меню

Нома ба Румиён 5 Боб

гузариш зуд:

1 Бинобар ин, азбаски мо аз рӯйи имон сафед шудаем, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ бо Худо сулҳу оштӣ дорем.

2 Инчунин, мо ба воситаи Масеҳ аз рӯйи имон ба файзу меҳрубонии Худо роҳ ёфтаем ва акнун дар он истодаем. Ҳамчунин, мо бо умед фахр мекунем, ки дар ҷалолу бузургии Худо иштирок хоҳем кард.

3 Зиёда аз ин, мо бо азобу уқубатҳои худ низ фахр мекунем, зеро медонем, ки азобҳо сабру тоқатро ба вуҷуд меоранд.

4 Сабру тоқат моро ботаҷриба мекунад ва аз таҷриба умед пайдо мешавад.

5 Умед бошад, моро шарманда намекунад, чунки Худо ба воситаи Рӯҳулқудси ба мо додааш дилҳои моро аз муҳаббаташ лабрез намудааст.

6 Зеро, вақте ки мо ҳанӯз сусту нотавон будем, Масеҳ дар вақти муайян барои мо – бадкорон мурд.

7 Одатан ягон кас ҳатто барои шахси росткор ҷонашро фидо намекунад, ҳарчанд мумкин шахсе ёфт шавад, ки худашро барои одами нек қурбон кунад.

8 Аммо Худо муҳаббати Худро ба мо бо он исбот менамояд, ки ҳанӯз дар вақти гунаҳкор буданамон Масеҳ барои мо мурд.

9 Ҳоло бошад, азбаски мо бо хуни Масеҳ сафед шудаем, Худо, албатта, моро аз ғазаби ояндаи Худ наҷот медиҳад.

10 Агар дар вақти душмани Худо буданамон ба воситаи марги Писараш бо Ӯ оштӣ шуда бошем, ҳоло ки дӯстони Худо ҳастем, албатта ба воситаи ҳаёти Масеҳ наҷот меёбем.

11 Зиёда аз он, мо ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ, ки моро бо Худо оштӣ дод, бо Худо фахр мекунем.

12 Вақте ки Одам гуноҳ кард, гуноҳ ба ҷаҳон ворид шуд ва ҳамроҳаш маргро овард. Ҳамин тавр марг ба сари ҳамаи одамон омад, чунки ҳама гуноҳ карданд.

13 Ҳатто пеш аз он ки Худо шариаташро дод, дар ҷаҳон гуноҳ буд. Лекин дар ҷое, ки шариат нест, гуноҳ ба назар гирифта намешавад.

14 Бо вуҷуди ин аз замони Одам то замони Мусо бар ҳамаи одамон ва ҳатто бар онҳое, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, марг ҳукмронӣ мекард. Одами аввалин рамзи Масеҳ буд, ки бояд меомад.

15 Лекин туҳфаи файзу меҳрубонии Худо аз гуноҳи Одам фарқ мекунад. Зеро, агар ба воситаи гуноҳи як одам ин қадар одамони зиёд мурда бошанд, пас файзу меҳрубонии Худо ба воситаи туҳфаи файзу меҳрубонии як одам, яъне Исои Масеҳ, ба одамони аз он ҳам зиёдтар дода шуд.

16 Инчунин баробар кардани туҳфаи файзи Худо бо гуноҳи як одам дуруст нест, чунки оқибати гуноҳи Одам ҷазо буд, вале туҳфаи Худо моро аз гуноҳҳои зиёд сафед кард.

17 Зеро ба воситаи гуноҳи як одам, марг ба ҳамаи одамон ҳукмрон шуд. Пас чӣ қадар бештар натиҷаи кори як одам, яъне Исои Масеҳ, бузургтар аст! Ҳамаи онҳое, ки файзу меҳрубонии бузурги Худо ва туҳфаи сафедшавиро қабул карданд, ба воситаи Исои Масеҳ дар ҳаёт ҳукмронӣ хоҳанд кард.

18 Бинобар ин, чунон ки гуноҳи як одам ҳамаро ба ҷазо дучор кардааст, ҳамон тавр як амали росткоронаи Масеҳ ҳамаро сафед мекунад ва ҳаёт мебахшад.

19 Чунон ки ба воситаи беитоатии як одам бисёр касон гунаҳкор шудаанд, ҳамон тавр ба воситаи итоати як одам бисёр касон росткор мешаванд.

20 Шариати Худо барои он дода шуд, ки гуноҳи одамон зиёдтару боқувваттар гардад. Аммо бо зиёд шудани гуноҳ файзу меҳрубонии Худо ҳам бениҳоят боқувваттар шуд.

21 Пас, чунон ки гуноҳ ҳукмрон шуда, маргро овардааст, ҳамон тавр низ файзу меҳрубонии Худо ҳукмрон шудааст. Файзу меҳрубонии Худо ба воситаи Исои Масеҳ моро сафед менамояд, то ки мо ҳаёти абадӣ ба даст оварем.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16