меню

Ваҳй 3 Боб


1 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Сардис бинавис: «Он ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: „Ман корҳои туро медонам. Ту гӯё зиндаӣ, лекин дар асл мурда ҳастӣ.

2 Мебинам, ки дар назари Худои Ман корҳоят комил нестанд. Бедор шав ва он чиро, ки боқӣ мондааст, устувор гардон, чунки он дар дами марг аст.

3 Бинобар ин чизҳои қабулкардаву шунидаатро ба ёд ор ва ба он итоат намуда, тавба бикун! Агар ҳушёр нашавӣ, Ман барои ҷазо додан мисли дузд ногаҳон ба сарат меоям ва вақту соати омаданамро нахоҳӣ донист.

4 Бо вуҷуди ин дар Сардис назди ту якчанд касон ҳастанд, ки либоси худро доғдор накарданд ва онҳо бо Ман либоси сафед дар бар намуда, мегарданд, чунки лоиқи ин ҳастанд.

5 Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, либоси сафед мепӯшад ва Ман номи ӯро аз китоби ҳаёт ҳаргиз кӯр намекунам, балки номашро дар ҳузури Падари Худ ва фариштагони Ӯ хоҳам хонд.

6 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“»

7 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Филоделфия бинавис: «Ҳамоне ки Пок ва Ҳақ аст, мегӯяд: „Ҳамоне ки калиди шоҳ Довудро, яъне қудрати подшоҳӣ дорад ва чун дарро кушояд, ҳеҷ кас онро пӯшида наметавонад ва пӯшад, ҳеҷ кас онро кушода наметавонад.

8 Ман корҳои туро медонам. Нигар, пеши ту даре кушодаам, ки ҳеҷ кас онро пӯшида наметавонад. Медонам, ки ба қуввати ками худ нигоҳ накарда, ба каломи Ман итоат кардӣ ва аз номи Ман рӯй нагардондӣ.

9 Одамоне аз ҷамоати шайтон ҳастанд, ки худро яҳудӣ меноманд, лекин дар асл чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд. Бин, Ман онҳоро водор мекунам, ки омада, ба пеши пойҳои ту саҷда кунанд. Сипас хоҳанд донист, ки Ман туро дӯст медорам.

10 Азбаски ба сухани Ман гӯш дода, тоқат кардӣ, Ман низ туро аз замони санҷиш, ки барои имтиҳони ҳамаи сокинони замин ба дунё меояд, халос мекунам.

11 Ман ба зудӣ меоям. Он чиро, ки дорӣ, нигоҳ дор, то касе тоҷатро, яъне мукофотатро нагирад.

12 Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, ӯро дар маъбади Худои Худ мисли сутун ҷо хоҳам кард, ки ҳаргиз ронда нахоҳад шуд. Ман бар ӯ номи Худои Худ ва номи шаҳри Худои Худ, яъне Уршалими навро хоҳам навишт. Ин шаҳр аз ҷониби Худои Ман – аз осмон фуруд меояд. Ҳамчунин, номи нави Худро низ бар ӯ хоҳам навишт.

13 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“»

14 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Лоудикия бинавис: «Ҳамоне, ки номаш Омин, яъне шоҳиди вафодору ростӣ ва пешвои офаридаҳои Худост, чунин мегӯяд:

15 „Ман корҳои туро медонам. Ту на гарм ҳастиву на хунук. Кошки ё хунук мебудӣ ё гарм.

16 Азбаски на гарму на хунук, балки ширгарм ҳастӣ, туро аз даҳони Худ қай мекунам.

17 Ту мегӯйӣ: «Ман бой ҳастам, сарвати зиёд ҷамъ кардам ва ба чизе муҳтоҷ нестам», аммо намедонӣ, ки ту ночиз, бечора, қашшоқ, кӯр ва луч ҳастӣ.

18 Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ софшударо бихарӣ, то ки бой шавӣ. Аз Ман либоси сафед бихар, то ки шармандагии лучиатро бипӯшӣ. Боз аз Ман марҳам харида, ба чашмонат бимол, то ки бино шавӣ.

19 Ҳар киро дӯст дорам, сарзаниш ва тарбия мекунам. Пас саъю кӯшиш намо ва тавба кун!

20 Инак, назди дар истода тақ-тақ мекунам! Касе овози Маро шунида, дарро кушояд, даромада, бо ӯ хӯрок мехӯрам ва ӯ бо Ман.

21 Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, иҷозат медиҳам, ки бо Ман бар тахтам нишинад, чунон ки Ман бар бадӣ ғолиб омадам ва бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.

22 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22