меню

Ваҳй 12 Боб


1 Дар осмон аломати бузурге намудор шуд. Инак, зане офтобро ҳамчун либос дар бар карда буд. Моҳ зери пойҳояш меистод ва дар сар тоҷе дошт, ки он аз дувоздаҳ ситора иборат буд.

2 Зан ҳомиладор буд. Ӯ таваллуд мекард ва аз дард фарёд мекашид.

3 Сипас, дар осмон аломати дигаре намудор шуд: аждаҳори бузурги аловгуне, ки ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар сарҳояш ҳафт тоҷи хурд буд.

4 Думи аждаҳор сеяки ситораҳоро аз осмон рӯфта, ба замин мепартофт. Аждаҳор дар пеши зан меистод, то ки кӯдаки ӯро дар баробари таваллуд шуданаш фурӯ барад.

5 Оқибат, зан писаре таваллуд кард ва кӯдак дарҳол аз пеши аждаҳор ба сӯйи Худову тахти Ӯ бурда шуд. Зеро ин кӯдак ҳама халқҳоро бо асои оҳанин ҳукмронӣ хоҳад кард.

6 Зан гурехта, ба ҷое рафт, ки Худо дар биёбон омода карда буд. Дар он ҷо ӯ ҳазору дусаду шаст рӯз нигаҳбонӣ карда шуд.

7 Дар осмон ҷанг сар зад. Фариштаи бузург Микоил бо фариштагонаш бар зидди аждаҳор меҷангид ва аждаҳор бо фариштагони худ ҳамлаи ҷавобӣ мегардонд.

8 Аммо зӯри аждаҳор нарасид ва ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ҷойи худро дар осмон аз даст дод.

9 Ин аждаҳори бузургҷусса мори қадимаест, ки иблис ва шайтон ном дошта, тамоми ҷаҳонро гумроҳ мекунад. Ӯ ҳамроҳи фариштагонаш ба замин афканда шуд.

10 Дар осмон овози баланде шунидам, ки мегуфт: «Инак, наҷот, қувват ва Подшоҳии Худои мову қудрати Таъиншудаи Ӯ фаро расид. Зеро айбдоркунандаи бародарону хоҳаронамон, ки онҳоро шабу рӯз дар пеши Худоямон сиёҳ мекард, ба зер афканда шуд.

11 Онҳо бо хуни Барра, ки ҳамон Исо аст ва бо каломи шаҳодат дар бораи Ӯ бар шайтон ғолиб омаданд. Зеро ҷони худро то дами марг дареғ надоштанд.

12 Шодӣ кунед, эй осмонҳо ва сокинони он! Аммо вой бар ҳоли баҳру замин, чунки шайтон бар шумо фуруд омад. Ӯ сахт хашмгин аст, зеро медонад, ки вақташ кам мондааст».

13 Аждаҳор чун фаҳмид, ки ба замин афканда шуд, занеро, ки писар таваллуд карда буд, пайгирӣ намуд.

14 Аммо ба зан мисли болҳои уқоб ду боли бузург дода шуд, то ба ҷое парвоз кунад, ки ба ӯ дар биёбон омода шуда буд. Дар он ҷо, ки аз ҳузури мор дур аст, ӯ сеюним сол нигаҳбонӣ карда шуд.

15 Аз ақиби зан мор аз даҳонаш обе ба мисли дарё сар дод, то ки занро ғарқ кунад.

16 Аммо замин даҳонашро кушода, дарёи аз даҳони аждаҳор баромадаро фурӯ бурд ва ҳамин тавр ба зан ёрӣ дод.

(17) Аждаҳор аз зан дар ғазаб шуда рафт, то ки бо фарзандони дигари зан биҷангад, яъне бо онҳое, ки фармонҳои Худоро ба ҷо меоранд ва дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд.

17(18) Инак, аждаҳор омада, дар соҳили баҳр истод.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22