Ваҳй 18 Боб
1 Баъди ин чизҳо фариштаеро дидам, ки бо қудрати бузург аз осмон фуруд меомад. Аз дурахши ӯ замин равшан шуд.
2 Вай бо овози пурзӯр фарёд карда гуфт: «Фурӯ рехт, фурӯ рехт шаҳри бузурги Бобил! Ба гурезгоҳи ҷину рӯҳҳои нопок, ба паноҳгоҳи ҳар гуна парандагони ифлосу ба макони ҳайвоноти нафратангез табдил ёфт.
3 Зеро ин шаҳр ҳамчун фоҳиша ба ҳамаи халқҳо майи пурзӯри гуноҳҳои ҷинсиашро нӯшонда, онҳоро маст кардааст. Шоҳони замин бо вай ҳамбистар шуданд ва савдогарони замин аз баднафсии ӯ сарватманд шуданд».
4 Сипас, аз осмон овози дигаре шунидам, ки мегуфт: «Халқи Ман, аз он берун ой, то ки дар гуноҳҳои ин шаҳр шарик набошӣ ва ба мусибате, ки барои вай пешбинӣ шудааст, гирифтор нагардӣ.
5 Зеро гуноҳҳояш то ба осмон зиёд шудаанд ва Худо ҷиноятҳояшонро дар ёд дорад.
6 Пас подоши ӯро диҳед, чунон ки вай медод. Барои ҳар кораш дучанд подош диҳед. Дар ҳамон косае, ки май омода мекард, ба вай дучанд май бидиҳед,
7 то ба андозае, ки худро бузург меҳисобиду айшу нӯш мекард, ранҷу азоб диҳед. Зеро дар дили худ чунин мегуфт: „Ман бева нестам, балки мисли малика менишинам ва ҳеҷ гоҳ мотам нахоҳам гирифт“.
8 Бинобар ин ҳамаи балоҳояш – марг, ғаму ғусса ва гуруснагӣ дар як рӯз ба сараш меоянд. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, чунки ҷазодиҳандааш Худованд Худои Тавоност».
9 Подшоҳони замин, ки бо вай гуноҳҳои ҷинсӣ ва айшу нӯш мекарданд, дуди сӯхторашро дида, ба ҳолаш фиғон мекашанд ва ба қафаси синаашон мушт мезананд.
10 Онҳо аз тарси азобаш дур истода мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, Бобили тавоно! Ҳанӯз соате нагузашта, ба ҳалокат расидӣ».
11 Савдогарони замин низ ба ҳоли вай гиряву нола мекунанд, чунки дигар касе нест, ки молҳояшонро харад,
12 яъне тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, марворид, матоъҳои катони маҳин, бунафшранг, шоҳӣ ва сурх ва ҳар гуна дарахтони хушбӯй ва чизҳои аз устухони филу чӯби қиматбаҳо сохташудаву биринҷӣ, оҳану мармар,
13 хушбӯйиҳои дорчин, ҳанут, лодан, моддаҳои хуштаъм, атриёт, май, равғани зайтун, орди хушсифат, гандум, гову гӯсфанд, аспу аробаҳои ҷангӣ ва ғуломон ба касе даркор нест.
14 Савдогарон мегӯянд: «Чизҳои дилхоҳат аз ту дур шуданд. Тамоми сарвату дабдабаат барбод рафт ва онро дигар нахоҳӣ ёфт».
15 Савдогароне, ки ҳамаи ин молҳоро ба аҳли шаҳр фурӯхта сарватманд шуданд, аз азоби ӯ тарсида худро ба канор мегиранд. Онҳо гиряву нолакунон
16 мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, ки либосҳои гаронбаҳои сурху бунафшро дар бар карда, бо гавҳару марвориду тилло худро оро дода будӣ.
17 Аммо соате нагузашта тамоми сарвати ту нобуд шуд». Ҳама сардорони киштӣ, киштинишинон, баҳрнавардон ва онон, ки кору борашон дар баҳр аст, дар дур меистанд.
18 Дуди сӯхторашро дида, «Оё замоне мисли ин шаҳри бузург шаҳре буд?» – гӯён фиғон мебардоранд.
19 Онҳо мӯйканон, гиряву нола мекунанд ва фарёд намуда мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, ки аз бойигарии зиёди ту ҳама киштидорони баҳр сарватманд шуданд! Аммо соате нагузашта, ба харобазор табдил ёфтӣ.
20 Эй осмон! Эй муқаддасону фиристодагону пайғамбарон! Шумо шодӣ кунед, чунки Худо онро ба хотири шумо ҷазо дод».
21 Сипас, як фариштаи тавоно санги калонеро, ки монанди санги осиё буд бардошта, ба баҳр партофт ва гуфт: «Шаҳри бузурги Бобил мисли ҳамин санги осиё фурӯ хоҳад рехт ва дигар бунёд нахоҳад шуд.
22 Садои торнавозону сарояндагон ва навои наю карнайнавозон аз ту дигар ба гӯш нахоҳад расид. Дигар ягон касбу ҳунар ё ҳунарманде дар ту нахоҳад монд. Садои гардиши сангҳои осиё дигар аз ту шунида нахоҳад шуд.
23 Нури чароғ шаҳри Бобилро дигар равшан нахоҳад кард ва овози домоду арӯс аз он дигар ба гӯшҳо нахоҳад расид, чунки савдогаронаш мирони замин буданд ва он бо сеҳру ҷодуҳояш халқҳои тамоми ҷаҳонро гумроҳ намуд.
24 Дар кӯчаҳоят хуни пайғамбарону имондорони муқаддас ва ҳамаи кушташудагони рӯйи замин ёфт шудааст».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22