Ваҳй 7 Боб
1 Баъди ин чизҳо чор фариштаро дидам, ки дар чор кунҷи замин истода, шамолҳои чор самти заминро бозмедоштанд, то ки онҳо ба замину баҳру дарахтон навазанд.
2 Боз як фариштаи дигарро дидам, ки аз шарқ боло меомад ва дар дасташ муҳри Худои зиндаро дошт. Ӯ бо овози баланд ба чор фариштае, ки ба онҳо ҳуқуқи ба замину баҳр зарар расондан дода шуда буд, фарёд зада гуфт:
3 «Ба замину баҳру дарахтон зараре нарасонед, то даме ки муҳри Худои моро ба пешонии бандагонаш гузорем».
4 Сипас шумораи муҳрзадашудагон ба гӯшам расид: Онҳо 144 000 кас аз ҳамаи қабилаҳои халқи Исроил буданд.
5 Аз қабилаи Яҳудо 12 000кас, аз қабилаи Реубен 12 000 кас, аз қабилаи Ҷод 12 000 кас,
6 аз қабилаи Ошер 12 000 кас, аз қабилаи Нафтолӣ 12 000 кас, аз қабилаи Менашше 12 000 кас,
7 аз қабилаи Шимъун 12 000 кас, аз қабилаи Левӣ 12 000 кас, аз қабилаи Иссокор 12 000 кас,
8 аз қабилаи Забулун 12 000 кас, аз қабилаи Юсуф 12 000 кас ва аз қабилаи Бинёмин 12 000 кас муҳр зада шуда буданд.
9 Баъди ин чизҳо, нигоҳ карда, мардуми зиёдеро дидам, ки касе онҳоро шумурда наметавонист. Одамон аз ҳар миллату қавм ва халқу забон буданд. Онҳо ҷомаҳои сафед дар бар кардаву ҳамчун рамзи шодӣ навдаҳои ниҳолонро ба даст гирифта, дар пеши тахту Барра истодаанд.
10 Онҳо бо овози баланд мегӯянд: «Худои мо бар тахташ нишаста, Наҷот аз Ӯсту аз они Барра!»
11 Ҳамаи фариштагон, ки гирди тахт, пирон ва чор махлуқ меистоданд, пеши тахт рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда карданд.
12 Онҳо чунин мегуфтанд: «Омин! Ба Худои мо бошад то абад, Ситоишу бузургиву ҳикмат, Ҳам сипосу иззату қудрат! Омин!»
13 Яке аз пирон аз ман пурсид: «Ин одамони ҷомасафед кистанд ва аз куҷо омадаанд?»
14 «Хоҷаам, инро шумо медонед!» – ҷавоб додам ман. Сипас ӯ гуфт: «Ин одамони вафодор аз азоби бузург гузашта меоянд. Онҳо ҷомаҳои худро дар хуни Барра, яъне Исо шуста, сафед кардаанд.
15 Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо истода, шабу рӯз дар маъбади осмон ба Ӯ хизмат мекунанд ва Худо ба онҳо дар манзили Худ ҷой медиҳад.
16 Ин одамон дигар ташнаву гурусна намемонанд ва офтобу гармо онҳоро ҳаргиз намесӯзонад.
17 Зеро Баррае, ки дар миёнаҷойи тахт меистад, онҳоро чӯпонӣ намуда, ба назди чашмаҳои оби ҳаёт мебарад. Худи Худо ҳар оби дидаи онҳоро пок мекунад».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22