меню

Нома ба Румиён 9 Боб

гузариш зуд:

1 Масеҳ шоҳид аст, ки ман рост мегӯям. Виҷдони ман ҳам, ки онро Рӯҳулқудс идора мекунад, шаҳодат медиҳад, ки дурӯғ намегӯям.

2 Дилам пур аз ғаму андӯҳ аст ва дарду сӯзи он ҳеҷ намегузарад!

3 Дилам барои халқам – яҳудиён месӯзад. Орзу мекардам, ки агар мумкин бошад, ба хотири наҷот ёфтани ҳамин бародарони худ, ки хешовандони ман ҳастанд, лаънатхонда ва аз Масеҳ – Таъйиншудаи Худо ҷудо шавам.

4 Онҳо ҳамон исроилиёне ҳастанд, ки Худо фарзандони Худ хондааст. Ӯ ба онҳо шукӯҳу бузургиашро нишон додааст ва чанд маротиба бо онҳо аҳду паймон бастааст ва ба онҳо шариату фармонҳояшро додааст. Худо онҳоро даъват кардааст, ки Ӯро дар ибодатгоҳаш парастиш намоянд ва ба онҳо ваъдаҳо додааст.

5 Падарбузургон асосгузори халқи Исроил буданд ва дар байни онҳо Худи Масеҳ ба дунё омадааст, ки Худои тамоми олам мебошад ва то абад сазовори ситоиш аст. Омин!

6 Вале ин маънои онро надорад, ки ваъдаи Худо иҷро нашудааст. Зеро на ҳамаи онҳое, ки аз халқи Исроил ба дунё омадаанд, исроилиёни ҳақиқӣ ҳисоб мешаванд.

7 Инчунин, на ҳамаи фарзандони Иброҳим насли ҳақиқии ӯ ҳастанд. Зеро Худо ба Иброҳим чунин гуфтааст: «Насле, ки ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ мебарояд».

8 Яъне на ҳамаи онҳое, ки ҷисман аз Иброҳим ба дунё омадаанд, фарзандони Худо ҳисоб мешаванд. Танҳо онҳое, ки аз рӯйи ваъдаи Худо таваллуд ёфтаанд, насли Иброҳим ҳисобида мешаванд.

9 Зеро ваъдаи Худо ба Иброҳим чунин буд: «Ман дар вақти муайян боз меоям ва Соро писардор мешавад».

10 Ин писар падарбузурги мо – Исҳоқ буд. Инчунин, бо занаш Ривқо низ чунин ҳолат рӯй дода буд, вақте ки ӯ бо дугоник ҳомиладор шуд.

11-12 Аммо пеш аз таваллуди писарон ва пеш аз он ки онҳо ягон кори нек ё бад кунанд, Худо ба Ривқо гуфт: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат мекунад». Ин гуфтаи Худо нишон медиҳад, ки интихобаш на ба корҳои одам, балки ба даъвати Худи Ӯ вобаста аст.

13 Чунон ки дар бораи ин навишта шудааст: «Ман Яъқубро дӯст доштам, вале Эсавро рад кардам».

14 Аз ин сухани Худо чӣ бармеояд? Магар Худо беинсофӣ кардааст? Ҳаргиз не!

15 Зеро Худо ба Мусо чунин гуфта буд: «Агар ба касе дилсӯзӣ кардан хоҳам, дилсӯзӣ мекунам ва ба ҳар касе, ки раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам».

16 Бинобар ин ҳама чиз на ба хоҳиш ва на ба кӯшиши одамон, балки ба Худои раҳиму меҳрубон вобаста аст.

17 Дар навиштаҷот Худо ба фиръавн чунин мегӯяд: «Ман туро ба он хотир интихоб кардам, ки ба воситаи ту қудратамро нишон диҳам ва номам дар тамоми дунё машҳур шавад».

18 Барои ҳамин Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, раҳм мекунад ва ҳар киро, ки хоҳад, якрав мегардонад.

19 Шояд ту аз ман пурсӣ: «Пас барои чӣ Худо моро айбдор мекунад? Магар касе зидди хости Худо чизе карда метавонад?»

20 Аммо эй инсон, ту худат кистӣ, ки бо Худо баҳс мекунӣ? Оё кӯза ба кӯзагар гуфта метавонад: «Барои чӣ маро чунин сохтӣ?»

21 Магар кӯзагар ҳақ надорад, ки аз як лой зарфе барои корҳои махсус ва зарфе барои корҳои одӣ созад?

22 Магар Худо ҳақ надорад, ки ғазабу қувваташро нишон диҳад? Вале, агар Ӯ нисбат ба одамоне, ки дар зери ғазаби Ӯ буданд ва барои нобудшавӣ пешакӣ таъин шуда буданд, сабру тоқати зиёд нишон дода бошад, чӣ гуфта метавонем?

23 Инчунин, магар Худо ҳақ надорад, ки фаровонии шукӯҳу бузуршиашро нишон диҳад? Ҳамин тавр Ӯ раҳмашро ба онҳое нишон додааст, ки Худаш барои он шукӯҳи ҷалол пешакӣ тайёр карда буд.

24 Мо низ даъватшудагони Ӯ ҳастем, ки моро на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳои дигар ҳам даъват кардааст.

25 Чунон ки Худо дар китоби пайғамбар Ҳушаъ мегӯяд: «Онҳоеро, ки халқи Ман набуданд, халқи Худ мехонам ва онеро, ки дӯстдошта набуд, дӯстдошта меномам».

26 Инчунин, «Дар ҷое, ки гуфта шуда буд: „Шумо халқи Ман нестед“, онҳо дар ҳамон ҷой „фарзандони Худои зинда“ номида хоҳанд шуд».

27 Пайғамбар Ишаъё низ дар бораи Исроил нидо мекунад: «Ҳатто агар исроилиён чун реги баҳр бешумор бошанд, танҳо шумораи ками онҳо наҷот хоҳанд ёфт.

28 Зеро Худованд дар бораи ин замин ҳукми баровардаашро зуд ва пурра иҷро мекунад».

29 Чунон ки пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ кардааст: «Агар Худованди пурқудрат барои мо насли камшуморе зинда намегузошт, мо чун сокинони Садӯм нест мешудем ва ба мисли аҳолии Амуро нобуд мегаштем».

30 Пас чӣ гӯем? Халқҳое, ки ҳатто кӯшиши росткор шудан ҳам намекарданд, ба воситаи имон росткориро ба даст оварданд.

31 Вале халқи Исроил кӯшиш мекард, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шавад, лекин муваффақ нашуд.

32 Барои чӣ? Чунки исроилиён хостанд, ки на ба воситаи имон, балки ба воситаи кору амал росткориро ба даст оваранд. Онҳо ба «санги пешпо» бархӯрда афтоданд.

33 Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Инак, Ман дар кӯҳи Сион санге мегузорам, ки бар он одамон пешпо мехӯранд ва кӯҳпорае мегузорам, ки аз сабаби он меафтанд. Вале ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16