованд аст ва дар дилат имон оварӣ, ки Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот меёбӣ.

10 Зеро инсон дар дил имон оварда, росткор ҳисобида мешавад ва бо даҳон эътироф намуда, наҷот меёбад.

11 Навиштаҷот чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда нахоҳад шуд».

12 Ин ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба халқҳои дигар якхел дахл дорад, чунки Худованд барои ҳама як аст. Худованд ба ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, баракати фаровон медиҳад.

13 Зеро, «ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта, фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт».

14 Аммо чӣ тавр одамон, дар ҳоле ки ба Худованд имон наовардаанд, номи Ӯро ба забон гиранд? Чӣ тавр дар бораи Ӯ нашунида имон биёранд? Инчунин, агар касе ба онҳо хушхабарро эълон накунад, чӣ тавр мешунаванд?

15 Ҳамчунин чӣ тавр касе, ки барои эълон кардани хушхабар фиристода нашуда бошад, хушхабарро эълон кунад? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ хел зебоянд пойҳои одамоне, ки хабари хушро эълон мекунанд».

16 Аммо на ҳама хабари хушро қабул карданд. Зеро пайғамбар Ишаъё чунин мегӯяд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст?»

17 Бинобар ин, имон аз шунидан ба вуҷуд меояд, яъне аз шунидани хабари хуш дар бораи Масеҳ пайдо мешавад.

18 Вале ман пурсидан мехоҳам, ки оё исроилиён хабари хушро нашунидаанд? Албатта шунидаанд! Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Овози эълонкунандагон дар тамоми олам паҳн шудааст ва суханони онҳо то ба канораҳои ҷаҳон расидаанд».

19 Вале боз мепурсам, шояд халқи Исроил нафаҳмид? Лекин Худо ба воситаи Мусо ба исроилиён чунин мегӯяд: «Ман ба воситаи мардуме, ки ҳатто халқ ҳисоб намешаванд, шуморо ба рашк хоҳам овард ва бо халқи бефаҳм шуморо ба ғазаб хоҳам овард».

20 Сипас пайғамбар Ишаъё сухани Худоро далерона эълон мекунад: «Маро онҳое ёфтанд, ки Маро ҷустуҷӯ намекарданд. Ман Худро ба онҳое маълум кардам, ки дар бораи ин аз Ман хоҳиш накарда буданд».

21 Аммо дар бораи халқи Исроил чунин мегӯяд: «Тамоми рӯз ба сӯйи ин мардуми беитоат ва якрав дастони Худро дароз кардам».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16