меню

Ваҳй 4 Боб


1 Баъди ин чизҳо дар пешам дареро дидам, ки сӯйи осмон кушода буд. Сипас боз ҳамон овози шунидаам ба гӯш расид, ки мисли карнай садо медод. Овоз ба ман гуфт: «Ба ин ҷо баро ва Ман ба ту нишон медиҳам, ки минбаъд чӣ рӯй медиҳад».

2 Рӯҳи Худо дарҳол маро фаро гирифт ва дидам, ки дар осмон тахте гузошта шудааст ва бар он Худо нишастааст.

3 Ӯ монанди санги яшму ақиқ медурахшид ва гирдогирди тахташ рангинкамоне мисли санги зумуррад дурахшон буд.

4 Дар гирди тахташ бисту чор тахти дигар меистод ва бисту чор пири сафедпӯш бар онҳо менишастанд, ки ҳар яке бар сараш тоҷи тилло дошт.

5 Аз тахти Худо раъду барқ ғулғула мезад. Дар назди тахт ҳафт чароғи оташ месӯхт, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд.

6 Рӯ ба рӯйи тахт чизе ба мисли баҳре буд, ки ба санги софу шаффоф монандӣ дошт ва мисли шиша ҳамвор буд. Дар миёнаҷову гирдогирди тахти Худо чор махлуқи зинда буданд, ки аз пешу қафо чашмони зиёд доштанд.

7 Махлуқи якум мисли шер ва дуюм мисли барзагов буд. Махлуқи сеюм рӯйи одамӣ дошт ва чорум мисли уқоби парвозкунанда буд.

8 Ҳар махлуқ шаш бол дошт ва аз даруну берун пур аз чашм буд. Онҳо шабу рӯз беист такрор мекунанд: «Пок, Пок, Пок аст Худованд Худои Тавоно, Ҳамоне, ки буд, ҳаст ва меояд!»

9 Ҳангоме ки махлуқон ба Тахтнишин, яъне ба Худое, ки то абад зинда аст, ҳамду сано хонда, изҳори сипосу эҳтиром мекунанд,

10 бисту чор пир ба Худои Тахтнишин, ки то абад зинда аст, саҷда мекунанд ва тоҷҳои худро пеши тахти Худо гузошта, мегӯянд:

11 «Эй Худованду Худои мо! Ту лоиқи бузургӣ, иззат ва қудратмандӣ ҳастӣ, чунки ҳама чизро офаридӣ, бо хости Ту онҳо вуҷуд доранд ва офарида шуданд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22