меню

Ваҳй 17 Боб


1 Сипас, яке аз ҳафт фаришта, ки ҳафт коса дошт, омада, ба ман гуфт: «Биё! Ман ба ту ҷазои фоҳишаи машҳурро нишон медиҳам, яъне ҷазои ҳамон шаҳрро, ки ба рӯйи дарёҳои зиёд бино ёфтааст.

2 Подшоҳони замин бо фоҳиша гуноҳҳои ҷинсӣ карданд ва сокинони замин майи гуноҳи ҷинсиашро нӯшида маст шудаанд».

3 Фаришта маро бо ёрии Рӯҳ ба биёбон бурд. Дар он ҷо занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии суп-сурх савор буд. Ҳайвони ваҳшӣ ҳафт сару даҳ шох дошт ва дар тамоми баданаш суханони ҳақоратомез навишта шуда буд.

4 Зан либоси шоҳонаи сурху бунафш пӯшида, бо тиллову сангҳои қиматбаҳо ва марворидҳо оро ёфта буд. Дар даст косаи тилло дошт, ки аз чизҳои нафратангезу ифлоси гуноҳҳои ҷинсиаш пур буд.

5 Дар пешонии вай номе навишта шуда буд, ки он сир аст: Бобили бузург, модари фоҳишагону чизҳои нафратангези замин.

6 Дидам, ки он зан хуни имондорони муқаддасу шоҳидони Исоро нӯшида маст шудааст. Аз дидани вай сахт ҳайрон шудам,

7 лекин фаришта ба ман чунин гуфт: «Барои чӣ ҳайрон шудӣ? Ман ба ту сирри онҳоро мекушоям, яъне сирри ҳайвони ваҳшии ҳафтсараву даҳшоха ва занеро, ки бар он савор аст.

8 Ҳайвон буд ва ҳоло нест. Аммо ба зудӣ аз ғори бепоён берун меояд ва баъд нобуд мешавад. Ҳама сокинони замин, ки номҳояшон аз замони бунёди дунё дар китоби ҳаёт навишта нашудаанд, ҳайвонро дида ҳайрон мешаванд. Зеро вай буд, ҳоло нест ва боз меояд.

9 Барои фаҳмидани ин хирад лозим аст. Ҳафт сар ҳафт кӯҳест, ки зан бар онҳо ҳукмронӣ мекунад.

10 Ҳафт сар ҳамчунин ҳафт подшоҳанд, ки панҷтояшон гузаштанд, шашумаш ҳаст ва ҳафтумаш ҳанӯз наомадааст. Ҳамин ки омад, дер намеистад.

11 Ҳайвоне, ки буд, вале ҳоло нест, подшоҳи ҳаштум аст. Вай аз қабили он ҳафт нафар буда, ба ҳалокат мерасад.

12 Даҳ шохе, ки дидӣ, даҳ подшоҳонанд, ки ҳоло подшоҳии худро надоранд, лекин бо ҳайвон ба як муддати кӯтоҳ қудрати шоҳона пайдо мекунанд.

13 Ин подшоҳон ҳама ҳамфикр буда, неруву қудрати худро ба ҳайвон месупоранд.

14 Онҳо бо Барра, яъне бо Исо ҷанг мекунанд ва Ӯ бар онҳо ғолиб меояд. Зеро Барра Сарвари сарварон ва Шоҳи шоҳон аст ва ҳамроҳонаш интихобшудагон ва вафодорон номида шудаанд».

15 Сипас, фаришта ба ман гуфт: «Обҳое, ки шаҳр бар онҳо бино ёфтаасту фоҳиша бар он ҳукмронӣ мекунад, халқҳо, тӯдаҳои мардум ва миллатҳову забонҳо мебошанд.

16 Ин даҳ шох ва ҳайвоне, ки дидӣ, фоҳишаро бад хоҳанд дид. Онҳо вайро хароб карда, луч хоҳанд монд ва ҷисмашро хӯрда месӯзонанд.

17 Зеро Худо ба дили онҳо андохтааст, ки қарори Ӯро иҷро намоянд, яъне ба ҳайвон якдилона қудрати шоҳии худро супоранд, то даме ки сухани Худо иҷро шавад.

18 Инак, зани дидаат шаҳри бузургест, ки бар ҳамаи подшоҳони замин ҳукмронӣ мекунад».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22