меню

Ваҳй 20 Боб


1 Инак, дидам, ки фариштае аз осмон фуруд меомад. Дар дастони вай калиди ғори бепоён ва занҷири бузурге буд.

2 Он фаришта аждаҳор, яъне мори қадимаро, ки иблис ва шайтон аст, дошта ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд

3 ва ба ғори бепоён партофт. Баъд сари чоҳро маҳкам кард ва муҳр зад, то ки то ба охири ҳазор сол халқҳоро гумроҳ накунад. Дар охир вай бояд ба муддати кӯтоҳ озод карда шавад.

4 Сипас тахтҳо ва тахтнишинҳоро дидам, ки ба онҳо қудрати доварӣ кардан дода шуда буд. Ҳамчунин ҷонҳои одамонеро дидам, ки сарашонро аз тан ҷудо карда буданд, чунки онҳо вафодорона дар бораи Исо ба одамон нақл мекарданду каломи Худоро эълон менамуданд. Онҳо ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали вайро парастиш накарда буданд ва нишонаи вайро ба даст ё пешонии худ қабул накарданд. Онҳо зинда шуда, ҳазор сол бо Масеҳ подшоҳӣ карданд.

5 Ин зиндашавии якум аст. Мурдагони боқимонда бошанд, то охири ҳазор сол ба ҳаёт барнагаштанд.

6 Хушбахту муқаддас аст касе, ки дар зиндашавии якум ҳисса дорад! Марги дуюм бар онҳо қудрат надорад ва онҳо ҳамчун коҳин ба Худову Масеҳ хизмат карда, бо Исо ҳазор сол подшоҳӣ хоҳанд кард.

7 Пас аз гузаштани ҳазор сол шайтон аз зиндонаш озод карда мешавад,

8 то ки ба ҳар чаҳор гӯшаи замин рафта, халқҳоро, ки ба таври рамзӣ Ҷуҷ ва Моҷуҷ номида шудаанд, гумроҳ намояд ва онҳоро ба ҷанг ҷамъ оварад. Шумораи онҳо мисли реги лаби баҳр аст.

9 Онҳо ба паҳнои замин баромада, шаҳри дӯстдошта, яъне қароргоҳи халқи Худоро иҳота карданд, аммо аз осмон оташ борида, лашкарони онҳоро фурӯ бурд.

10 Шайтон, ки онҳоро гумроҳ мекард, ба кӯли оташу сулфур партофта шуд. Ба ҳамон ҷое, ки ҳайвони ваҳшӣ ва пайғамбари дурӯғин партофта шуда буданд ва онҳо шабу рӯз дар он ҷо абадӣ азоб мекашанд.

11 Сипас ман Худоро дидам, ки дар тахти бузурги сафед менишаст. Аз ҳузури Ӯ осмону замин гурехтанд ва нопадид шуданд.

12 Инак, мурдагонро дидам, ки хурду калон назди тахт меистоданд. Китобҳо кушода шуданд ва китоби дигаре кушода шуд, ки китоби ҳаёт аст. Мурдагон мувофиқи кирдорашон, ки дар китобҳо навишта шудааст, доварӣ шуданд.

13 Баҳр мурдагонеро, ки дар худ дошт, дод. Марг ва олами мурдагон низ мурдагонеро, ки дар худ доштанд, доданд ва ҳар кас мувофиқи кирдораш доварӣ шуд.

14 Баъд аз ин марг ва олами мурдагон ба кӯли оташ партофта шуданд. Кӯли оташ марги дуюм, яъне марги абадист.

15 Ҳар кас ки номаш дар китоби ҳаёт ёфт нашуд, ба кӯли оташ андохта шуд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22