1 Пас акнун онҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳастанд, ҳеҷ гуна маҳкум карда намешаванд.
2 Зеро қонуни Рӯҳи Худо, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳаёт мебахшад, маро аз қонуни гуноҳ ва марг халос кардааст.
3 Шариат ба сабаби сустии табиати гунаҳкорамон моро халос карда натавонист. Худо ин корро кард! Вай Писари Худро дар ҷисме фиристод, ки ба ҷисми гунаҳкори одам монанд буд, то ки Писараш ҷисми Худро барои гуноҳҳои мо қурбон карда, ҳукмронии гуноҳро вайрон созад.
4 Худо моро халос кард, то ки фармонҳои одилонаи шариатро иҷро намоем. Мо шахсоне ҳастем, ки на аз рӯйи табиати гунаҳкори худ, балки бо Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунем.
5 Онҳое, ки мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкорашон зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар фикри чизҳои ҷисмонӣ ҳастанд. Вале касоне, ки мувофиқи хости Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунанд, дар бораи хоҳишҳои Рӯҳи Худо фикр мекунанд.
6 Натиҷаи фикрҳои табиати гунаҳкор марг аст, вале натиҷаи фикрҳои Рӯҳи Худо ҳаёту оромӣ аст.
7 Зеро фикрҳои табиати гунаҳкори одам душманӣ бо Худо аст, чунки ба шариати Худо итоат намекунанд ва дар асл ҳеҷ гоҳ итоат карда наметавонанд.
8 Барои ҳамин онҳое, ки дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ба Худо писанд омада наметавонанд.
9 Лекин шумо, агар Рӯҳи Худо дар вуҷудатон сокин бошад, дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор нестед, балки дар зери ҳукмронии Рӯҳи Худо ҳастед. Аммо касе, ки дар вуҷудаш Рӯҳи Масеҳ надорад, аз они Масеҳ нест.
10 Вале, агар Масеҳ дар вуҷудатон сокин бошад, Рӯҳи Худо ба хотири сафед шуданатон ба шумо ҳаёт мебахшад, ҳарчанд баданатон ба сабаби гуноҳ миранда аст.
11 Рӯҳи Худое, ки Исоро аз мурдагон зинда кардааст, дар шумо сокин аст. Агар ҳамон Рӯҳи Худо дар вуҷуди шумо сокин бошад, пас Ӯ, ки Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кардааст, баданҳои мирандаи шуморо ҳам зинда мекунад.
12 Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, мо аз табиати гунаҳкори худ қарздор нестем, ки мувофиқи хоҳишҳои он зиндагӣ кунем.
13 Зеро, агар шумо мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкори худ зиндагӣ кунед, мемуред. Вале, агар ба воситаи Рӯҳи Худо корҳои пургуноҳи ҷисмро нобуд созед, зинда мемонед.
14 Зеро касоне, ки ба воситаи Рӯҳи Худо роҳнамоӣ карда мешаванд, фарзандони Худо ҳастанд.
15 Худо ба шумо рӯҳи ғуломӣ надодааст, то ки боз дар тарс зиндагӣ кунед, балки Рӯҳи Худашро додааст, то ки шумо фарзандони Худо шавед. Мо ба воситаи ин Рӯҳ ба Худо «Эй Або, эй Падарҷонам!» гуфта муроҷиат мекунем.
16 Рӯҳи Худо ба рӯҳи худамон шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.
17 Аз ин рӯ, агар мо фарзандони Худо бошем, мо меросхӯрони Ӯ ҳастем ва ҳамроҳи Масеҳ баракатҳои Худоро мерос мегирем. Зеро агар мо ҳамроҳи Масеҳ азоб кашем, дар шуҳрату бузургиаш низ ҳамроҳ мешавем.
18 Ба назари ман, он азобҳое, ки мо ҳозир мекашем, дар муқоиса ба он шуҳрату бузургие, ки дар оянда ба мо ошкор мешавад, ҳеҷанд.
19 Зеро тамоми офариниш беҳад интизори он аст, ки Худо кӣ будани фарзандонашро ошкор кунад.
