меню

Нома ба Румиён 4 Боб

гузариш зуд:

1 Пас дар бораи Иброҳим, ки ҷисман падари мо – яҳудиён аст, чӣ бигӯем? Ӯ чӣ ба даст овард?

2 Агар Иброҳим барои корҳои некаш росткор ҳисобида шуда бошад, ӯ метавонад бо корҳояш фахр кунад, лекин на дар пеши Худо.

3 Зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд».

4 Вале музди меҳнаткаш барояш туҳфа нест, балки ҳаққи ӯст, ки бояд ба ӯ дода шавад.

5 Аммо, агар одам на ба корҳои худ, балки ба Худое, ки бадкорро сафед мекунад, имон дошта бошад, пас имони чунин одам росткорӣ ҳисоб мешавад.

6 Довуд айнан ҳамин ҳолатро мегӯяд, вақте шахсеро, ки Худо сарфи назар аз корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт меномад:

7 «Хушбахтанд шахсоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида шудаанд ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд.

8 Ва хушбахт аст шахсе, ки Худованд гуноҳҳояшро ҳеҷ гоҳ ба ҳисоб намегирад».

9 Оё ин хушбахтӣ танҳо ба хатнашудагон, яъне дастҳалолшудагон дахл дорад ё ба халқҳои хатнанашуда ҳам? Мо мегӯем, ки Худо имони Иброҳимро росткорӣ ҳисобид.

10 Кай имонаш росткорӣ ҳисобида шуд? Пеш аз он ки хатна карда шуд ё баъд аз он? Пеш аз он ки Иброҳим хатна карда шуд.

11 Иброҳим пеш аз хатна шуданаш, аз рӯйи имонаш росткор ҳисобида шуда буд. Хатна ҳамчун аломат танҳо росткор будани ӯро тасдиқ кардааст. Барои ҳамин Иброҳим падари ҳамаи онҳоест, ки хатна нашудаанду имон овардаанд. Худо имони онҳоро ҳамчун росткорӣ ҳисобид.

12 Инчунин, Иброҳим падари ҳамаи хатнашудагон низ шуд, ки на танҳо хатна шудаанд, балки ҳам ба имони пеш аз хатна доштаи Иброҳим низ пайравӣ мекунанд.

13 Худо ба Иброҳим ва фарзандонаш ваъда дод, ки ҷаҳон чун мерос аз они онҳо мешавад. Лекин Худо ин ваъдаро ба хотири шариат, яъне қонуни Худо, надод, балки ба хотири росткорие, ки аз рӯйи имон пайдо мешавад.

14 Агар ваъдаи Худо ба иҷрокунандагони шариат дахл медошт, имон бефоида ва ваъда бемаънӣ мешуд.

15 Зеро шикастани шариат Худоро ба ғазаб меорад, лекин, дар ҷое ки шариат нест, онро ҳеҷ кас вайрон намекунад.

16 Аз ин рӯ, ваъда ба онҳое дода мешавад, ки имон доранд. Худо ваъдаро аз рӯйи файзу меҳрубониаш медиҳад. Ваъдаи Худо ба ҳамаи фарзандони Иброҳим ҳатман дода мешавад, на танҳо ба онҳое, ки ба шариат итоат мекунанд, балки ҳам ба онҳое, ки имонашон монанди имони Иброҳим аст. Иброҳим падари ҳамаи мост,

17 чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ман туро падари халқҳои зиёд мегардонам». Иброҳим, ки ба Худо бовар кардааст, дар пеши Худо падари ҳамаи мо шуд. Ӯ ба Худое бовар кардааст, ки мурдагонро зинда мекунад ва аз чизҳои нобуда чизҳои нав меофарад.

18 Вақте ки ҳеҷ умеди фарзанд доштан набуд, Иброҳим бо умед ба Худо бовар кард. Аз ин рӯ Иброҳим падари халқҳои зиёд шуд, чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Насли ту низ ҳамин хел бешумор хоҳад шуд».

19 Ҳарчанд Иброҳим мефаҳмид, ки бадани садсолаи ӯ қариб ба мурдан расида буд ва занаш Соро аз синни таваллуд кардан кайҳо гузаштааст, имонаш суст нашуд.

20 Иброҳим шубҳа накарда ба ваъдаи Худо бовар намуд ва дар имон устувор шуда, Худоро ситоиш кард.

21 Ӯ боварии комил дошт, ки Худо он чиро, ки ваъда додааст, иҷро карда метавонад.

22 Барои ҳамин Худо Иброҳимро барои имонаш росткор ҳисобид.

23 Аммо ин сухани навиштаҷот, ки Иброҳим росткор ҳисобида шуд, на танҳо ба ӯ дахл дорад,

24 он сухан ба мо низ дахл дорад. Мо ҳам аз рӯйи имон росткор ҳисобида мешавем, чунки ба Худое имон дорем, ки Худовандамон Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кард.

25 Исои Масеҳ барои гуноҳҳои мо ба марг супорида шуд ва барои сафед кардани мо зинда шуд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16