Ваҳй 21 Боб
1 Сипас, осмону замини навро дидам, чунки осмону замини пешина нопадид гардида буданд. Баҳр низ дигар вуҷуд надошт.
2 Инак, шаҳри муқаддас – Уршалими навро дидам, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад. Шаҳр худро мисли арӯс барои шавҳари худ оро дода буд.
3 Аз ҷониби тахт овози баландеро шунидам: «Бубин! Ин хаймаи Худо дар байни одамон аст. Ӯ бо онҳо зиндагӣ мекунад ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд. Худи Худо бо онҳо ва Худои онҳо хоҳад буд.
4 Худо ҳар оби дидаро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард. Маргу мусибат, дард ва доду фиғон дигар нахоҳад буд, чунки чизҳои пештара нест шуданд».
5 Баъд Тахтнишин гуфт: «Бубин! Ҳама чизро аз нав мекунам». Боз гуфт: «Инро бинавис, чунки ин каломи боваринок ва ҳақиқат аст».
6 Ӯ суханашро давом дода ба ман гуфт: «Иҷро шуд! Ман Аввалину Охирин ва оғозу анҷоми ҳама чиз ҳастам. Ба ҳар ташна аз чашма оби ҳаётро ройгон медиҳам.
7 Ба шахси ғолиб ҳама чиз насиб хоҳад шуд. Ман барои вай Худо ва ӯ барои Ман фарзанд хоҳад буд.
8 Аммо сазои тарсончакон, беимонон, ҳаромкорон, одамкушон, онҳое, ки гуноҳи ҷинсӣ мекунанд, ҷодугарон, бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯён дар кӯли оташу сулфур хоҳад буд. Ин марги дуюм, яъне марги абадист».
9 Сипас яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирон доштанд, ба наздам омада, гуфт: «Биё, ба ту арӯсро нишон диҳам. Ӯ зани Барра, яъне зани Исо аст».
10 Инак, вай маро гирифта, ба воситаи Рӯҳи Худо ба кӯҳи баланди бузург бурд ва аз он ҷо ба ман шаҳри Уршалими муқаддасро нишон дод, ки аз осмон – аз ҷониби Худо фуруд меомад.
11 Шаҳр аз ҳузури Худо ҳамчун санги гаронбаҳо, мисли санги яшм медурахшид.
12 Он девори бузургу баланд ва дувоздаҳ дарвоза дошт. Назди дарвозаҳо дувоздаҳ фаришта меистоданд ва бар ҳар дарвоза номи яке аз дувоздаҳ қабилаи халқи Исроил кандакорӣ шуда буд.
13 Се дарвоза дар тарафи шарқ, се дарвоза дар тарафи шимол, се дарвоза дар тарафи ҷануб ва се дарвоза дар тарафи ғарб воқеъ буд.
14 Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дошт ва ҳар яки он як номи дувоздаҳ фиристодаи Барраро дошт.
15 Фариштае, ки бо ман гап мезад, барои чен кардани шаҳр ва дарвозаҳову девораш ченкунаки тилло дошт.
16 Шаҳр шакли чоркунҷа дошт ва дарозиву бари он баробар буд. Фаришта бо ченкунакаш шаҳрро чен кард. Инак, шаҳр дувоздаҳ ҳазор стадия (тақрибан 2 400 километр) дарозӣ дошт ва дарозиву бару баландиаш баробар буд.
17 Фаришта девори шаҳрро чен кард. Инак баландии девор мувофиқи ченаки одамӣ, ки фаришта истифода мебурд, саду чилу чор оринҷ (тақрибан 60 метр) буд.
18 Девор аз санги яшм, худи шаҳр бошад аз тиллои софи мисли шиша шаффоф сохта шуда буд.
19 Таҳкурсии девори шаҳр бо ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда буд. Таҳкурсии аввал бо санги яшм, дуюм бо ёқути кабуд, сеюм бо ақиқи сӯхта, чорум бо зумуррад,
20 панҷум бо ақиқи гулобӣ, шашум бо ақиқ, ҳафтум бо забарҷад, ҳаштум бо ёқути азрақ, нуҳум ёқути зард, даҳум бо ақиқи сабз, ёздаҳум бо гиасинт ва дувоздаҳум бо лаъли кабуд оро дода шуда буд.
21 Дувоздаҳ дарвоза – дувоздаҳ марворид буд, яъне ҳар дарвоза аз як марворид сохта шуда буд. Кӯчаи шаҳр аз тиллои софу мисли шиша шаффоф буд.
22 Дар шаҳр парастишгоҳе надидам, зеро Худованд Худои Тавоно ва Барра, яъне Исо Худ парастишгоҳи шаҳр хоҳанд буд.
23 Ба шаҳр нури офтобу моҳ даркор намешавад, чунки нури Худо шаҳрро равшан мекунад ва Барра чароғи он аст.
24 Халқҳо дар нури он зиндагӣ хоҳанд кард ва подшоҳони замин шаъну шавкати худро ба он ворид хоҳанд намуд.
25 Дарвозаҳои шаҳр рӯзона ҳеҷ гоҳ баста намешаванд ва дар он ҷо шаб нахоҳад буд.
26 Шаъну шавкати халқҳоро ба он шаҳр меоваранд.
27 Аммо ҳеҷ чизи нопок ва ҳеҷ каси бадкору фиребгар ба он дохил нахоҳад шуд, балки танҳо онҳое ки дар китоби ҳаёти Барра навишта шудаанд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22