Ваҳй 1 Боб
1 Худо ба Исои Масеҳ вазифа дод, то ба пайравонаш ошкор намояд, ки ба зудӣ чӣ рӯй медиҳад. Исои Масеҳ фариштаашро фиристода, он чизҳоро ба хизматгораш – Юҳанно нишон дод.
2 Инак, Юҳанно мувофиқи ҳама чизҳои дидааш дар бораи каломи Худо ва дар бораи шаҳодати Исои Масеҳ дар ин китоб гувоҳӣ медиҳад.
3 Хушо касе, ки суханони пайғамбаронаи онро мехонад ва хушо касоне, ки онро мешунаванду ба ҷо меоранд, зеро вақт наздик аст.
4 Юҳанно ба ҳафт ҷамоати имондорони вилоятҳои Осиё салом мегӯяд. Аз ҷониби Худо – Он, ки ҳаст, Он, ки буд, Он, ки меояд ва аз ҷониби ҳафт рӯҳ, ки дар пеши тахти Ӯ мебошанд, файзу меҳрубонӣ ва осоиш бар шумо бод!
5 Ҳамчунин, аз ҷониби Исои Масеҳ файзу меҳрубонӣ бар шумо бод. Ӯ шоҳиди вафодор аст ва аввалин шуда аз марг зинда шуд ва шоҳи шоҳони замин аст. Масеҳ моро дӯст дошта, бо хунаш моро аз бори гуноҳҳоямон озод кард
6 ва дар Подшоҳии Падараш – Худо коҳинон таъин намуд. Шаъну шараф ва қудрат ба Масеҳ то абад бод! Омин!
7 Нигар! Масеҳ бо абрҳо меояд. Ҳама Ӯро мебинад. Ҳатто онҳое, ки Ӯро найза зада буданд. Он гоҳ ҳама қабилаҳои рӯйи замин дар пеши Ӯ доду фиғон мебардоранд. Оре, ҳамин тавр хоҳад шуд. Омин.
8 «Ман Аввалину Охирин ҳастам, – мегӯяд Худованд Худо, – Ҳамоне ки ҳаст, буд ва меояд, Худои Тавоно!»
9 Ман Юҳанно, бародар ва шарики шумо ҳастам, чунки ҳамаи мо ба хотири Исо ҳамчун шаҳрвандони Подшоҳии Худо пурсаброна азоб мекашем. Замоне барои эълони каломи Худову ҳақиқати Исо дар ҷазираи Патмус зиндонӣ будам.
10 Рӯзи парастиши Худованд буд ва Рӯҳи Худо маро фаро гирифт. Ногаҳон аз пуштам овозе мисли садои карнай баланд шуд.
11 Гуфт: «Он чиро, ки мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт ҷамоати имондорон бифирист. Ин ҷамоатҳо дар вилоятҳои Осиё, яъне дар шаҳрҳои Эфесус, Исмирно, Парғомус, Тиётиро, Сардис, Филоделфия ва Лоудикия ҳастанд».
12 Ман баргашта нигоҳ кардам, то бубинам, ки овози киро мешунавам ва ҳафт чароғдони тиллоро дидам.
13 Дар байни чароғдонҳо ба мисли Писари Одамизод шахсе меистод. Ӯ то пошнаи пойҳояш ҷомаи дарозе дар бар дошт ва бар қафаси синааш камарбанди тилло баста буд.
14 Сару мӯйи Ӯ мисли пашми сафед ё барф сап-сафед буд. Чашмонаш мисли алангаи оташ,
15 пойҳояш мисли биринҷии дар оташ софшуда ва овозаш мисли садои шаршараи азиме буд.
16 Дар дасти росташ ҳафт ситораро нигоҳ медошт ва аз даҳонаш шамшери дудамаи тезе мебаромад. Рӯйи Ӯ мисли офтоби тафсони нисфирӯзӣ медурахшид.
17 Ӯро дида, ба пеши пойҳояш мисли мурда афтодам. Аммо Ӯ дасти росташро бар ман ниҳода, гуфт: «Натарс! Ман оғозу анҷоми ҳама чиз ҳастам!
18 Ҳамонам, ки зинда аст. Мурда будам, лекин ҳоло нигар, ҷовидона зинда ҳастам ва калидҳои маргу олами мурдагон дар дасти Ман аст.
19 Инак, он чиро, ки дидӣ, он чиро, ки ҳаст ва он чиро, ки баъд аз ин мешавад, бинавис.
20 Сирри ҳафт ситора, ки дар дасти ростам дидӣ ва сирри ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт ҷамоат ва ҳафт чароғдон ҳафт ҷамоати имондорон аст».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22