1 Пас ту, эй инсон, агар дигаронро барои кори нодурусте, ки худат ҳам онро мекунӣ, айбдор намойӣ, ягон узре надорӣ. Зеро дигаронро айбдор намуда, ту худатро низ айбдор мекунӣ.
2 Мо медонем, ки Худо касонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, аз рӯйи адолат ҷазо медиҳад.
3 Эй инсон, наход фикр кунӣ, ки дигаронро айбдор намуда, вале ба мисли онҳо рафтор карда, аз ҷазои Худо мегурезӣ?
4 Оё ту меҳрубонӣ, раҳмдилӣ ва пурсабрии Худоро хор мешуморӣ? Магар намедонӣ, ки меҳрубонии Худо туро ба тавба кардан мебарад?
5 Азбаски ту гарданшах ҳастию тавба кардан намехоҳӣ, ғазаби зиёдеро ҷамъ меоварӣ, ки дар Рӯзи ғазаби Худо ва ошкор шудани ҳукми одилонаи Ӯ бар сарат мерезад.
6 Ӯ ба ҳама мувофиқи корҳояшон подош медиҳад.
7 Худо ба онҳое, ки доим корҳои нек карда, дар ҷустуҷӯйи шуҳрату шаъну шараф ва ҳаёти ҷовидона буданд, ҳаёти абадӣ медиҳад.
8 Аммо онҳое, ки худписанд ҳастанд ва на ба ҳақиқат, балки ба бадӣ итоат мекунанд, қаҳру ғазаби Худоро мебинанд.
9 Ба сари ҳама одамоне, ки бадӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар азобу бало меояд.
10 Вале ба онҳое, ки некӣ мекунанд, аввал яҳудиён ва баъд халқҳои дигар Худо шуҳрату шаъну шараф ва сулҳу осоиштагӣ медиҳад!
11 Зеро Худо ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад!
12 Вақте ки ғайрияҳудиён гуноҳ карданд, ҳарчанд ки шариати Мусоро надоштанд, нобуд мешаванд. Вале онҳое, ки шариат дошта, гуноҳ карданд, аз рӯйи он ҳукм карда мешаванд.
13 Зеро на шунавандагони шариат, балки онҳое, ки фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, дар назари Худо сафед карда мешаванд.
14 Ҳар вақте ки ғайрияҳудиёне, ки шариат надоранд, аз рӯйи виҷдонашон фармонҳои шариатро иҷро мекунанд, бо ин амалашон нишон медиҳанд, ки худашон барои худ шариат ҳастанд.
15 Онҳо бо ин рафторашон нишон медиҳанд, ки фармонҳои шариат дар дилҳои онҳо навишта шудаанд. Виҷдону фикрҳояшон низ ба ҳамин шаҳодат медиҳанд, вақте ки ба онҳо: «Ин рафторат дуруст аст» ё баръакс: «Нодуруст рафтор карда истодаӣ!» мегӯянд.
16 Мувофиқи хушхабаре, ки ман эълон мекунам, рӯзе меояд, ки Худо тамоми сирру корҳои пинҳонии одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ мекунад.
17 Масалан, ту худро яҳудӣ меномӣ ва ба шариат такя намуда, аз шинохтани Худо фахр мекунӣ
18 ва хости Худоро медонӣ. Азбаски шариатро омӯхтаӣ, ту дурустро аз нодуруст фарқ карда метавонӣ.
19 Ту дилпур ҳастӣ, ки худат кӯронро роҳнамоӣ мекунӣ ва барои онҳое, ки дар торикӣ гумроҳ шудаанд, нур ҳастӣ.
20 Худро устоди беақлон ва муаллими кӯдакон меҳисобӣ, чунки шариатеро медонӣ, ки пур аз донишу ҳақиқат аст.
21 Пас, чаро ту дигаронро таълим дода, худатро таълим намедиҳӣ? Чаро ба дигарон таълим медиҳӣ, ки дуздӣ накунанд, лекин худат дуздӣ мекунӣ?
22 Барои чӣ ба дигарон мегӯйӣ, ки зино накунанд, аммо худат зино мекунӣ? Чаро «Бутҳоро бад мебинам» мегӯйӣ, лекин чизҳои аз бутхонаҳо дуздидашударо истифода мебарӣ?
23 Ту аз шариат фахр мекунӣ, лекин онро вайрон намуда, ба Худо беҳурматӣ мекунӣ.
24 Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба сабаби шумо номи Худо дар байни ғайрияҳудиён дашном дода мешавад».
25 Зеро вақте ки ту фармонҳои шариатро иҷро мекунӣ, хатна, яъне дастҳалолкунӣ, фоида дорад. Вале агар ту шариатро риоя накунӣ, гӯё хатнанашуда ҳастӣ.
26 Агар шахси хатнанашуда фармонҳои шариатро иҷро намояд, наход Худо вайро хатнашуда ҳисоб накунад?
27 Аз ин сабаб шахси хатнанашудае, ки шариатро риоя менамояд, туро айбдор мекунад, чунки ту шариатро дорӣ ва хатна шудаӣ, лекин шариатро иҷро намекунӣ.
28 Шахс на аз рӯйи намуди зоҳирӣ яҳудӣ ҳисоб мешавад ва хатна ҳам чизи зоҳирӣ ва ҷисмонӣ нест.
29 Яҳудии ҳақиқӣ ҳамонест, ки ботинан пок аст ва хатнаи ҳақиқӣ на иҷрои шариати навишташуда, балки ба воситаи Рӯҳулқудс дигаргун шудани дил аст. Чунин шахсро на одамон, балки Худо таъриф мекунад.