меню

Ваҳй 11 Боб


1 Сипас ба ман ченкунаки асомонанде дода, гуфтанд: «Бархеста, маъбади Худо ва қурбонгоҳро чен намо ва дар он одамонеро, ки парастиш мекунанд, ҳисоб кун.

2 Аммо ҳавлии берунии маъбади Худоро чен накун, чунки он ба ғайрияҳудиён дода шудааст ва онҳо шаҳри Уршалими муқаддасро чилу ду моҳ поймол хоҳанд кард.

3 Ман ду шоҳидамро мефиристам, ки либоси мотам мепӯшанд. Онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз пайғамбарӣ мекунанд».

4 Онҳо ду дарахти зайтун ва ду чароғдоне мебошанд, ки дар ҳузури Худованди замин меистанд.

5 Агар касе онҳоро озор диҳад, оташе аз даҳонашон берун омада, душманонашонро месӯзонад. Ҳамин тавр ҳар касе, ки онҳоро озор медиҳад, нобуд карда мешавад.

6 Онҳо қудрати бастани осмонро доранд, то ки дар он рӯзҳо, ҳангоми пайғамбарӣ карданашон борон наборад. Ҳамчунин, онҳо қудрат доранд, ки обро ба хун табдил диҳанд ва ҳар вақте ки хоҳанд, дунёро бо ҳар гуна офат хароб созанд.

7 Вақте шоҳидон кори худро тамом мекунанд, ҳайвони ваҳшие аз ғори бепоён баромада, бо шоҳидон меҷангад ва ғолиб омада, онҳоро мекушад.

8 Ҷасадҳояшон дар кӯчаи шаҳри бузург, ки дар он Худованди шоҳидон, яъне Исо мехкӯб шуда буд, мехобанд. Ин шаҳр ба таври рамзӣ Садӯм ва Миср номида мешавад.

9 Аҳли ҳар халқу қавму забону миллат сеюним рӯз ҷасадҳояшонро тамошо мекунанд ва намегузоранд, ки онҳоро гӯр кунанд.

10 Сокинони замин аз мурдани онҳо хурсанд мешаванд ва базм ороста, ба ҳамдигар туҳфа мефиристанд, чунки ин ду пайғамбар онҳоро азоб медоданд.

11 Аммо пас аз сеюним рӯз аз ҷониби Худо нафаси ҳаёт омада, ба шоҳидон медарояд ва онҳо ба по мехезанд. Ҳар кас, ки онҳоро медид, ба тарсу ҳарос меафтод.

12 Сипас он ду пайғамбар аз осмон овози баланде мешунаванд, ки ба онҳо мегӯяд: «Ба ин ҷо бароед!» Онҳо дар пеши назари душманони худ рӯйи абр ба осмон мебароянд.

13 Ҳамон соат заминҷунбии сахте ба амал меояд, ки даҳ дарсади шаҳрро хароб мекунад. Ҳафт ҳазор одам нобуд мешавад ва боқимондагон ба тарсу ҳарос афтода, Худои осмонро бузург мехонанд.

14 Инак, балои дуюм гузашт, лекин балои сеюм бошитоб меояд.

15 Сипас, фариштаи ҳафтум карнайи худро навохт ва дар осмон овозҳои баланд шунида шуданд, ки мегуфтанд: «Подшоҳии ин дунё ба Подшоҳии Худованду Таъиншудаи Ӯ табдил ёфт. Ӯ абадан ҳукмронӣ хоҳад кард».

16 Бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ мешинанд, рӯ ба замин ниҳода ба Худо саҷда карданд

17 ва гуфтанд: «Худованд Худои Тавоно, Ҳамоне, ки буд ва Ҳамоне, ки ҳаст! Қувваи бузургатро намуда ошкор, Кардӣ ба подшоҳӣ шурӯъ! Аз ин Туро сипосгузорем!

18 Халқҳо омаданд ба хашм, Туро низ омад ғазаб! Вақт расид! Вақти ҳукми мурдагон. Вақти хизматгорону пайғамбаронат, Ҳам имондорони покат, Ки номат доранд эҳтирому иззат, Хурду калон ҳама гиранд ато! Ҳам харобкунандагони замин, Бигиранд зи Ту ҷазо».

19 Сипас, маъбади Худо дар осмон кушода шуд ва дар он сандуқи аҳду паймони Ӯ намудор гардид. Дар атроф раъду барқ мезад, овозҳо шунида мешуд, замин меҷунбид ва жолаи сахт меборид.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22