меню

Нома ба Румиён 11 Боб

гузариш зуд:

1 Пас саволе ба миён меояд: Наход ки Худо халқи Худро рад карда бошад? Албатта, не! Худи ман ҳам исроилиам ва аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам.

2 Худо халқашро, ки аз аввал интихоб карда буд, рад накардааст! Оё шумо намедонед, ки навиштаҷот дар бораи пайғамбар Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ тарз ӯ дар пеши Худо аз исроилиён шикоят карда мегӯяд:

3 «Худовандо, онҳо пайғамбаронатро куштанд ва қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд. Танҳо ман мондаам ва маро ҳам куштан мехоҳанд».

4 Лекин Худо ба вай чӣ ҷавоб дод? «Ман барои Худ ҳафт ҳазор одамро, ки ба бути Баал саҷда накардаанд, нигоҳ доштаам».

5 Инчунин, дар замони ҳозира ҳам шумораи ками исроилиёни вафодор боқӣ мондааст, ки Худо онҳоро аз рӯйи файзу меҳрубониаш интихоб кардааст.

6 Агар аз рӯйи файзу меҳрубонӣ интихоб шуда бошанд, пас на аз рӯйи кору амалашон интихоб шудаанд, вагарна файз дигар файз намебуд.

7 Аз ин чӣ бармеояд? Он чиро, ки халқи Исроил меҷуст, наёфт. Танҳо исроилиёни интихобшуда ба даст оварданд, лекин исроилиёни боқимонда гарданшах шуданд.

8 Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Худо ба онҳо рӯҳи хоболудӣ, чашми нобинову гӯши ношунаво дод, ки то имрӯз дар ҳамин ҳолат бимонанд».

9 Инчунин, пайғамбар Довуд мегӯяд: «Бигзор дастархонашон барои онҳо дом ва тӯру санги пешпохӯрӣ шавад ва ҷазои худро бинанд.

10 Бигзор чашми онҳоро торикӣ зер кунад ва пушташон абадан дар зери бор хам гардад!»

11 Ман боз мепурсам: Магар яҳудиён пешпо хӯрда чунон афтодаанд, ки дигар бархеста наметавонанд? Албатта, не! Лекин беитоатии онҳо ба ғайрияҳудиён низ наҷот овард, то ки ба воситаи ин дар вуҷуди яҳудиён рашк пайдо шавад.

12 Агар беитоатии яҳудиён барои ҷаҳон баракатҳои фаровон оварда бошад ва афтоданашон барои ғайрияҳудиён баракатҳои фаровон дода бошад, пас пурра наҷот ёфтани халқи Исроил чӣ қадар баракати зиёдтаре меорад?!

13 Ҳоло бошад, ман ба шумо – ғайрияҳудиён, сухан мегӯям. Ман барои ғайрияҳудиён фиристодаи Худо ҳастам ва барои ин хизматам Ӯро ситоиш мекунам.

14 Умед дорам, ки ҳамин тавр яҳудиёни ҳаммиллатамро нисбат ба шумо ба рашк оварда, ақаллан баъзеи онҳоро наҷот медиҳам.

15 Азбаски рад шудани онҳо сабаби оштии ҷаҳон бо Худо шудааст, пас қабул шудани онҳо сабаби зиндашавии мурдагон мегардад!

16 Агар заволаи аввалини хамир ба Худо бахшида шуда бошад, тамоми хамир ҳам аз они Худост. Инчунин, агар решаи дарахт ба Худо бахшида шуда бошад, шохаҳои он ҳам аз они Худост.

17 Агар баъзеи шохаҳо шикаста партофта шуда бошанд ва ту, ки шохаи зайтуни ёбоӣ ҳастӣ, дар ҷойи онҳо пайванд шуда, аз шираи решаи зайтун ғизо гирӣ,

18 пас дар пеши он шохаҳои шикасташуда фахр накун. Агар фахр кунӣ, дар хотир дор, ки на ту решаро дошта истодаӣ, балки реша туро дошта меистад.

19 Шояд ту гӯйӣ: «Он шохаҳо шикаста партофта шудаанд, то ки ман пайванд шавам».

20 Хуб! Лекин он шохаҳо ба сабаби беимониашон шикаста шудаанд, ту бошӣ ба воситаи имон дар ҷойи онҳо истодаӣ. Барои ҳамин ҳавобаланд нашав, балки битарс!

21 Зеро, агар Худо ба шохаҳои табиӣ раҳм накарда бошад, ба ту низ раҳм намекунад.

22 Дар хотир дор, ки Худо ҳам меҳрубон ва ҳам сахтгир аст. Ӯ нисбат ба онҳое, ки афтоданд, сахтгир аст, лекин нисбат ба ту меҳрубон аст, ба шарте ки дар меҳрубонии Худо зиндагиро давом диҳӣ, вагарна ту ҳам бурида партофта мешавӣ.

23 Агар исроилиён низ аз беимонии худ даст кашанд, боз пайванд мешаванд, чунки Худо қудрат дорад, ки онҳоро аз нав ба дарахт пайванд кунад.

24 Агар ту аз зайтуни ёбоӣ бурида шуда, ба тарзи ғайритабиӣ ба зайтуни боғӣ пайванд шуда бошӣ, пас баргашта ба дарахти худ пайванд шудани шохаҳои табиӣ боз ҳам осонтар мешавад.

25 Эй бародарону хоҳарон, ман мехоҳам ба шумо як сирро кушоям, то ки шумо худро аз ҳад зиёд доно нагиред. Якравии як қисми исроилиён танҳо то вақте давом меёбад, ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён ба назди Худо ояд.

26 Ҳамин тавр тамоми халқи Исроил наҷот меёбад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Аз Сион Халоскунанда меояд ва гуноҳҳои наслҳои Яъқубро дур месозад!

27 Аҳду паймони Ман чунин мешавад, вақте ки гуноҳҳояшонро аз онҳо дур месозам».

28 Яҳудиён душмани хушхабари Худо шуданд, то ки шумо – ғайрияҳудиён, фоида ёбед. Лекин онҳо халқи интихобшудаи Худо ҳастанд ва ба хотири аҷдодонашон Худо онҳоро дӯст медорад.

29 Зеро даъвату баракатҳои Худо ивазнашавандаанд!

30 Шумо низ як замон ба Худо итоат намекардед, лекин ҳоло ба хотири беитоатии яҳудиён Худо ба шумо раҳм кардааст.

31 Ҳамчунин, яҳудиён низ ҳоло беитоатӣ кардаанд ва ба хотири ин Худо ба шумо раҳм кардааст, то ки онҳо ҳам ба монанди шумо раҳм карда шаванд.

32 Худо ҳамаи халқҳоро ба зиндони беитоатӣ партофтааст, то ки ба ҳама раҳм кунад.

33 Чӣ қадар бузург аст сарвату ҳикмат ва дониши Худо! Кӣ метавонад, қарорҳои Ӯро фаҳмонад ва кӣ метавонад, роҳҳои Ӯро дарк кунад?!

34 «Кӣ метавонад, андешаҳои Худовандро бифаҳмад? Ё кӣ метавонад, ба Ӯ маслиҳате диҳад?

35 Кист, ки Худовандро қарздор карда бошад, ки Ӯ бояд ба вай баргардонад?»

36 Зеро ҳама чиз аз Ӯ ва ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ аст! Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин!

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16