20 Тамоми офариниш на бо хоҳиши худ, балки бо хости Худо лаънатзада шуд. Вале офариниш умед мекунад, ки
21 худи он аз ғуломии нобудшавӣ халос шуда, дар озодию бузургии фарзандони Худо ҳамроҳ мешавад.
22 Мо медонем, ки тамоми офариниш то ҳол меноладу чун зан ҳангоми таваллудкунӣ азоб мекашад.
23 На танҳо офариниш, балки мо – имондорон низ, ки Рӯҳулқудсро ҳамчун ҳосили аввалин қабул кардаем, дарунакӣ оҳу нола мекунем. Мо беҳад интизори он ҳастем, ки Худо моро ҳамчун фарзандони Худ қабул менамояд ва тамоми баданамонро озод мекунад.
24 Зеро мо бо чунин умед наҷот ёфтаем. Лекин, агар чизеро, ки ба он умедвор будем, аллакай ба даст оварда бошем, дигар ба он умед нест. Кӣ ба он чизе, ки аллакай ба даст оварда шудааст, умед мебандад?
25 Аммо, агар ба чизе умед бандем, ки ҳоло ба даст наовардаем, бояд онро бо сабру тоқат интизор шавем.
26 Инчунин Рӯҳулқудс дар сустиҳоямон ба мо ёрӣ медиҳад, чунки мо намедонем, ки дар бораи чӣ дуо кунем. Худи Рӯҳулқудс бо оҳу нолаҳояш, ки бо сухан баён карданашон ғайриимкон аст, барои мо илтимос мекунад ва моро тарафгирӣ менамояд.
27 Худо, ки дилҳои моро месанҷад, медонад, ки Рӯҳулқудс дар бораи чӣ илтимос мекунад, чунки илтимосҳои Рӯҳулқудс мувофиқи хости Худост.
28 Ҳамчунин, мо медонем, ки Худо барои ҳамаи онҳое, ки Ӯро дӯст медоранду аз рӯйи хости Ӯ даъват шудаанд, оқибати ҳама чизро ба хайр мегардонад.
29 Зеро ин ҳамон одамоне ҳастанд, ки Худо пешакӣ донистааст. Худо онҳоро пешакӣ муайян карда буд, ки онҳо ба Писари Ӯ монанд бошанд, то ки Писараш дар байни бародарони зиёд аввалин бошад.
30 Худо ҳамон одамонеро, ки пешакӣ муайян карда буд, даъват кардааст, сипас даъватшудагонро росткор ҳисобидааст ва ба росткор ҳисобшудагон шуҳрату бузургиашро додааст.
31 Пас ба ҳамаи ин чизҳо чӣ бигӯем? Агар Худо тарафдори мо бошад, кӣ бар зидди мо баромада метавонад?
32 Ҳамон Худое, ки Писарашро дареғ надошта, Ӯро барои ҳамаи мо фидо кардааст, магар ҳамроҳи Масеҳ ба мо тамоми чизи дигарро бо саховатмандӣ намебахшад?
33 Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Худо интихобшудагонро сафед мекунад.
34 Кӣ онҳоро ҳукм карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Исои Масеҳ моро тарафгирӣ мекунад. Ӯ ҳамонест, ки мурд, вале зиёда аз он зинда шуд ва ҳоло аз дасти рости Худо нишастааст.
35 Оё касе ё чизе ба монанди гуруснагиву бараҳнагӣ, ё ягон азобу уқубат, ё хатару пайгирӣ ва ё шамшер моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо карда метавонад?
36 Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ба хотири Ту мо тамоми рӯз бо хатари марг рӯ ба рӯ мешавем ва моро чун гӯсфандони ба куштан бурдаистода меҳисобанд».
37 Вале мо бар ҳамаи ин чизҳо ба воситаи Ӯ, ки моро дӯст доштааст, комилан ғолиб меоем.
38 Зеро ман боварии комил дорам, ки на марг, на зиндагӣ, на фариштагон, на қудратмандони осмонӣ, на замони ҳозираву оянда, на қувваҳо,
39 на осмону замин ва на ягон мавҷудот моро аз муҳаббате, ки Худо дар Худовандамон Исои Масеҳ ба мо нишон додааст, ҷудо карда наметавонад.